“Паёми ниёгон” - силсилаашъори шоираи тоҷик Фарзонаро дар арафаи соли
нави масеҳӣ Фарзон Машарифов, ровии ҷавон таҳти ҳамин унвон ва ба шакли
моноспектакл рӯйи саҳна овард.
Нахустнамоиши “Паёми ниёгон”, силсилаи ашъори дилошӯб ва шӯрангези
Фарзона дар посух ба ашъори 7 шоири классики тоҷик: аз Рӯдакӣ то Камоли
Хуҷандӣ, ахиран дар толори Қасри ҷавонони Хуҷанд тақдими дӯстдорони шеър
адаб гардид.
Фарзона (Иноят Хоҷаева) аз маъруфтарин чеҳраҳои шеъри муосири тоҷик аст, ки бо ҳамсари низ шоираш Озарахш дар Хуҷанд ба сар мебарад. Ӯ ҳанӯз дар солҳои 80 бо ҳидояти Лоиқ Шералӣ пой ба майдони адабиёт ниҳод ва мухлисонаш Фарзонаро бахусус дар гуфтани шеърҳои лирикии ошиқона ва тасвири зебоиҳои табиат забардаст меҳисобанд.