Дар чанд ҷумла
Олмон ба 650 миллион евро ба Украина таҷҳизоти низомӣ медиҳад
Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон, рӯзи 2-юми декабр бо як сафари эълоннашуда вориди Киев шуд.
Ӯ қавл дод, ки кишвараш дар моҳи декабр ба Украина ба арзиши 650 миллион евро силоҳи изофӣ медиҳад.
Сухангӯйи Вазорати дифои Олмон гуфт, кумак аз низоми дифои ҳавоии IRIS-T, тонкҳои “Леопард 1”, дрон ва таҷҳизоти дигар иборат хоҳад буд.
Шолтс дар паёме дар шабакаи “X” (Твиттери собиқ) навишт, ки “Олмон пуштибони қавитарини Украина дар Аврупо мемонад.”
Садри аъзами Олмон дар Киев бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, суҳбат кард.
Онҳо якҷоя ба дидани сарбозони захмӣ рафтанд.
Раиси ҳизби мухолифро дар Озарбойҷон ҷарима бастанд
Додгоҳе дар пойтахти Озарбойҷон раиси ҳизби мухолифи Ҷабҳаи мардумӣ Алӣ Каримлиро 882 доллар ҷарима баст.
Қарор рӯзи 2-юми декабр содир шуд.
Ӯро ба бадном кардани Айдин Алиев, узви собиқи Ҷабҳаи мардумӣ гунаҳкор донистанд.
Алиев панҷ сол пеш аз ҳизби мухолиф ронда, вале дертар бо ҳукми додгоҳ дар ҷояш барқарор шуда буд.
Намояндагони Ҷабҳаи мардумии Озарбойҷон гуфтанд, полис чанд нафарро, ки дар беруни Додгоҳ ҷамъ омада буд, боздошт кардааст.
Каримлӣ ҳам дар Твиттер навишт, ки "пулис бо истифода аз зӯр шаш фаъоли Ҷабҳаи мардумиро дастгир кард."
Кӯшишҳои Радиои Озодӣ барои дарёфти ҷузъиёти боздоштҳо аз Вазорати корҳои дохилии Озарбойҷон бенатиҷа буданд.
Дилшод Шарифов ба ҷои Сӯҳроб Зафар раҳбари "Гурӯҳи 24" шуд
Дилшод Шарифов, узви собиқадори "Гурӯҳи 24", раҳбари ин созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон интихоб шуд. Фаъолияти "Гурӯҳи 24" дар Тоҷикистон мамнуъ ва экстремистӣ дониста шудааст, аммо ниҳодҳои СММ, Иттиҳоди Аврупо ва САҲА намояндагони онро ба маҳфилҳои худ даъват мекунанд.
Интихоби роҳбари нави "Гурӯҳи 24" рӯзи 1-уми декабр бо ширкати се довталаб – Дилшод Шарифов, Муҳаммадҷон Абдуллоев ва Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор – гузашт.
Беҳрӯз Тағойзода, масъули бахши иттилооти “Гурӯҳи 24”, рӯзи дувуми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “аксар аъзои ҳаракат (беш аз 76 дарсад) ба Дилшод Шарифов раъй доданд.” Муҳаммадҷон Абдуллоев ва Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор ҳар яке ҳудуди 12-дарсадии овозҳоро ба даст овардаанд.
"Гурӯҳи 24" низ дар баёнияи алоҳида интихоби раҳбарашро маъракаи “муҳими дохилӣ” номида, гуфт, “он бо риояи меъёрҳои мардумсолорӣ сурат гирифт”. “Мубориза барои озодӣ ва адолати иҷтимоиву сиёсӣ дар Тоҷикистон” барномаи раҳбари нави ҷунбиш эълон шудааст.
Тайи ним соли охир, баъди дар Туркия нопадид ва сипас дар Тоҷикистон дастгиру зиндонӣ шудани Сӯҳроб Зафар, раёсати “Гурӯҳи 24”-ро Ҳусейн Ашӯров бар уҳда дошт. Дилшод Шарифов тайи ин муддат муовини ӯ буд.
Дилшод Шарифов 54-сола аст ва аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон. Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд. Дар гузашта дар мақомҳои масъули бахши иттилоот, кадр ва кумитаи иҷроияи “Гурӯҳи 24” кор кардааст.
Мақомоти Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2023, пас аз тазоҳуроти намояндагони мухолифон ба зидди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Берлин, баъзе аз хешовандони ӯро дастгиру бозпурсӣ карда буданд.
“Гурӯҳи 24”, ки соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст (худаш соли 2015 дар Туркия кушта шуд), бо қарори Додгоҳи олӣ дар Тоҷикистон “ифротгаро” ва “мамнуъ” эълон шудааст.
То ин дам ба гуноҳи пайравӣ аз он даҳҳо нафар дар Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигар боздошт ва бархе ба муддати дароз зиндонӣ шуданд.
Аз ҷумла, Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи октябри имсол Сӯҳроб Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24”-ро ба 30 сол зиндон маҳкум кард. Насимҷон Шарифов, узви ҳамин созмон, 20 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Мақомот ҳардро ба ифротгароӣ ва даъват ба сарнагунии ҳукумат гунаҳкор донистанд, аммо онҳо ҳукмро напазируфтанд.
Қурби доллар дар баробари сомонӣ боло рафт
Арзиши доллари Амрико дар як ҳафтаи охир нисбат ба сомонӣ, пули миллии Тоҷикистон, афзудааст.
Агар рӯзи 26-уми ноябр дар бонкҳои Тоҷикистон сад долларро ба 1066 сомонӣ иваз мекарданд, Бонки Миллӣ 2-юми декабр онро то ба 1089 сомонӣ боло бурд.
Дар баъзе аз бонкҳои кишвар сад доллар то 1095 сомонӣ хариду фурӯш мешавад.
Бонки Миллии Тоҷикистон ҳанӯз 29-уми ноябр дар баёнияе тағйирёбии қурби сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ ба “таъсири омилҳои берунӣ ва дохилӣ” пайванд додааст.
Тоҷикистон аксари молу маҳсулотро аз хориҷа меорад ва арзиши мол ҳам вобаста ба қурби доллар каму зиёд мешавад.
Ҷо Байден писараш Ҳантерро афв кард
Ҷо Байден, президенти Амрико, рӯзи 1-уми декабр писараш Ҳантерро афв кард.
Ӯ ба ин тартиб ваъдаи худро дар бораи истифода набурдани салоҳиятҳои фавқулодаи раёсати ҷумҳурӣ ба нафъи як узви хонаводааш шикаст.
Ҳантер Байден бар асоси ду парванда – харидани силоҳ (ҳангоми нашъамандӣ) ва напардохтани молиёт (андоз) – метавонист зиндонӣ шавад.
Президент Байден қаблан, пас аз маҳкум шудани писараш дар ду парванда дар Делавэр ва Калифорния, гуфта буд, ки писарашро афв ва ҳукми ӯро кам намекунад.
Вай рӯзи якуми декабр таъкид кард, ки ба низоми додгоҳӣ эътимод дорад, аммо муътақид аст, ки парванда бо масоили сирф сиёсӣ олуда шудааст.
Ин амал дар ҳоле сурат мегирад, ки додгоҳ бояд дар чанд ҳафта дар мавриди аслиҳаи Ҳантер Байден ҳукм содир кунад.
Ҷо Байден дар ду моҳи дигар Кохи Сафедро ба президенти мунтахаб Доналд Трамп месупорад.
Зеленский хоҳони ҳузури НАТО ва ИА дар музокироти эҳтимолӣ шуд
Президенти Украина Владимир Зеленский гуфтааст, дар музокироти эҳтимолӣ бо Русия бояд намояндагони НАТО ва Иттиҳоди Аврупо бояд ҳузур дошта бошанд.
Зелеский 1-уми декабр дар нишасти хабарии муштарак бо намояндаи Шӯрои Иттиҳоди Аврупо гуфт, “кӣ дар паси мизи музокирот мешинад? Русия, Украина ва ҳамчуноне, ки гуфтам Иттиҳоди Аврупо ва НАТО”.
Раисҷумҳури Украина шарҳ дод, ки кишвараш худро бахше аз низоми амниятӣ дар ин ду созмон медонад. Дар айни замон Зеленский гуфт, муқобили ҳама гуна боздоштани ҷанг бе мавқеи қавӣ барои Украина аст.
Чун, ба гуфтаи ӯ, Путин метавонад баъди чанд сол “боз баргардад ва Украинаро пурра хароб кунад.”
Зери мафҳуми “мавқеи қавӣ барои Украина” Зеленский додани кафолати амниятӣ аз сӯи НАТО ва Иттиҳоди Аврупоро дар назар дорад.
Ӯ бори дигар гуфтааст, Киев ҳеч гоҳ ишғол шудани як қисми қаламравашро аз сӯи Русия эътироф намекунад. “Ин замини мо аст, ки муваққатан аз сӯи Русия ишғол шудааст ва бегуфтугӯ бармегардад,” -- афзуд Владимир Зеленский.
Баъд аз интихоби дубораи Доналд Трамп ба мақоми президенти Амрико сарусадо дар бораи музокироти сулҳ миёни Русия ва Украина зиёд шудааст.
Як "Тангем" ба дарёи Панҷ афтод; ронанда бедарак аст
Як мошини навъи "Тангем" дар ҳудуди ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дарёи Панҷ афтодааст.
Ҳодиса рӯзи 30-юми ноябр рӯй дод.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи дувуми декабр дар эъломияе гуфт, ки маъмурони наҷот "Тангем"-ро аз об берун оварданд, вале ҷустуҷӯйи ронанда идома дорад.
Ронандаи 54-сола аз деҳаи Пиши ноҳияи Шуғнон дар дохили мошин танҳо будааст.
Ба иттилои расмӣ, ӯ ҳангоми ҳаракат аз деҳаи Пиш ба сӯйи деҳаи Даштак "идораи нақлиётро аз даст дода, ба дараи умқаш 30-метрӣ сарозер ва сипас дар дарёи Панҷ ғарқ шудааст".
Дар шаш моҳи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон "бар асари 539 садамаи нақлиётӣ 236 нафар ба ҳалокат расида, 570 нафар ҷароҳат гирифтаанд."
Теъдоди садамаҳо дар муқоиса ба 6 моҳи соли 2023 тақрибан 12 дарсад афзуда, теъдоди захмиён 13 дарсад ва шумораи ҷонбохтагон аз 22 дарсад бештар будааст.
Хабарнигори Озодӣ дар Тбилиси гуфт, маъмурони пулис ӯро задаанд
Бека Берадзе, хабарнигори бахши гурҷии Радиои Озодӣ, шикоят дорад, ки маъмурони пулис ӯро зада, сипас дастгир карданд.
Ҷано Чкадуа, вакили мудофеи Бека Берадзе, гуфтааст, хабарнигор субҳи 1-уми декабр, вақте аз назди бинои порлумон, макони эътирозҳои зиддиҳукуматӣ мегузашт, маъмурон ӯро латукӯб ва боздошт карданд.
Ҷузъиёти бештар феълан маълум нест.
Бека Берадзе ба адвокаташ гуфтааст, ҳангоми боздошт ӯ кори хабарнигорӣ намекард ва фақат бо дӯстонаш аз маҳалли эътирозҳо (дар наздикии хонааш) мегузашт.
Баъди ташхиси пизишк, Берадзеро ба боздоштгоҳи муваққатӣ бурдаанд, вале иттиҳом зидди ӯ маълум нест.
Ба гуфтаи вакили дифоъ, дар пешонии хабарнигор осори захм маълум буд.
Мақомоти Гурҷистон гуфтанд, давоми се рӯзи охир беш аз 100 нафарро дастгир кардаанд.
Ду наврас дар дарёи Зарафшон ғарқ шуданд
Ду наврас дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ба дарёи Зарафшон афтида, ғарқ шудаанд.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ҳодиса 28-уми ноябр дар ҳудуди ҷамоати "Иван-Тоҷик"-и ин ноҳия рух додааст.
Ҳалокшудагон духтар ва писарбачаи 11 ва 12-сола ва хешовандони наздик буданд.
Ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, наврасон дар вақти тоза кардани боғ, ки дар канори рӯди Зарафшон ҷойгир буд, ба дарё афтиданд.
Мақомот гуфтанд, ҷасади духтарро ҳамроҳ бо сокинони маҳаллӣ пайдо карда, ҷасади писарро ҷустуҷӯ доранд.
Ҳамасола дар кулу дарёҳои Тоҷикистон даҳҳо нафар ғарқ мешаванд.
Радду бадал байни раисҷумҳур ва сарвазири Гурҷистон
Сарвазири Гурҷистон гуфт, раисҷумҳур Саломе Зурабишвилӣ бояд дар охири моҳи декабр мақомашро тарк кунад. Изҳороти Ираклий Кобахидзе рӯзи якуми декабр садо дод.
Қаблан Саломе Зурабишвилӣ порлумони тозаинтихоби кишварашро ғайриқонунӣ номида, ваъда дод, ки пас аз анҷоми ваколат низ ба вазифаи худ идома хоҳад дод.
Ӯ гуфт: “Порлумони қонунӣ нест. Порлумони ғайриқонунӣ наметавонад, ки раисҷумҳури навро интихоб кунад. Ба ин тартиб, ягон маросими савгандёдкунӣ намешавад. То порлумон қонунӣ интихоб нагардад, ваколати ман идома хоҳад дошт.”
Интихоботи порлумонӣ дар Гурҷистон рӯзи 26-уми октябри имсол гузашт.
Натиҷаи расмӣ “Орзуи гурҷӣ”, ҳизби ҳокими рӯ ба Русияро пирӯз эълон кард. Мухолифон гуфтанд, раъйдиҳӣ бо тақаллуб сурат гирифт. Кишварҳои ғарбӣ хоҳони таҳқиқи мунсифона шуданд.
Аз он вақт то ҳоло дар Тбилиси (Тифлис) тазоҳурот идома дошта, буҳрони сиёсӣ баъди ба таъхир гузоштани музокироти пайвастани Гурҷистон ба Иттиҳоди Аврупо амиқтар шуд.
Ҳазорон тазоҳургар шаби сеюми 30-юми ноябр ба хиёбонҳои Тбилиси баргаштанд, то алайҳи тасмими ҳукумат дар бораи мутаваққиф кардани музокироти пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо эътироз кунанд.
Пулис барои пароканда кардани онҳо аз гази ашковар ва мошинҳои обпош истифода кард.
Гурҷистон дар соли 2023 мақоми нозирро дар Иттиҳоди Аврупо касб кард. Сарвазир Иракли Кобахидзе рӯзи 28-уми ноябр эълон кард, ки музокиротро барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо то соли 2028 ба таъхир мегузорад.
Путин қонуни буҷаро имзо кард. Харҷи ҳарбӣ афзудааст, молиёт ҳам
Владимир Путин, президенти Русия, ки кишвараш тақрибан се сол боз машғули ҷанги бедалел дар Украина аст, қонунро дар бораи буҷаи солҳои 2025-2027 имзо кард.
Тарҳи онро Думаи Давлатӣ ё порлумони Русия рӯзи 21-уми ноябр пазируфта буд.
Буҷаи сесолаи Русия ҳазинаи бесобиқаро барои ниёзҳои низомӣ (ҳарбӣ) дар назар гирифтааст.
Ин харҷ дар соли 2025-ум 13,5 триллион рубл (145 миллиард доллар)-ро ташкил медиҳад. Тақрибан 41 дарсади харҷи умумии Русия ва бештар аз пуле, ки барои бахши тандурустӣ, маориф, сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисоди миллӣ ваъда шудааст.
Ба ин далел аз соли 2025 молиёт (андоз) аз даромад (фоида), соҳибкории хурду миёна, истеҳсоли газу нафт ва ангишт дар Русия афзуда, андози аксизӣ барои машрубот, сигор ва нӯшобаҳо низ боло хоҳад рафт.
Тибқи иттилои Анҷумани содиркунандагон ва воридкунандагони Русия, дар соли оянда нархи тамоми маҳсулот тақрибан 20 дарсад ва хидмати хоҷагии манзилию коммуналӣ 10 дарсад бештар мешавад.
Ба нигоштаи The Bell, ихтисоси 13,5 триллион рубл барои мудофиа ва амният дар буҷаи соли 2025 дар таърихи Русияи пасошӯравӣ рекордӣ аст. Ин рақам дар буҷаи соли 2024 10,4 триллион буд.
