Эътирозҳо аз замони эълони сарвазири Гурҷистон Иракли Кобахидзе (27-уми ноябр) дар бораи таваққуфи музокироти узвияти Гурҷистон дар Иттиҳоди Аврупо то соли 2028-ум дар маркази Тбилиси ҷараён дорад.
Амалиёти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бомдоди 2-юми декабр оғоз ёфта, афсарон бо истифода аз гази ашковар ва об имкон надоданд, ки норозиён ба майдони назди порлумон бирасанд.
Дар канори истгоҳи метро (ба номи Руставели) даҳҳо нафар боздошт шуд. Тахмин меравад, ки то кунун камаш 200 кас, аз ҷумла раҳбари ҳизби мухолифи ҳукумат Зури Гирчи Ҷапаридзе дастгир шудааст. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, шояд шумори боздоштшудаҳо бештар бошад.
Сарвазири Гурҷистон исрор меварзад, ки президент Саломе Зурабишвили бояд то охири моҳи декабр, яъне бо пурра шудани даври раҳбариаш курсиро холӣ кунад.
Иракли Кобахидзе рӯзи 1-уми декабр гуфт: "Саломе Зурабишвили чор ҳафтаи дигар дар мақомаш мебошад. Ман ҳолати ӯро дарк мекунам. Бояд 29-уми декабр қароргоҳи раёсатҷумҳуриро холӣ намуда, онро ба президенти қонунан интихобшудаи кишвар супорад."
Вай дар ин изҳороташ гуфт, ки Саломе Зурабишвили дар интихоботи 26-уми октябр "ҳамроҳи мухолифини тундгаро буд ва гумон дошт, ки ба ин васила дар курсӣ мемонад, аммо онҳо шикаст хӯрданд."
Интихоботи порлумонӣ дар Гурҷистон бо пирӯзии Эътилофи "Орзуи гурҷӣ" ба анҷом расид. Қаблан президент Зурабишвили ба мисли раҳбарони аҳзоби мухолифи ҳукумат таъкид карда буд, ки дар ин интихобот тақаллуб ҷой дошт. Мақомоти Гурҷистон талоши талаби таҳқиқи тақаллуб дар интихоботро нодида мегиранд.
Президенти Гурҷистон гуфта буд, то ҳалли баҳси интихоботӣ дар додгоҳи конститутсионӣ дар мансабаш мемонад: “Порлумон қонунӣ нест. Порлумони ғайриқонунӣ наметавонад, ки раисҷумҳури навро интихоб кунад. Ба ин тартиб, ягон маросими савгандёдкунӣ намешавад. То порлумон қонунӣ интихоб нагардад, ваколати ман идома хоҳад дошт.”
Сарфи назар аз эътироз ба натиҷаи интихобот ва талаби таҳқиқи айбномаҳо, ҳайати нави порлумони Гурҷистон тасмим гирифтааст, ки дар ҷаласаи 14-уми декабр президенти нави Гурҷистонро интихоб кунад.
Видеоро дар ин ҷо бинед: