Дидани маросими дафни ҳамсар аз навори видеоӣ, танҳо мондани чаҳор кӯдаки ноболиғ дар кишвари бегона ва баста будани марзҳо фоҷеаи зиндагии як муҳоҷири тоҷики муқими Русия аст ки бо сабаби карантин ва баста будани роҳҳо дар Тоҷикистон дармондааст.
Се рӯзи пеш Гулшан Нурматова ҳамсари муҳоҷири тоҷик Дилшод Нурматов дар шаҳри Химки бар асари бемории гурда даргузашт ва ҷасади ӯро дар яке аз қабристонҳои Русия дафн карданд. Чаҳор фарзанди онҳо ки хурдияш ҳамагӣ бистрӯза аст дар ин кишвари мусофират танҳо мондаанд. Ин муҳоҷири тоҷик рӯзи 7-уми май дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт азбаски натавонист, дар ҷанозаи ҳамсараш ширкат кунад, танҳо аз тариқи навори видеоӣ, ки яке аз пайвандон барояш фиристод бо модари бачаҳояш видоъ гуфт.
Баъди оғози пандемияи COVID-19, Тоҷикистон аз нимаҳои моҳи март ва Русия аз он пештар парвозҳои байналмилалиро қатъ карданд. Равуои муҳоҷирон манъ шуд ва чандин нафар ночор хешу пайвандонашонро онҷо дафн карданд. Дилшод Нурматов мегӯяд, соли гузашта як фарзандашонро аз даст дода буданд ва ӯ нимаҳои моҳи марти имсол барои дидорбинии волидон барои даҳ рӯз ба Тоҷикистон омад. Аммо ба сабаби баста шудани марзҳо дармонд. Падари чаҳор фарзанд мегӯяд, ҳеч гоҳ тасаввур намекард, ҳамсараш ҳангоми сафари ӯ ва дар чунин шароит мефавтад ва якбора чаҳор кӯдак танҳо мемонанд.
Сафаре, ки Дилшодро якумрӣ аз дидори ҳамсар маҳрум кард
Ӯ рӯзи 7 май ба Радиои Озодӣ гуфт: “Чандон бемори сахте набуд, вагарна ман ҳеҷ гоҳ онҳоро мондаву ба Тоҷикистон намеомадам. Медонистам, ки ҳамсарам моҳи апрел таваллуд мекунад ва билети бозгашти ман охири моҳи март буд. Ман медонистам, ки то замони таваллуд ба назди онҳо бармегардам. Ба ҳамсарам ваъда дода будам, ки вақти таваллуд дар наздаш хоҳам буд, вале дигар чӣ илоҷ.”
Ӯ мегӯяд, солҳо боз дар Русия муҳоҷир асту ронандагӣ мекунад ва ҳаққи иқомат дорад. Ҳафт сол пеш зану фарзандонашро бо худ бурда дар шаҳри Химкии Русия зиндагӣ доранд. Дилшод мегӯяд, ҳамсараш хонашин ва ба тарбияи фарзандон мушғул буд. Як сол пеш гирифтори бемории гурда шуд ва аз ин беморӣ ранҷ мекашид. Дилшод мегӯяд, сарусадоҳо дар бораи аз вируси нав даргузаштани ҳамсараш асос надорад, вагарна ҳеҷгоҳ ҷасад ба хешовандонаш дода намешуд: “Агар чунин мебуд, мурдаро намедонанд, намегузоштанд, касе рӯи ӯро бинад, аммо ҳамсари маро бародаронам ки дар Русия ҳастанд, дар яке аз қабристонҳои мусалмонон дафн карданд”.
Ҳоло Дилшод аз он сарнавишти фарзандони нобилиғи худ нигарон аст: “Ду бародарам ва хоҳари ҳамсарам онҷо ҳастанд, ҳамсояҳои хуб дорем, ки онҳо дар ҳамин шабурӯз нигоҳубин мекунанд. Вале боз ҳам барои кӯмак ба назди онҳо омадан хатари сироятро ба вуҷуд меорад.”
Дилшод Нурматов, ки ҳоло дар хонаи волидонаш дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ интизори боз шудани марзҳо нишастааст, гуфт, барояш таҳамулли ин фоҷиа сахт аст: “Чӣ кор кунам дигар, фақат аз Худованд мехоҳам, роҳҳо боз шаваду ман назди бачаҳоям равам. Агар имконе мебуд, хуб мешуд”.
Кӯмакҳои омехта бо хатар
Дар бораи марги Гулшан Нурматова ҳамсари Дилшод, Хуршеда Ҳамроқулова, роҳбари Маркази фарҳангии тоҷикон дар Русия хабар дод. Ӯ бо нашри ин хабар аз ҳамватанон хост, ба фарзандони ин хонавода кумак кунанд. Ӯ дар саҳфаи фейсбукии худ тафсилоти фоҷиаи талх дар оилаи ин муҳоҷирро нашр карда, барои чаҳор кӯдаки ятиммондаи онҳо кумак хост.
Ҳамроқулова навишт: "Чаҳор кӯдаки ин хонавода – Севараи 13-сола, Шерзоди 12-сола, Иброҳими 8-сола ва Муҳаммадсалоҳи навзод, ки рӯзи 21 апрел норасид ба дунё омад, дар мулки мусофирӣ ҳайрону саргардон мондаанд. Се кӯдаки калонии ин оиларо ду зан дар Химки таҳти саробонӣ гирифтаанд ва Муҳаммадсалоҳ дар бемористони Сергиев Посад таҳти муоинаи табибон қарор дорад”.
Дар Русия ба гуфтаи мақомот, беш аз 1 миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунад. Бинобар ҳисоби созмонҳои байналмилалии молӣ, даромади ҳар чорумин хонавода дар Тоҷикистон аз ҳисоби пули муҳоҷирон аст. Ҳар сол садҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо сабабҳои гуногун дар Русия мефавтанд, имсол маргу мири онҳо аз бемории COVID-19 ҳам зиёдтар шуд.