Доналд Трамп гуфт, Кэш Пателро раиси FBI хоҳад монд
Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Амрико, гуфт, номзадии Кэш Пател, корманди собиқи амнияти миллӣ ва аз шахсони ба ӯ вафодорро ба раҳбарии FBI, Хадамоти Федеролии Амният, пешбарӣ хоҳад кард.
Пател қаблан ба унвони вакили мудофеи умумии федерол ва додситон кор кардааст.
Вай мехоҳад, FBI аз нақши ҷамъоварии маълумоти иктишофӣ маҳрум гашта, сафи он аз кормандоне, ки аз барномаи Трамп пуштибонӣ намекунанд, пок карда шавад.
Кэш Пател дар давраи аввали раёсатҷумҳурии Трамп чанд мақоми баландпоя дошт. Аз ҷумла, ӯ мушовири амнияти миллӣ ва раиси дафтари вазири дифои муваққат буд.
Доналд Трамп бо муаррифии Пател нишон дод, ки барои иҷрои таҳдидаш дар мавриди барканории Кристофер Рэй, раиси ҳозираи FBI, омода мешавад.
Кристофер Рэй, ки узви Ҳизби Ҷумҳурихоҳ аст, аз тарафи худи Трамп ба ин мақом таъйин шуда буд. Давраи даҳсолаи раёсаташ то соли 2027 идома хоҳад дошт.
Идомаи ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза; 15 фаластинӣ кушта шуд
Нерӯҳои Исроил рӯзи якуми декабр ҳамлаи низомиро дар саросари Навори Ғазза идома додаанд.
Пизишкон гуфтанд, ки дар ин рӯз камаш 15 фаластинӣ кушта шуд. Аз ҷумла, шаш нафар дар ҳамлаи ҳавоии Исроил ба урдугоҳи “Нусейрат” дар маркази Ғазза.
Артиши Исроил мегӯяд, садҳо ҷангҷӯйи “Ҳамос”-ро куштааст, то аз кӯшиши баҳамойии аъзои ин гурӯҳи фаластинӣ пешгирӣ кунад. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо онро созмони террористӣ медонанд.
Дар ҳамин ҳол, раҳбарони “Ҳамос” дар Қоҳира бо мақомоти амниятии Миср гуфтугӯ кардаанд, то роҳҳои расидан ба созиш бо Исроилро биомӯзанд. Ин созиш метавонад озодии гаравгонҳоро дар ивази раҳоии зиндониёни фаластинӣ таъмин кунад.
Исроил чордаҳ моҳ пеш ҳамлаашро ба Навори Ғазза оғоз кард. Пас аз он ки гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" рӯзи 7-уми октябри соли 2023 дар ҳамлае ба Исроил 1200 нафарро кушт ва ҳудуди 240 танро гаравгон гирифт. Дар ҳамлаҳои Исроил тақрибан ҳама зерсохтҳои Ғазза аз байн рафта, беш 43 ҳазор фаластинӣ кушта шудааст.
Амрико ҳамкории стратегиро бо Гурҷистон мутаваққиф кардааст
Иёлоти Муттаҳида ҳамкории стратегиро бо Гурҷистон мутаваққиф кардааст.
Дар ин бора сухангӯйи Департаменти давлатӣ ё Вазорати умури хориҷии Амрико, Мэтю Миллер, хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, Вашингтон аз тасмими ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ" дар бораи боздоштани раванди ҳамгироӣ бо Иттиҳоди Аврупо дареғ мехӯрад.
"Мо истифодаи аз ҳад зиёди зӯрро ба гурҷиёне, ки алайҳи хиёнат ба Қонуни асосии кишвари худ одилона эътироз мекунанд, маҳкум мекунем", -- афзуд Миллер.
Ин намояндаи Департаменти давлатии Амрико аз ҳукумати Гурҷистон хостааст, қонуншиканиҳоро дар интихоботи порлумонии моҳи октябр мунсифона таҳқиқ карда, қонуҳои зиддидемократӣ ва маҳдудияти озодии гирдиҳамоӣ ва ибрози андешаро аз байн барад.
Шӯришиён қисми зиёди Ҳалабро гирифтаанд. Вокуниши Башор Асад
Дидбони Ҳуқуқи Башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон, хабар дод, ки шӯришиён рӯзи 30-юми ноябр аксар бахшҳои Ҳалаб, дувумин шаҳри бузурги Сурияро зери назорат дароварданд.
Артиши Сурия низ дар бораи куштаву захмӣ шудани “даҳҳо” нерӯи худ дар даргирии густурда бо мухолифони ҳукумат гузориш дод.
Амалиёти ғофилгиронаи “Таҳрир-аш-Шом” (худро мухолифи ҳукумати Башор Асад, раисҷумҳури Сурия медонад) ва нерӯҳои ҳампаймонаш ба Ҳалаб рӯзи чоршанбе, 27-уми ноябр, оғоз ёфт. Амрико ин гурӯҳро соли 2018 созмони террористӣ муаррифӣ карда буд.
Ба гузориши расонаҳо, рӯзи 30-юми ноябр дар Ҳалаб ҳаракати ками мардум ва мошинҳо мушоҳида шуда, мактабҳо ва идораҳои давлатӣ баста буданд ва аксар сокинон дар хонаҳои худ қарор доштанд.
Башор Асад, раисҷумҳури Сурия, дар вокуниши нахустинаш ба таҳаввулоти рӯзҳои охир эълом кардааст, ки кишвараш метавонад “ҳамаи террористон ва пуштибонҳои онҳоро шикаст диҳад”.
Ду манбаи наздик ба шӯришиён рӯзи шанбе ба “Ройтерс” гуфтаанд, ки нерӯҳои мусаллаҳи мухолифи ҳукумат шаҳри Маарат ан-Нуъмонро дар ҷануби Идлиб тасарруф карда, кулли ин вилоятро зери назорат гирифтанд.
