Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархҳо дар Тоҷикистон "девона" ва харидор "бозоргурез" шудааст. ВИДЕО


Бозори "Панҷшанбе" дар шаҳри Хуҷанд.
Бозори "Панҷшанбе" дар шаҳри Хуҷанд.

Нархи гӯшт ва сабзавот, ки баъди моҳи Рамазон авоили моҳи ҷорӣ дар Хуҷанд каме поин рафта буд, ҳоло дар бозорҳои ин шаҳр аз нав боло рафтааст. Мардуми оддии Хуҷанд гӯшту сабзавот ва дигар маводи ғизоиро бештар аз бозори "Панҷашанбе" харидорӣ мекунанд, зеро қимати маҳсулот дар ин бозор назар ба дигар фурӯшгоҳу мағозаҳо, арзонтар аст.

Ҳоло дар бозори "Панҷшанбе" як килограм гӯшти гӯсфанд - 48, гӯшти гов - 35, картошка 4-5 ва сабзӣ 3-4 сомонӣ аст. Зимнан, дастрастарин маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои Суғд бодиринг аст, ки нархи 1 килои он ба 1,5-2 сомонӣ баробар мебошад.

Масъулони Идораи кишоварзии Суғд боло рафтани нархи гӯшт ва картошкаву сабзиро ба номусоид омадани боду ҳавои баҳору тобистони имсола, марбут медонанд.

Зарифҷон Ёқубов, як ронанда аз шаҳри Хуҷанд, ки барои харид ба бозори "Панҷшанбе" омада буд, бо халтаи нимахолӣ бармегашт. Ӯ мегӯяд, оилааш аз 5 нафар иборат аст ва 600 сомонӣ моҳона мегирад ва ҳоло ҳайрон аст кадом ашёи заруриро харидорӣ намояд: "Дар бозор қиматӣ аст. Ин маоше, ки мегирам, барои хариди хӯрокворӣ барои як ҳафта мерасаду бас."

Нархи картошка ва сабзӣ дар Хуҷанд як сол қабл дар чунин шабурӯз ду баробар арзон буд. Холмаҳмад Назармаҳмадзода, деҳқоне аз ноҳияи Деваштич, ки ҳосили нави 1,5 гектар замини картошкашро дар бозори "Панҷшанбе" ба фурӯш баровардааст, мегӯяд, "имсол боду ҳаво пасту баланд омад. Барои ҳамин, ҳосил камтар шуд. Соли гузашта аз 1,5 гектар 450 сентнер ҳосил гирифта будем, имсол 230 сентнер. Барои ҳамин, нархи картошка баландтар шуд.”

"Ҷаҳиш"-и нархҳо дар бозорҳои Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:56 0:00

Дар растаҳои гӯштфурӯшии бозори "Панҷшанбе", гӯштҳои гову гӯсфанд фаровон буд, вале харидорон камтар ба назар мерасиданд. Камолҷон Ҳайдаров, яке аз гӯштфурӯшон гуфт, ки боло рафтани қимати гӯшт дар рӯзҳои ахир, шумораи харидоронро кам кардааст.

Вай гуфт, "мол қимат шуд. Ғайр аз ин, моли фарбеҳ камёб аст. Ба сабаби дер омадани баҳору гармиҳои ҳафтаҳои ахир, молҳо вазн намегиранд. Барои ҳамин, нархи гӯшт баландтар шуд. Аммо агар гӯшт арзон шавад, ба мардум беҳбудӣ мешавад, харидори моли мо ҳам бисёр мешавад.”

Мусоҳибам гуфт, болоравии нархи гӯшт муваққатист ва умедвор аст бо таъмин шудани бозор бо гӯшт, нархҳо поинтар хоҳанд рафт. Чизе, ки дар бозорҳои Тоҷикистон тақрибан дида нашуда ва нархҳои болорафта дубора поин нарафтааст.

Масъулони Идораи кишоварзии Суғд боло рафтани нархи гӯшт ва картошкаву сабзиро ба номусоид омадани боду ҳавои баҳору тобистони имсола, марбут медонанд. Ҳамчунин, ба қавли масъулони бахши кишоварзӣ, гӯшт ва сабзавот аз вилояти Суғд ба кишварҳои ҳамсояи Узбакистону Қирғизистон ва Русия умдатан бо роҳи қочоқ, содир мешавад.

Хайрулло Бобозода, як масъули сарраёсати кишоварзии Суғд, афзуд, "дар ҳудуди вилояти Суғд ҳудуди 40 гузаргоҳи ғайрирасмӣ мавҷуд аст, ки тавассути он тоҷирон метавонанд нисбатан озодона молу маҳсулоти кишоварзиро ба таври қочоқӣ ба қаламрави Қирғизистон интиқол диҳанд. Назорат кардани ин гузаргоҳҳо ва ҷилавгирӣ аз содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ғайриимкон аст. Ғайр аз ин, Тоҷикистон узви Созмони ҷаҳонии савдо аст ва мо наметавонем сокинонро аз содироти қонунии маҳсулоташон, манъ кунем."

Ҷаноби Бобозода гуфт, вале бо ин вуҷуд, ҷиҳати таъмини бозорҳои дохилӣ бо гӯшт ва меваю сабзавоти худӣ чораву тадбирҳое роҳандозӣ мекунанд, ки браргузории намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, яке аз онҳост. Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, имсол замини кишти картошка назар ба порсола ҳудуди 800 гектар зиёдтар аст ва то моҳи август ҳосили нав ба бозор ворид шуда ва нархҳо поин хоҳанд рафт.

XS
SM
MD
LG