Ҳизби наҳзати исломӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъст ва даҳҳо узви собиқаш дар зиндонҳо ҳастанд, ба зидди президент Эмомалӣ Раҳмон ва мансабдорони дигар ба Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ (ICC) шикоят кардааст.
Додситонии ҳарбии Тоҷикистон ба таҳқиқи марги як сарбози Нерӯҳои марзбонӣ шуруъ кардааст.
“Лимит” ё маҳдудияти нерӯи барқ дар Тоҷикистон, ки ҳафт моҳ боз идома дошт, рӯзи 11-уми апрел бекор карда шудааст. “Маҳдудияти барқ дар кишвар пурра аз байн бурда шуд,” – гуфт Қурбон Аҳмадзода, сухангӯйи “Барқи Тоҷик” ба Радиои Озодӣ.
Як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон мақомоти Русияро барои маҷбурӣ ба ҷанги Украина бурдани тоҷикони зиндонӣ дар ин кишвар шадидан маҳкум кардааст.
Нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон як афсари Вазорати корҳои дохилиро дар сарҳад бо Афғонистон захмӣ карда, ду корманди дигари ин ниҳодро дар назди як махфигоҳи маводи мухаддир боздошт кардаанд.
Як сокини ноҳияи Ёвон мегӯяд, аз соли 1991 бо хонаводаи Асадулло Ғуломов, собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон, бар сари як қитъа замин баҳс дорад, аммо ба натиҷае нарасидааст.
Ҳашт шаҳрванди зиндонии Тоҷикистонро рӯзи севуми апрел аз маҳбаси рақами 26-и шаҳри Волгогради Русия ба ҷанг дар Украина бурдаанд. Дар ин бора наздикони онҳо рӯзи 9-уми апрел ба Радиои Озодӣ хабар доданд.
Ҳукумати Тоҷикистон бо қабули як барнома мехоҳад партовгоҳҳои уранро давоми шаш соли оянда дар шимоли кишвар безарар кунад. Барои ин кор 515 миллион сомонӣ (47 миллион доллар) зарур будааст. Тоҷикистон ҳамагӣ 13 миллиони онро хоҳад дод. Маълум нест 502 миллион сомонии дигарро кӣ мепардозад.
Пайвандони Маҳмурод Одинаев, муовини зиндонии раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, гуфтанд, ки “ӯ ба табобат ниёз дорад”, аммо тақрибан як моҳ боз касе ба додашон намерасад.
Ёфтҳои бештар