Сиёвуш Ҷунайдӣ, шоири тоҷики муқими Қирғизистон, дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар бораи идеология, фазои адабӣ ва сохтмонҳои нав дар Душанбе изҳори назар кард.
Ҳанӯз маълум нест, ки ба изҳороти Раҳматулло Зоиров мақомот чӣ посух медиҳанд, вале дар як изҳороташ дар соли 2006 раиси ҳизби сотсиал-демократ дар маркази як баҳс қарор гирифт. Он замон ӯ гуфта буд, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон “на камтар аз 1000 маҳбуси сиёсӣ нигаҳдорӣ мешавад”.
Раҳматулло Зоиров – раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон – дар номаи боз ба унвонии раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтааст, ки соҳибкор Зайд Саидов ва вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров маҳбусони сиёсӣ ҳастанд.
Муъмин Қаноат, шоири маъруфи тоҷик, гуфт, зиёиён дар мулоқоти рӯзи 20 март бо президент бештар аз дастовардҳо тавсиф кардаанд, ҳол онки ба қавли ӯ "мо чизи арзишманде надорем, ки ба ҷаҳониён пешниҳод кунем".
Комил Ёдгор – рассоми маъруфи тоҷик – мегӯяд, ҳар як асари ӯ ба таърих ё хотирае рабт дорад, ки бо забони рангҳо аз гузашта ва ҳозираи одамон қисса мекунад.
Порлумони Тоҷикистон боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои нав ба кишварро 50 дар сад кам кард. Мақомот гуфтанд, ин қарор ба мошинҳое дахл дорад, ки аз истифодаашон як сол нагузаштааст ва ё 10 000 километрро тай накардаанд.
Болоравии ғайричашмдошти қимати билетҳои ҳавопаймо ба самти Русия, муҳоҷиронро нигарон кардааст. Ин раванд ҳанӯз аз се ҳафта қабл оғоз шуда буд ва дар чанд рӯзи охир ба ҳадди "рекордӣ" барои соли ҷорӣ расид.
Шоҳидони фоҷиаи рӯзи 11-уми март дар ноҳияи Ваҳдат нақл карданд, ки садамаи нақлиётии маргбор дар дараи Ромит чӣ гуна сурат гирифт. Мирзонабии Холиқзод ва Шодмон Ятим ба маҳалли ҳодиса рафтанд.
Абдуназар Чиллаеви солхӯрда посбони қабристони Роҳатии ноҳияи Ваҳдат, фоҷиаи рӯзи 11 март дар ҳамин маҳалро ба ёд меорад, соатҳои дувуним рух дод.
Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ яке аз муаллифони гузориши "Нобаробарӣ ва рушди инсонӣ дар аврупоӣ шарқӣ, Туркия ва Осиёи Миёна" дар бораи нобаробарии иҷтимоӣ дар иқтисод ва бозори кори Тоҷикистон сӯҳбат кард.
Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ яке аз муаллифони гузориши "Нобаробарӣ ва рушди инсонӣ дар аврупоӣ шарқӣ, Туркия ва Осиёи Миёна" дар бораи нобаробарии иҷтимоӣ дар иқтисод ва бозори кори Тоҷикистон сӯҳбат кард.
Таҷлили ин ид ба фарқ аз солҳои гузашта дар шаҳри Душанбе, ором ва бидуни тантана баргузор мешавад.
Ҳукумати Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон 600 бурсияи таҳсил дар мактабҳои олии ин кишварро ҷудо кардааст, ки нисбат ба соли гузашта сад адад бештар аст.
Дар ду моҳи гузашта дар ҳудуди Тоҷикистон тақрибан 700 мавриди тармафароӣ сабт шудааст. Муҳаммадҷон Салимзода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, рӯзи 2 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҳодисаҳо 21 нафар ҷони худро аз даст дода, 3 нафар бедарак шудаанд.
Моҳи апрел дар Тоҷикистон барои ду курсии холишудаи Маҷлиси намояндагон интихоботи миёндавраӣ баргузор мешавад. Комиссияи марказии интихобот омодагӣ ба интихоботро шурӯъ кардааст. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз чанд нафар дар Душанбе пурсиданд, ки депутати худро мешиносанд.
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон субҳи 24 феврал аз дарёи Душанбе ҷасади Шабнами Сӯҳроби 18-соларо берун оварданд. Фарзияи аввалия ин аст, ки ин духтар даст ба худкушӣ задааст. Ҳанӯз маълум нест, ангезаву сабаби ин ҳодиса чист.
Шоми 23 феврал дар маҳаллаи маъруф ба 46-и шаҳри Душанбе як духтари ҷавон худро аз болои пул ба дарё андохтааст. Субҳи имрӯз вақте хабарнигорони Радиои Озодӣ ба маҳалли ҳодиса расиданд, ҷасади ин духтар аз об берун оварда шуд.
Парвози мунтазам ва расмии ҳавопаймои “Сомон Эйр” аз Душанбе ба Тошканд рӯзи 23 феврал низ анҷом нашуд. Мақомот сабаби ин вазъро шарҳ надода, вале сабтиноми мусофиронро қатъ намуданд.
Ёфтҳои бештар