Дар шаҳраки Новосергиеваи вилояти Ленинград хобгоҳеро ошкор карданд, ки дар он тақрибан 35 муҳоҷири гирифтор ба бемории КОВИД-19 зиндагӣ доранд. Ҳоло хобгоҳ бастааст ва сокинонаш ба карантин фаро гирифта шудаанд. Бино ва фурӯшгоҳҳои наздик ба хобгоҳро "дезинфексия" ё поккорӣ мекунанд.
Атрофи хобгоҳи муҳоҷиронро, ки дар он хуруҷи коронавирус ошкор шудааст, тунукапеч кардаанд ва даромаду баромад ба бино манъ аст. Биноро пулис ва намояндагони сохторҳои дигари қудратӣ назорат доранд. Онҳо масъуланд, ки аз тамоси сокинони хобгоҳ бо одамони берун аз бино пешгирӣ кунанд.
Дар хобгоҳ 35 нафаре зиндагӣ доранд, ки ба коронавирус гирифтор шудаанд. Ташхис дар ин муҳоҷирон вуҷуди вирусро тасдиқ кардааст.
Сироятшудагонро ба беморхона интиқол надодаанд. Дар маҷмӯъ дар хобгоҳ ҳамроҳ бо афроди бемор 154 муҳоҷири дигар зиндагӣ доранд. Ба иттилои дарёфтӣ, муҳоҷирон қариб ҳама аз Осиёи Марказӣ ҳастанд, аммо мақомот ба далели ахлоқӣ номи онҳо ва кишварҳоро намегиранд.
Муҳоҷирони мубтало ба КОВИД-19 дар пайи як амалиёти муштараки табибон ва кормандони пулис ошкор шуданд. Ҳангоми санҷиш онҳо дар чанд сокини хобгоҳ нишонаҳои вирусро мушоҳида карданд ва дар пайи он муҳоҷиронро пурра таҳти карантин гирифтанд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
"Соҳиби хобгоҳ масъулиятро ба дӯш гирифт ва сокинони биноро бо хӯрокворӣ ва маводи дигари зарурӣ пурра таъмин мекунад", - гуфт Владимир Гречитс, муовини раиси шаҳраки Заневск дар вилояти Ленинград.
Масъулони минтақа атрофи бинои хобгоҳи муҳоҷиронро поккорӣ ё "дезинфексия" мекунанд. Дар наворҳо дида мешавад, ки мутахассисон бо либоси махсуси ҳифозатӣ дар атрофи мағозаи наздик ба хобгоҳ мавод мепошанд.
Вале, ба гуфтаи фурӯшандаи мағоза, дохили дӯконро поккорӣ накардаанд: "Онҳо ба ҳамин мағоза омада харид мекарданд. Мо ҳам метарсем. Кӣ бемор шудан мехоҳад? Албатта, ҳеч кас. Агар имкон мешуд, ман ҳам ба кор намеомадам, дар хона менишастам."
Дар ҳамсоягии ин мағоза як нонвойхона фаъол аст. Ба гуфтаи кормандони нонпазхона, ин ҷоро ҳам "дезинфексия" накардаанд.
Новобаста ба хуруҷи коронавирус дар масофаи наздик бо ин нонпазхона, дар он ҳамоно кор идома дорад.
Волии вилояти Ленинград хуруҷи коронавирусро дар хобгоҳи муҳоҷирон "бомбаи сироятӣ" номид. Ҳоло мақомот шахсияти афродеро мушаххас мекунанд, ки бо муҳоҷирони мубтало ба коронавирус тамос доштанд.
Дар назди хобгоҳ 4 мусофирбар дида мешавад. Дар ин автобусҳо муҳоҷирон ба кор рафта меомаданд. Ба иттилои дарёфтӣ, ҳамаи муҳоҷирон дар сохтмонҳои шаҳр кор мекарданд.
Рӯзи 14-уми апрел як мақоми баландпоя дар сафорати Тоҷикистон дар Русия бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи омори эҳтимолии онҳо гирифтории дастикам 15 нафар аз шаҳрвандони кишвар дар Русия ба бемории КОВИД-19 тасдиқ шудааст. Ин рақам ба гуфтаи масъули сафорати Тоҷикистон метавонад аз ин бештар бошад. Ба гуфтаи дипломати тоҷик, чанд нафар аз муҳоҷирони сироятшудаи тоҷик беҳбуд ёфта, чанде дигар дар беморхонаҳо бистарӣ мебошанд.