Шумораи хукҳои мурда дар рӯде, ки бузургтарин шаҳри Чин-Шангҳайро бо об таъмин мекунад, ба 7500 баробар шуд. Рӯзи панҷшанбе мақомот боз 900 ҷасади навро аз обҳои рӯди Ҳуангпу берун кашиданд. Тахмин мешавад, ки хукҳои мурда аз фермаҳои вилояти ҳамсояи Жеҷиянг мебошанд. Як кишоварз эътироф кардааст, ки ҷасадҳоро ӯ ба об партофтааст. Мақомоти Чин кафолат медиҳанд, ки оби ошомидании 23 миллион аҳолии шаҳри Шангҳай пок хоҳад буд.
(Видеои AP)