Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, эълон кард, ки Вашингтон ва Теҳрон гуфтугӯҳои мустақимро дар бораи барномаи ҳастаии Эрон оғоз кардаанд ва рӯзи шанбе, 12-уми апрел, нишасте дар сатҳи боло баргузор хоҳад шуд.
Давоми шаш рӯзи охир 6700 муҳоҷири афғон, ба шумули 944 хонавода, аз Покистон ба Афғонистон ронда шудаанд.
"Ин шурӯи фасли нав дар дӯстии деринаи мост." Раиси Кумисюни Аврупо нишасти аввали сарони Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро дар шаҳри Самарқанд чунин хулоса кард. Нишаст дар рӯзҳои 3 ва 4-уми апрел гузашт.
Вазири корҳои хориҷии Амрико гуфт, Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон ба НАТО вафодор аст, аммо кишварҳои дигари узв низ бояд бо афзоиши буҷаи дифоӣ ва низомии худ мувофиқат кунанд.
Раисҷумҳури Амрико эълон кард, ки Иёлоти Муттаҳида аз ин ба баъд аз шарикони тиҷоратияш барои маҳсулоти воридотӣ боҷ меситонад. Ба гуфтаи баъзе аз коршиносон, ин тасмим метавонад ба оғози ҷанги тиҷорӣ ва рукуди иқтисод дар ҷаҳон сабаб шавад.
Мартин Кос, Комиссари Иттиҳоди Аврупо барои тавсеа, бар зарурати ҳифозат аз Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ таъкид кард.
Вазири умури хориҷии Олмон, ки бо як сафари ногаҳонӣ ба Киев рафтааст, нисбат ба "тактика"-ҳои Русия барои кашолкорӣ дар гуфтушуниди сулҳ дар мавриди хатми ҷанг дар Украина ҳушдор дод. Ин сафари нуҳуми Анналена Барбок ба Украина аз оғози ҳамлаи густурдаи Русия дар моҳи феврали соли 2022 аст.
Намояндагии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид изҳороти ахири президенти Амрико Доналд Трампро дар бораи Эрон нақзи ҳуқуқи байнулмилалӣ хонд.
Пас аз он ки раисҷумҳури Эрон аз музокироти мустақим дар бораи барномаи ҳастаии кишвараш бо Вашингтон худдорӣ намуд, президенти Амрико Ҷумҳурии Исломиро бо таҳримҳои нав, боҷи сангин ва амалиёти низомӣ таҳдид кард.
Ёфтҳои бештар