Дар бораи пешравии нерӯҳои исломгаро дар атрофи шаҳри Ҳамоҳ низ гузориш пахш шудааст.
Назорати мухолифони мусаллаҳ бар шаҳри Ҳалаб як хиҷолати бузург барои режими Башор Асад пиндошта мешавад. Нерӯҳои вафодор ба ҳукумати ӯ бо ёрии Русия ва Эрон дар соли 2016 мухолифони мусаллаҳ ва ҳазорон ғайринизомиро аз ин шаҳр берун карда буданд.
Аз он вақт шаҳри Ҳалаб мавриди ҳамла қарор нагирифтааст ва ҷанги соли 2016 барои режими Сурия дар мубориза бо шӯришиёни мусаллаҳ як дастоварди бузург дониста мешуд.
Низорамоҳ Зарипова дар 101-солагӣ даргузашт
Низорамоҳ Зарипова, ходими давлатии Тоҷикистони Шӯравӣ, дар 101-солагӣ даргузашт.
Дар ин бора шахсони наздик ба ӯ рӯзи 30-юми ноябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.
Зарипова соле пеш, ҳангоми таҷлил аз садсолагияш, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳам давраи босмачигариро диду ҳам ташаккулёбии Иттиҳоди Шӯравиро.
“Ҳоло камбудӣ бисёр дорем, пул надорем, шароити зиндагиамон бад аст, аммо муҳим қаҳтӣ нашавад,” -- гуфта буд ӯ.
Низорамоҳ Зарипова дар моҳи ноябри соли 1923 дар ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст.
Соли 1941 Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлобро хатм кард.
Аз соли 1966 то соли 1986 муовини раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон буд.
Зеленский роҳи нави поёни ҷанг бо Русияро гуфт
Владимир Зеленский, президенти Украина гуфт, агар кишвараш бо ҳудудҳое, ки ҳоло дар ихтиёр дорад, ба узвият НАТО пазируфта шавад, "марҳилаи доғи ҷанг" поён меёбад.
Ӯ дар суҳбат бо телевизиони Sky News гуфт, баъдан имкон дорад, бо роҳи дипломатӣ минтақаҳои аз ҷониби Русия ишғолшударо ба Украина пас гардонд.
Мақомоти Украина борҳо эълон карданд, ки барои оташбас аз баҳри ҳудудҳои ишғолшуда намегузаранд.
Дар изҳороти ахир ҳам Зеленский гуфт, ин ҳудудҳоро бо роҳи дипломатӣ мешавад пас гардонд.
Ӯ гуфт, бояд ҳаргуна созиш бо Русия кафолат дошта бошад, ки ишғоли хоки Украина идома пайдо намекунад.
На ҳама раҳбарони кишварҳои НАТО омодаи пазируфтани Украина ба ин созмони низомӣ ҳастанд.
Тибқи оинномаи НАТО, ҳамла ба як кишвари узви созмон ҷанг бо ҳама кишварҳои узви он ҳисоб мешавад.
Русия соли 2022 ба Украина ҳамла кард. Кишварҳои узви НАТО ба Украина силоҳу лавозимоти ҷангӣ медиҳанд, вале аз ворид шудан ба ҷанг бо Русия парҳез мекунанд.
Раҳбари "Ҳизбуллоҳ" оташбас бо Исроилро "пирӯзии илоҳӣ" номид
Раҳбари "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон оташбас бо Исроилро "пирӯзии илоҳӣ" номидааст.
Наим Қосим, раҳбари "Ҳизбуллоҳ", ки аз ҷониби Эрон пуштибонӣ мешавад, дар суханронии аввалинаш пас аз эълони оташбас дар 27-уми ноябр аз "пирӯзӣ" суҳбат кард.
Ӯ гуфт, ки мо ба душман иҷоза надодем, ки гурӯҳи "муқовимати лубнониро шикаст диҳад."
"Ҳизбуллоҳ", ки ҷануби Лубнонро дар даст дорад, шохаи сиёсӣ ва низомӣ дорад. Шохаи сиёсиаш дар порлумони Лубнон соҳиби курсӣ аст. Шохаи низомиашро ИМА ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ медонанд.
Оташбас ба ҷанги беш аз яксола миёни "Ҳизбуллоҳ" ва Исроил поён дод. Исроил аз осмону замин ба "Ҳизбуллоҳ" вориди ҷанг шуда буд ва аксари фармондеҳону раҳбарони ин гурӯҳро кушт.
Бар асоси оташбас "Ҳизбуллоҳ" бояд 30 километр аз марзҳои Исроил дур шавад. Исроил ҳам давоми 60 рӯзи оянда бояд артишашро аз хоки Лубнон берун кунад.
Исроил таҳдид кардааст, ки агар дубора бинад, "Ҳизбуллоҳ" фаъол мешавад, ба ин гурӯҳ ҳамла хоҳад кард.
Пас аз онки Исроил дар моҳи октябри соли гузашта ба Ғазза дар посух ба кушторҳои ҲАМОС ҳамла кард, "Ҳизбуллоҳ" эълон кард, ки аз фаластиниён пуштибонӣ мекунад.
Ин гурӯҳ гуфта буд, ки то Исроил ҷангашро дар Ғазза бас накунад, ба ҳамлаҳои худ идома хоҳад дод.
Буҳрони сиёсӣ дар Гурҷистон. Кишваре, ки тоҷикон саёҳат мерафтанд
Пулиси Гурҷистон беш аз 100 эътирозгарро дар Тиблиси боздошт кардааст. Эътирози тарафдорони пайвастани Гурҷистон ба Иттиҳоди Аврупо шаби 29-уми ноябр низ давом ёфт.
