Пайвандони Озарахш (Толиб Каримов), шоири шинохта ва сармуҳаррири маҷаллаи "Паёми Суғд", гуфтанд, ки ӯ субҳи 21-уми апрел, пас аз чанд рӯзи беҳушӣ, ба худ омадааст. Пизишкони бемористони Шайх Бурҳон бемории ӯро илтиҳоби шуш ё пневмония ва ҳамсараш, шоираи маъруф Фарзонаро сармохӯрдагӣ ташхис кардаанд.
Озарахш ва Фарзонаро, ба гуфтаи наздикону ҳамсоягонашон, рӯзи 15-уми апрел ба шифохонаи ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои муоина ва муолиҷа бурдаанд.
Фараҳманд Каримов, додарзодаи Озарахш, 21-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, “субҳи имрӯз чашмонашонро кушода, моро хурсанд карданд". "Озарахш ба хӯрок хӯрдан оғоз карданд. Субҳи имрӯз барояшон хӯрок оварда буданд, ин ҳолат моро андаке ором кардааст. Ҳоло бубинем, чӣ хоҳад шуд", - илова кард ӯ.
Қабл аз суҳбат бо наздикони онҳо, бархе аз манобеъ, гуфтанд, ки аз вазъи саломатии Озарахш дар ташвишанд, “зеро ҳанӯз ба худ наомада ва зери дастгоҳи нафаскашии сунъӣ қарор дорад”.
Фарзона ду рӯз пеш ба яке аз наздиконашон гуфтааст, вазъи Озарахш начандон хуб аст, чунки бар замми илтиҳоби шуш ба бемории қанд ҳам гирифтор будааст. Аҳмадҷони Раҳматзод, раиси бахши Иттиҳоди адибони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, рӯзи сешанбе гуфт, “бо Фарзона суҳбати телефонӣ доштам, ҳоли ӯ хуб аст, вале Озарахш нотоб аст”.
Қаблан мақомоти тандурустӣ дар вилояти Суғд зикр карданд, ки Озарахш, шоири тоҷикро бо аломатҳои бемории роҳҳои нафас бистарӣ карданд ва ба ҳамсараш Фарзона адибаи маъруф иҷоза додаанд, ки ҳамроҳаш дар шифохона бимонад.
Маъруфҷон Ҳоҷибоев, муовини сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд, 21-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳангоми бемории пневмония баъзан норасоии нафас шуданаш мумкин аст. Ҳоло вазъияташон беҳтар аст. Кислороди тоза дода истодаем. Ҳавои тоза мегиранд. Имрӯз нисбатан беҳтар ҳастанд."
Ҳоҷибов дар посух ба суоли ин ки эҳтимол кай шоири маъруфи тоҷик ба ҳолати маъмулӣ бармегардад, гуфт, замони дақиқеро ном бурда наметавонад, чун бадани ҳар инсон ва қувваташ гуногун аст.
"Саломатии инсон мотор ё дастгоҳе нест, ки онро иваз кунед ва бензин резеду ба ҳаракат дароред. Ҳоло муолиҷа мегиранд", - изофа кард ӯ.
Озарахш 57-сола аст ва аз соли 2015 ба ин сӯ сардабири маҷаллаи расмии "Паёми Суғд" мебошад. Соли 1999 узви Иттиҳоди адибони Тоҷикистон шуда, соли 2019 унвони шоири халқии Тоҷикистонро гирифт. Муаллифи маҷмӯи шеърҳои "Аз чашмасор омадам", "Намози мусофир", "Чархболи Офтоб", “Девони Ишқ” ва “Ватаннома” аст.
Фарзона 56-сола аст. Аз соли 1989 узви Иттиҳоди адибон ва аз соли 1995 шоири халқии Тоҷикистон. "Тулӯи хандарез”, “Шабохуни барқ”, “Ояти ишқ”, “Қатрае аз Мӯлиён”, “Сӯзи нотамом” ва “Муҳри гули мино” аз ҷумлаи китобҳои ӯст.