Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе роҳпаймоии "Полки абадӣ" баргузор шуд. ВИДЕО, АКС


Даҳҳо сокини шаҳри Душанбе бо акси падарону бобоҳои худ дар роҳпаймоии "Полки абадӣ" иштирок карданд. Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти Тоҷикистон эълон карда буданд, ки ба ин роҳпаймоӣ иҷоза дода намешавад ва ин тасмим баҳси зиёдро дар матбуоти дохиливу русӣ барангехт.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Дар Душанбе роҳпаймоии "Полки абадӣ" баргузор шуд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:57 0:00

Иштирокдорони "Полки абадӣ" бо шиор ва аксҳои ширкатдорони Ҷанги Ҷаҳонии Дувум аз Майдони Ғалаба (маҳаллаи маъруф ба "Танки ёдгорӣ") дар маркази Душанбе то​ Боғи Ғалаба раҳпаймоӣ карданд.

Шавкат Мирзоев, раиси Иттиҳодияи ҷанговарони собиқадори Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин раҳпаймоӣ ҳудуди 500 нафар ширкат доштанд ва аз назди Майдони Ғалаба то Боғи Ғалаба тариқи роҳҳои пиёдагард омаданд ва ба ҳаракати сокинон ва нақлиёти шаҳрӣ халале нарасонданд. Шавкат Мирзоев афзуд, ки шаҳрдории Душанбе ин раҳпаймоиро манъ накарда, балки онро ба баргузории дигар чорабиниҳо бахшида ба рӯзи 9-уми май дар Боғи Ғалаба, рабт дода буд.

Аксҳо аз раҳпаймоии "Полки абадӣ" дар Душанбе:

Паради ҳарбӣ, арзишҳои исломӣ ва ҷанбаъҳои дигар...

Раҳпаймоии "Полки абадӣ" дар ҳоле баргузор шуд, ки чанд рӯз қабл мақомоти тоҷик эълон карда буданд, ин аксия ба далели "фаннӣ" баргузор намешавад ва сабабаш ин аст, ки мақомот баробар бо ташкили Паради ҳарбӣ дар Боғи ғалаба имкони танзими боз як маъракаи серҷамъиятро надоранд. Вале баҳси аслиро дар матбуот, бахусус матбуоти русӣ шарҳи хабаргузории расмии “Ховар” эҷод кард, ки шоми 4 май дар вебсайташ дар ин замина аз ҷумла навишт, ки ба хиёбонҳо бо акси фавтидагон баромадани мардум хилофи арзишҳои исломию мазҳабӣ мебошад.

Ин изҳорот вокуншиҳои мухталифро ба бор овард. Аз ҷумла, Андрей Суздалcев, муовини декани факултети иқтисоди ҷаҳонии институти Мактаби олии иқтисодӣ ба хабаргузории Рамблер гуфтааст, ки “тасмими Тоҷикистон талоши дур шудан аз умумиятҳои гузаштаи шӯравӣ аст, ки ба иддаои ӯ, давоми ду даҳсолаи охир ба идеологияи ҳукумати Тоҷикистон табдил шудааст”.

Дар пай бархе намояндагони сохторҳои давлатии Тоҷикистон ҳам аз баргузор нашудани раҳпаймоӣ ҳимоят карданд. Аз ҷумла, Худойбердӣ Холиқназаров, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон низ чанд рӯз қабл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баргузор накардани роҳпаймоии "Полки абадӣ" ҷанбаи сиёсӣ надошта ва танҳо ба далели таъмини бехатарии ширкаткунандагон рӯи даст гирифта шудааст. Оқои Холиқназаров аз расонаҳо даъват кард, ки ба ин мавзӯъ "доман" назананд ва дар атрофи ин мавзӯъ ба гуфтаи ӯ, "ҳангомасозӣ" накунанд.

Таассуфи сафири Русия

Аммо Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон аз иҷоза надодани раҳпаймоии "Полки абадӣ" дар Душанбе изҳори таассуф карда буд. Вай рӯзи 5 май дар ҳошияи як нишаст ба муносибати Рӯзи Ғалаба, ки дар Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон доир шуд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "аз он, ки ин чорабинӣ дар Тоҷикистон баргузор намешавад, мутаассиф ҳастам. Ба ҳар сурат ман бовар дорам, ки дар арафаи Ҷашни Ғалаба барои баргузории амалиёти “Полки абадӣ” иҷозат мешавад. Зеро ин тадбири сиёсӣ набуда, танҳо поси хотири қурбониёни ҷанг, падару бобо ва бобокалонҳои мо аст».

“Полки абадӣ” (“Бессмертный полк”) аз соли 2011 дар Русия ва бархе аз кишварҳои дигар бо нияти поси хотири қурбониёни Ҷанги Дувуми Ҷаҳон бо ширкати ҳазорҳо собиқадорони ҷанг ва сокинони оддӣ баргузор мешавад. Ҳар хонаводае, ки наздиконашон дар ҷангҳои солҳои 1941-1945 иштирок кардаанд, рӯзи 9 май бо акси калони онҳо ба кӯча баромада, хотири гузаштагонро гиромӣ медоранд. Соли гузашта дар Боғи Ғалабаи Душанбе ҳам бархе аз сокинон бо акси бобоҳои худ зоҳир шуда, бо ин роҳ барои корнамоиҳои азизонашон сипосгузорӣ карда буданд.​

XS
SM
MD
LG