Иракли Кохабидзе, сарвазири Гурҷистон эълон кард, ки гуфтугӯ барои пайвастани Гурҷистон ба Иттиҳоди Аврупо то соли 2028 қатъ шуд. Ин изҳорот хашми ҳазорон нафарро ба бор овард ва онҳо ба хиёбонҳо рехтанд.
Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон рӯзи 30-юми ноябр гуфт, ки 107 эътирозгарро бо гумони ҳамла ба кормандони пулис ва “авбошӣ” боздошт кардааст.
Ба гуфтаи ин ниҳод, дар ҳамлаи эътирозгарон чанд корманди пулис захмӣ шудааст.
Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки кормандони пулис ба эътирозгарон ҳамла мекунанд.
Шаби гузашта 43 эътирозгар боздошт шуда буд.
Эътироз дар Гурҷистон аз моҳи октябр оғоз шуд. Дар интихоботи порлумонии ин кишвар ҳизби “Орзуҳои гурҷӣ”-ро пирӯз эълон карданд. Мухолифон интихоботро тақаллубӣ номиданд ва даст ба эътироз заданд.
“Орзуҳои гурҷӣ”-ро як ҳизби рӯ ба Русия медонанд, ки ҳоло аксари курсиҳоро дар порлумон дар ихтиёр дорад. Порлумони Гурҷистон президенти ояндаи ин кишварро интихоб мекунад.
Эътирозагрон мегӯянд, ин ҳизб Гурҷистонро дубора вобастаи Русия ва аз роҳи пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо дур мекунад.
Гурҷистон аз камтарин кишвари озод аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон имкони бе раводид (виза) сафар кардан ба онҷоро доранд.
Тобистону тирамоҳи имсол ширкатҳои сайёҳӣ парвози мустақим миёни Душанбе ва Тиблисиро ба роҳ монданд. Пас аз ҷорӣ шудани раводид миёни Туркия ва Тоҷикистон имсол саёҳати тоҷикистониён ба Гурҷистон афзоиш ёфт.
Ҳоло маълум нест, ки пас аз тағйири ҳукумат ин кишвар кадом роҳеро пеш хоҳад гирифт.
Иштироки варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии бокси Осиё
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё, ки 28-уми ноябр дар шаҳри Чиангмайи Тайланд оғоз ёфт, иштирок мекунад.
Ин мусобиқот бо иштироки беш аз 200 муштзан аз 21 кишвари Осиё дар Тайланд то рӯзи 12-уми декабр идома хоҳад кард. Мардон дар 13 вазн ва занон дар 12 вазн рақобат мекунанд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон миёни мардон Меҳрон Шафиев (48 кг), Хусравхон Раҳимов (57 кг), Акмал Убайдов (60 кг), Шуҳрат Саломатов (67 кг), Шаҳобҷон Шукуров (71 кг), Абдумалик Болтаев (80 кг), Аҳмадҷон Саидов (86 кг), Парвиз Каримов (92 кг) ва миёни занон Миҷгона Самадова (57 кг) дохиланд.
Муштзанҳои тоҷик дар мусобиқоти мазкур дар 9 вазн зери раҳбарии мураббиён Рустам Музаффаров, Муҳаммадҷон Тошохунов ва Алӣ Бобоҷонов ширкат меварзанд.
Ёдовар мешавем, ду сол пеш дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё миёни мардон ва занон, ки дар пойтахти Урдун - шаҳри Уммон баргузор шуд, аз байни даҳ муштзани тоҷик ду нафар – Баҳодур Усмонов дар вазни то 63,5 кило ва Муҳаммад Аброриддинов дар вазни беш аз 92 кило – бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё бо иштироки беш аз 300 варзишгар аз 30 кишвари қора дар Урдун сурат гирифт. Мардон аз рӯи 13 вазн ва занон аз рӯи 12 вазн рақобат карданд.
Зимнан, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ҳамагӣ 22 медал – 4 тилло, 3 нуқра ва 15 биринҷӣ - ба даст овардаанд. Медалҳои тиллоро Ҷаҳон Қурбонов (-75 кг) соли 2008, Мавзуна Чориева (-60 кг) соли 2010, Анвар Юнусов (-57 кг) соли 2011 ва Баҳодур Усмонов (-64 кг) соли 2019 соҳиб шудаанд.
Тасдиқи марги 81 ҳазор сарбози Русия дар ҷанги Украина
Хабарнигорони таҳқиқгар маълум кардаанд, ки аз замони ҳуҷуми васеъмиқёси Русия ба хоки Украина 80973 низомии рус кушта шудааст.
Шахсияти ҳар яки онҳоро Бахши русии "Би-би-си", "Медиазона" ва гурӯҳи ихтиёриён бар асоси маълумоти дастрас тасдиқ кардаанд. Аз нисф зиёди кушташудаҳо то шурӯи ҷанг бо фаъолиятҳои ғайринизомӣ машғул буданд ва ҳеҷ рабте ба артиш надоштанд.
Таҳқиқоти журналистӣ инчунин дар бораи талафоти зиёд дар миёни ихтиёриён хабар ёфта мегӯяд, ки аксари онҳо дар давоми ду то чор ҳафтаи баъди сафарбарӣ ба ҷанг кушта мешаванд. Айни замон, шумори зиндониҳое, ки ба ҷанг бурда мешаванд, камтар шудааст.
Агар ноябри соли 2023 аз миёни кушташудаҳо дар ҷанг 26 дарсадашон зиндониҳои маҳбасҳои Русия буданд, ҳоло шумори онҳо 18 дарсадро ташкил додааст. Шумори бештарини кушташудаҳо аз Бошқирдистон, Тотористон ва вилояти Свердловск мебошанд.
