Ба думболи фавт ва дафни шубҳабарангези яке аз додситонҳои ҷавони тоҷик вазорати тандурустӣ бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, илтиҳоби шуш сабаби марги Ҷалолиддин Абдуҷабборзода шудааст, на коронавируси нав.
Дар баёнияи вазорат рӯзи 20-уми апрел омадааст: “Ҷалолиддин Абдуҷабборзода, бо ташхиси бемории зукоми А (H1N1) илтиҳоби дутарафаи шуш фавтида, дар ӯ ҳеҷ нишонае аз коронавирус ба қайд гирифта нашуд.”
Вазорат мегӯяд, ки беморро пеш аз ҳама барои маълум кардани коронавируси нав ташхис карданд, вале натиҷаҳои озмоиш нишон додааст, ки ӯ ба бемории КОВИД-19 мубтало нест. Cардори шӯъбаи назорати милитсия дар додситонии шаҳри Душанбе рӯзи 15-уми апрел бемор шудааст ва дар ин муддат ӯро аз як шифохона ба шифохонаи дигар бурдаанд. Ба гуфтаи вазорат, Ҷалолиддин Абдуҷабборзодаро рӯзи 16-уми апрел ба сабаби якбора бад шудани сиҳатиаш ба Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии Душанбе бурдаанд ва дар онҷо ташхис нишон додааст, ки ӯ “илтиҳоби дутарафаи шуш, зукоми А ва фарбеҳии дараҷаи 3” дорад.
Дар баёнияи вазорат омадааст, ки истифодаи дастгоҳҳои сунъии нафасдиҳӣ низ имкон надодааст, ҷони додситони 38-соларо наҷот бидиҳанд. Мақомоти вазорат гуфтаанд, ки барои эҳтиёт тамоми хешовандони Ҷалолиддин Абдуҷабборзода барои муоинаи доимӣ дар карантин нигаҳ медоранд ва “вазъи саломатии онҳо хуб мебошад.”
Фавти ногаҳонӣ ва дафни шитобкорона
Фавти ногаҳонии додситонии ҷавон, ки ба гуфтаи дӯстону наздиконаш “сиҳату хуб” буд ва дафни шитобкоронаи ӯ дар рӯзи 19-уми апрел боиси ҳайрати атрофиён ва шубҳаву гумонҳо дар бораи эҳтимоли сирояти коронавирус шуд. Бо вуҷуди онки мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар кишвар ҳеҷ мавриди сирояти коронавируси нав сабт нашудааст, вале хабари марги ҳар нафар ва дафни шитобкорона сокинонро нигарон мекунад.
Рӯзи 19-уми апрел яке аз хешовандони Ҷалолиддин Абдуҷабборзода ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳангоми маросими видоъ ва ҷаноза, “аз эҳтиёт касе рӯи тобутро боз накард. Тобутро бо мошини ёрии таъҷилӣ ба хона оварданд ва бо ҳамон то гӯристон бурданд.” Яке аз кормандони Додситонии кулли Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҷалолиддин Абдуҷабборзода ҳафтае пеш бемор будааст ва ба ӯ гуфтаанд, ки “барои эҳтиёт дар карантин бошад” вале ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ ҳеҷ гуна суҳбате дар бораи коронавирус набуд. Айни замон ба қавли як мусоҳиби дигари Радиои Озодӣ Ҷалолиддин Абдуҷабборзода, “бисёр фарбеҳ буд ва зоҳиран беморие дошт.”
Аммо як зане, ки шавҳараш дар бемористон ҳамроҳ бо корманди додситонӣ бистарӣ будааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, шавҳарашро, ки бо Ҷалолиддин Пиров ба сабаби нафастангӣ ва сулфаи сахт ба шифохонаи “Истиқлол” бурданд. Як табиби ин бемористон мегӯяд, ҳама ҳампалатаҳои Ҷалолиддин Абдуҷабборзода карантин шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар кишвар ягон мавриди сирояти КОВИД-19 сабт нашудааст, ҳарчанд марги чанд нафар аз бемории илтиҳоби шуш дар чанд вақти ахир шубҳаву гумонҳо дар бораи баёнияҳои мақомоти расмиро афзудааст.
Вокуниш ба нигарониҳо?
Сару садо ва изҳори шубҳаву гумон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳадде расид, ки вазорати тандурустӣ рӯзи 17-уми дар ҷаласаи ситоди мубориза бо коронавируси нав фавту ва гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шушро баррасӣ кард. Дар баёнияи вазорат омадааст, ки “Дар идомаи ҷаласа фавт ва гирифторшавии шаҳрвандони мамлакат бо бемории илтиҳоби шуш дар чанд рӯзи охир, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси сар задани ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ дар робита ба он, ки гӯё ин нафарон гирифтори сирояти коронавирус мебошанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.”
Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфтааст, вазъи номусоиди ҳаво дар чанд рӯзи охир ба саломатии шаҳрвандон таъсири манфӣ расонд ва “аз ин рӯ, якбора гирифторшавӣ ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, аз ҷумла илтиҳоби шуш зиёд ба мушоҳида расид.”
Дар баёнияи вазорат омадааст, ки танҳо дар вилояти Суғд дар се моҳи имсол 15 нафар аз илтиҳоби шуш фавтидаанд. Дар баёнияи дигари вазорат аз рӯзи 18-уми апрел омадааст, ки Галина Перфилева, раҳбари дафтари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон дар як семинаре дар Душанбе бо ҳузури хабарнигорон гуфтааст, ки дар кишвар ягон мавриди сирояти бемории КОВИД-19 сабт нашудаааст.
Ӯ доир ба сатҳу сифати озмоишгоҳе, ки дар Тоҷикистон ба ташхиси сирояти коронавирус машғул аст, гуфтааст “савияи дониши мутахассисони он ва сифати ташхиси беморӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад, зеро ҳар як ташхиси онҳо аз тарафи вазорати тандурустӣ ва Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ пешниҳод карда мешавад.”
Дар ин баёния омадааст, ки то 16 апрели соли равон дар ин озмоишгоҳ 2317 ташхис анҷом дода шудааст, ки 440-тои он такрорӣ мебошанд. Ба қавли вазорат, дар чанд вақти ахир ташхиси онҳое, ки ба илтиҳоби шуш гирифтор шуда, фавтидаанд, нишон додааст, ки сабаби марги онҳо ҳамин беморӣ, ва на КОВИД-19 мебошад. Азбаски дар расонаҳои Тоҷикистон худсензура зиёд аст ва мақомот доир ба масоили муҳим иттилоро пинҳон медоранд, шубҳа ба ҳар баёнияи онҳо зиёд аст.