Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, барои пешгирӣ аз боло нарафтани нархҳо дар моҳи Рамазон, иқдомҳои ҷиддиро рӯи даст гирифтааст ва бояд нархҳо дар ин моҳ боло нараванд. Масъулини шаҳрдорӣ мегӯянд, маҳсулотҳои зарурӣ дар бозорҳо таъмин аст ва бовар доранд, ки нархи маҳсулоти ниёзи аввалия гарон нахоҳад шуд. Болоравии нарх дар моҳи шарифи Рамазон аз мушкилиҳои аслӣ дар пойтахти Тоҷикистон ном бурда мешавад.
Ҳар сол дар остонаи моҳи шарифи Рамазон нархи маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон, бахусус, гӯшт боло рафта, боис ба нигаронии сокинон мешавад. Дар гузашта шаҳрдории Душанбе барои дар як сатҳ нигоҳ доштани нархҳо талош карда буд, вале ба қавли сокинон ба ҷое нарасид.
Мустафо Шоталов, сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе рӯзи 16-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, барои гарон нашудани нарх дар бозорҳо аз тамоми чораҳо кор мегиранд. Аз ҷумла ба қавли Шоталов, дар аксари минтақаҳои пойтахт ярмаркаҳои маҳсулотҳои ниёзи аввал ташкил шудаанд. Ин масъули шаҳрдори Душанбе мегӯяд, ба хотири боло нарафтани нархи гӯшт, худи бозорҳо ба харидорон гӯшти арзон пешниҳод кардаанд.
Дар шаҳрдории Душанбе мегӯянд, дар пойтахт барои ҳар минтақаи Тоҷикистон ҷойҳо ҷудо шудааст ва сокинони деҳот дар ин маконҳо маҳсулоти арзон оварда ба сокинони пойтахт мефурӯшанд. Мустафо Шоталов, масъули бахши савдои шаҳрдорӣ мегӯяд, ҳамроҳ бо вакилони шаҳрӣ бо савдогарон вохӯрӣ гузаронда, аз он тақозо карданд то беасос нархро боло набаранд.
Шаҳрдори Душанбе дар ҳоле мехоҳад аз гароншавии маҳсулот дар моҳи Рамазон ҷилавгирӣ кунад, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ аз тоҷирон хост, ки нархи молу маҳсулотро боло бурда, мардумро ба мушкил рӯбарӯ накунанд. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12-уми май дар мулоқот бо рӯҳониён ва зиёиҳо гуфт, дар ҳоле ки дар аксар кишварҳои мусалмонӣ ба хотири савоб дар Рамазон нархро поин мекунанд, дар Тоҷикистон, баръакс, нархҳо рӯ ба боло меравад.
"Ярмаркаҳо маҳсулотҳои пастсифат пешниҳод мекунад"
Ярмаркаҳо барои фурӯши маҳсулотҳои арзон дар бозорҳои Душанбе тоза шурӯъ шудааст. Аммо сокинон мегӯянд, маҳсулотҳои пешниҳодшуда дар ин ярмаркаҳо талаботи онҳоро қонеъ намекунад. Ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, маҳсулотҳое, ки дар ярмаркаҳо пешниҳод мешаванд, сифати баланд надорад.
"Масалан картошкае, ки дирӯз дар ярмарка дидам, бисёр хурд аст ва қобили хурдан нест. Ё помидорашон сифаташ паст аст. Нархашон ҳам аз нархи бозор зиёд фарқ намекунад, танҳо 10-20 дирам арзон аст. Беҳтар аст 10-20 дирам монда, маҳсулоти хубтар харидорӣ кунам",-гуфт як сокини Душанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.
Ҳар сол дар остонаи моҳи шарифи Рамазон нархи маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон, бахусус, гӯшт боло рафта, боис ба нигаронии сокинон мешавад. Дар гузашта шаҳрдории Душанбе барои дар як сатҳ нигоҳ доштани нархҳо талош карда буд, вале ба қавли сокинон ба ҷое нарасид.
Моҳи шарифи Рамазон имсол дар Тоҷикистон рӯзи 17-уми май фаро мерасад. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон борҳо хостааст, ки мардуми доро дар ин моҳ ба камбизоатон ёрӣ карда, закоти молашонро низ ба дармондаҳо бидиҳанд.