Сафари вазири дифои Русия ба Кореяи Шимолӣ
Вазири дифои Русия Андрей Белоусов бо сафари расмӣ дар Кореяи Шимолӣ қарор дорад.
Дар бораи ин сафар аз пеш хабаре нашр нашудааст. Радио Свобода бо такя ба вазорати дифои Русия навишт, ки дар ҷараёни ин сафар чанд мулоқот бо мақомоти низомию сиёсии Кореяи Шимолӣ дар назар гирифта шудааст.
Белоусовро дар фурудгоҳи Сунани наздикиҳои шаҳри Пхенян вазири дифои Кореяи Шимолӣ Но Гван Чхол пешвоз гирифт.
Ҷузъиёти аз ин бештар феълан дар даст нест. Белоусов пеш аз ин миёнаҳои моҳи июн бо як ҳайате аз Кореяи Шимолӣ дидан кард.
Он замон раҳбарони Русия ва Кореяи Шимолӣ - Владимир Путин ва Ким Чен Ун созишномаҳои ҳамкории ҳамаҷонибаи стратегиро имзо карданд ва дар он ироаи кӯмаки билофосилаи ҳарбӣ дар сурати ҳамла ба яке аз ин кишварҳо пешбинӣ мешуд.
Моҳи октябр хадамоти истихбороти Украина, кишварҳои ғарбӣ ва Кореяи Ҷанубӣ хабар доданд, ки низомиёни Кореяи Шимолӣ ба минтақаҳои ҷангии украинӣ сафарбар шудаанд ва сухан аз 12 ҳазор сарбози воҳидҳои зудамал меравад. Маскав то ҳо ба таври рӯшан ин хабарро тасдиқ ё рад накардааст.
Даргузашти овозхон Файзигул Юсуфӣ
Рӯзи 29 ноябр дар шаҳри Деҳлӣ овозхони маъруф Файзигул Юсуфӣ даргузашт.
Ба иттилои ҳамкоронаш, ӯ дар яке аз клиникаҳои Ҳинд бо мақсади ҷарроҳии қалб қарор дошт. Як ҳамкораш аз ансамбли "Дарё" ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Юсуфӣ субҳи имрӯз дар рӯи мизи ҷарроҳӣ ҷон дод.
Юсуфӣ 50 сол дошт ва дар солҳои охир аз дарди сару қалб ва фишорбаландӣ шикоят мекард. Хабари даргузашти Юсуфиро ба Радиои Озодӣ раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон Амирбеки Мӯсо ҳам тасдиқ кард.
Ҷасади Юсуфиро бо аввалин ҳавопаймо аз Ҳинд ба Тоҷикистон интиқол хоҳанд дод.
Ба навиштаи pressa.tj, Файзигул Юсуфӣ 31 майи соли 1974 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шуда авҷи маъруфияташ ба оғози солҳои 1990-ум рост омад. Файзигул Юсуфӣ корманди Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд ва бо иҷрои таронаҳои мардумӣ шинохта шудааст.
"Зиёд азият дида буд"
Ҳаётой Мӯъминова, ҳамкори Юсуфӣ ва овозхони маъруф дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Файзигул Юсуфӣ "як ҳунарманди асили мардумӣ" буд ва "дар ҳифзи сурудҳои халқии занона саҳми арзанда ва мавқеи хоси худро дар саҳнаи мусиқии тоҷик дошт". "Мутаасифона, мо ҳунарварони асилу дар ҳақиқат дӯстдоштаву маҳбуби халқро дар зиндагиаш эҳтиёт намекунем, ба қадраш намерасем, сад афсӯс", гуфт Мӯъминова ба Радиои Озодӣ.
Хабари даргузашти ин хонандаи хушсадо дӯсти ӯ, рӯзноманигор ва таронанависи тоҷик Орзу Исоевро дар сӯг нишонд:
Фарҳангшинос Одили Нозир, ки бо Юсуфӣ дӯст буду бо ӯ мусоҳибаҳо анҷом додааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, "Файзигул Юсуфӣ аз зумраи сарояндагонест, ки дар солҳои душвори 1990-ум вориди майдони ҳунар шуд. Вақте дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт ва садои ҳунармандонро шиллики тиру туфанг хомӯш мекард, ӯ дар саросари Тоҷикистон дар тӯю сури мардум суруд мехонд ва лаҳзае ҳам бошад, онҳоро ба зиндагӣ дилгарм мекард".
Одили Нозир гуфт, Файзигул Юсуфӣ ба хотир овардани ҳодисаҳои солҳои 1990-умро дӯст намедошт, "зеро зиёд азият дида буд...".
Ӯ афзуд: "Файзигул сарояндае буд, ки сурудҳои халқии тоҷикиро бо коркарди нав иҷро мекард ва ба ин васила дар қалби мухлисон ошён гузошта буд. Ӯ сурудҳои зиёди эстрадӣ иҷро кардааст, вале муваффиқияти ӯ дар иҷрои сурудҳои мардумӣ, монанди “Деҳқонбача” буд. Файзигул модари 5 фарзанд буд ва 6 набера дошт. Ҳамеша мегуфтам, ки "наход ту 6 набера дошта бошӣ, чунки тамоман ҷавон ҳастӣ".
Мегуфт, ки “фарзандону набераҳоям беҳтарин дастоварди зиндагии ман ҳастанд. Одатан занҳо аз бибӣ шудан ҳарос доранд, вале ман дӯст медорам вақте набераҳоям маро бибӣ мегӯянд”. Файзигул як шахсияти самимӣ, инсони меҳрубон буд. Афсӯс, ки умри кам дид".
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксар ҳамкорон ва ҳунармандони тоҷик дар робита бо даргузашти ногаҳонии Файзигул Юсуфӣ изҳори таслият кардаанд.
Се эътирозгари сафари Путин ба Қазоқистонро ҷарима бастанд
Дар Қазоқистон се фаъолеро, ки зидди сафари президенти Русия Владимир Путин эътироз карданд, ҷарима бастанд.
Бахши қазоқии Радиои Озодӣ рӯзи 29 ноябр дар сомонааш хабар дод, ки додгоҳе дар Кӯкшетау сокинони маҳаллӣ Марат Жанузаков, Бауржан Балташев ва Уалихан Негметовро аз рӯи моддаи «майдаавбошӣ» гунаҳгор ва онҳоро ба пардохти ҷарима дар ҳаҷми 20 нишондиҳандаи моҳона вазифадор кард. Дар додгоҳ гуфтаанд, ки дар қарори ниҳоӣ ҳаҷми пардохти ҷарима 30 дарсад кам карда шуд.
Рӯзи 27 ноябр, дар рӯзи сафари Путин ба Қазоқистон ин се нафар дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Остона бо парчамҳои Қазоқистон ва Украина ва навиштаҷоти «Ҷаноби олӣ, аз Қазоқистон... дафъ шав!» эътироз карданд. Зоҳиран ин навиштаҷот ба мазмуни истеҳзо ба матни таблоҳои кӯчаҳои марказии Остона интихоб шуд, ки дар онҳо мақомот навиштанд: «Ҷаноби олӣ, Владимир Путин, ба Остона хуш омадед!» Полис гуфт, ки навиштаҳои эътирозгарон мазмуни дашном ва таҳқир дошт.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қазоқистон бисёриҳо аз чунин пешвози мақомоти маҳаллӣ ба хашм омаданд ва ВКХ гуфт, матн ба протоколи пешвози президент мувофиқат мекунад, чунки сафари Путин давлатӣ мебошад.
Сафари дурӯзаи Путин ба Қазоқистон, ки он ҷо ҷаласаи сарони кишварҳои СПАД баргузор шуд, шоми 28 ноябр ба анҷом расид. Путин дар ин ҷаласа таҳдид кард, ки ҳамлаҳояшро ба «марказҳои қабули қарор» дар Киев, аз ҷумла, бо истифода аз силоҳи баллистикии «Орешник» идома хоҳад дод.
Полиси Гурҷистон 43 эътирозгарро боздошт намуд
Субҳи 29-уми ноябр мақомоти Гурҷистон бо истифода аз об ва гази ашковар эътирозгаронро аз назди бинои парлумони ин кишвар дур карданд. Дар натиҷа як гурӯҳ рӯзноманигорон ва, аз ҷумла хабарнигори Радиоио Озодӣ, ҷароҳат бардоштанд.
Шоми рӯзи панҷшанбе сарвазири Гурҷистон Иракли Кобахидзе эълон кард, ки ин кишвар музокирот барои узвият дар Иттиҳоди Аврупоро то соли 2028-ум ба таъхир мегузорад ва ҳамчунон аз гирифтани грантҳои буҷавӣ аз иттиҳод даст мекашад.
Баъди интихоботи моҳи октябр, ки бо пирӯзии эътилофи "Орзуи гурҷӣ" хотима ёфта, гурӯҳи ҳоким аксари курсиҳои парлумонро ишғол намуд, мухолифини ҳукумат ва давлатҳои ғарбӣ эътилофи "Орзуи гурҷӣ"-ро бо тақаллуб дар овоздиҳӣ ва имкон додан ба афзоиши нуфузи Русия муттаҳам карданд.
Дирӯз дар Тифлис ба нишони ҳамдилӣ бо мухолифин президенти Гурҷистон Саломе Зурабишвили ба эътирозгарон ҳамроҳ шуд.
Беш аз сад дипломати хориҷии мустақар дар Гурҷистон номаи бозе навишта аз иқдомҳои ахири ҳукумати ин кишвар, ба вижа таваққуфи талоши узвият дар Иттиҳоди Аврупо ва таъқиби эътирози мардуми ҷонибдор аз аҳзоби мухолифинро танқид карданд.
Вазорати умури дохилии Гурҷистон мегӯяд, 43 нафар барои ширкат дар эътироз боздошт шудаанд. Ҳамин ниҳод меафзояд, дар бархӯрдҳо 32 афсари пулис ҳам ҷароҳат бардоштааст.
Нақшаи узвият дар Иттиҳоди Аврупо дар сарқонуни Гурҷистон дарҷ гардидаву эътирозгарон, аз ҷумла президенти ин кишвар иҷрои онро талаб кардаанд.
Соли 2023-ум Гурҷистон мақоми нозир дар Иттиҳоди Аврупоро касб кард, вале моҳҳои ахир, ба вижа баъди қабули қонуни баҳсбарангез дар бораи "Агенти хориҷӣ", равобити Тифлис бо Брюссел сард шудааст.
Ба қавли мунаққидон ин қонун имкон медиҳад, ки расонаҳо ва кормандони созмонҳои ҷамъиятӣ бо "хидмат ба хориҷиён" айбдор карда шаванд.
Моҳи июл ҳукумати ИМА тасмим гирифт, ки тақдими 95 миллион доллар кумак ба ҳукумати Гурҷистонро мутаваққиф кунад. Он замон Вашингтон ҳушдор дод, ки ин кишвар дар ҳоли бозгашт аз роҳи демократӣ қарор дорад.