Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабнами 18-сола худро ба дарё андохт. ВИДЕО, АКС


Субҳи 24 феврал хадамоти наҷотдиҳӣ аз дохили дарёи Душанбе ҷасади духтареро берун оварданд. Фарзияи пешакӣ ин аст, ки духтари 18-сола даст ба худкушӣ задааст. Ҳанӯз маълум нест, ки ангезаву сабаби ин ҳодиса чист ва то куҷо воқеан ҳам духтари ҷавон худро ихтиёран ба об андохтааст. Ин ҳодиса дар маҳалли 46-и пойтахт рух дод ва додситонии ноҳияи Фирдавсии пойтахт парвандаи ҷиноӣ боз карда, тафтишро шурӯъ кардааст.

Ҷасади Шабнами 18-соларо аз дарёи Душанбе берун оварданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:23 0:00

Вақте хабарнигорони Радиои Озодӣ субҳи ҷумъа ба маҳалли ҳодиса рафтанд, маъмурони пулис, наҷотдиҳандагон ва хешовандони духтари фавтида ҷасадро аз об берун карда, бо мошине зоҳиран барои ташхиси тиббӣ интиқол медоданд. Тафтишот ва ҳам хешовандон бо баҳонаи ноболиғ будани духтар аз ифшои номи ҷузъиёти дигари хусусии ӯ худдорӣ мекунанд. Масъулини пулис гуфтанд, ки тафсилоти ҳодиса баъдан барои матбуот маълум хоҳад шуд.

Ҳанӯз маълум нест, ки ангезаву сабаби ин ҳодиса чист ва то куҷо воқеан ҳам духтари ҷавон худро ихтиёран ба об андохтааст.

Вале аз рӯи маълумоти онҳо, ҳодиса шоми 23 феврал рух дода ва ҷавоне тавассути телефон ба волидайни духтари фавтида аз худкушии ин сокини 18-солаи шаҳр хабар додааст. Маъмурони пулис аз сӯҳбати хешовандон бо матбуот монеъ шуданд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои Тоҷикистон гуфт, ҳамаи маълумотро дар ин бора баъди тафтиши пешакӣ масъулини додситонии ноҳияи Фирдавсӣ эълон хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон 24 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки воқеан субҳи имрӯз наҷотдиҳандагон дар маҳаллаи 46-и пойтах аз дохили оби рӯдхона ҷасадеро берун овардаанд. Вай афзуд, "субҳи 24 феврал наҷотдиҳандагон аз дохили дарё ҷасади духтараки 18-соларо берун оварданд. Муайян карда шуд, ки ин духтарак Шабнами Сӯҳроб ном дорад. Наҷотдиҳандагон тибқи муқаррарот ҷасадро барои ташхис ба кормандони милитсия супориданд. То ҷое огаҳӣ дорам, додситонӣ дар ин замина парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Бозрасон бояд мушаххас кунанд, ки ин ҳодиса чӣ гуна рух додааст – ин худкушӣ ё ҳодисаи тасодуфӣ буд."

Дар ҳоле, ки ҳанӯз ин ҳодиса назар ба ҷавоб саволи бештар эҷод мекунад, таъкид мешавад, ки ҳодисаҳои худкушӣ дар миёни занон дар Тоҷикистон нав нест. Дар соли 2016 дар Тоҷикистон 327 ҳодисаи худкушӣ ва ё талоши худкушӣ сабт шудааст. Ба ин иқдом 159 мард, 168 зан ва 55 ноболиғ даст задаанд. Бархе аз занҳо ва бонуҳо андохтани худ ба рӯдхонаро роҳи худкушӣ интихоб мекунанд.

Ваҳшатноктарин ҳодиса - худкушии Зӯҳро Маҳмуродова, сокини деҳаи Қибили шаҳри Норак расо 1 сол пеш буд. Ин зан ҳамроҳ бо 4 фарзанди ноболиғаш рӯзи 5 феврали соли гузашта худро ба дарёи Вахш афканд. Ин ҳодиса ҷомеаи Тоҷикистонро таконзада кард. Тафтишот баъдан маълум кард, ки Зӯҳро бо хонаводаи шавҳараш мушкилот доштааст ва сабаби аслии аз зиндагӣ дасту дил шустани ӯ – азият дар хонаводаи ҳамсар будаааст.

Масъалаи худкуширо созмонҳои мудофеи ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон хеле ҷиддӣ ва нигаронкунанда меноманд ва мегӯянд, дар аксар ҳолатҳо хушунати хонаводагӣ сабаби ин ҳодисаҳо мешавад. Қурбониён маъмулан худкуширо ҳамчун роҳҳали мушкилоти зиёди иҷтимоиву иқтисодии худ интихоб мекунанд, ки аз назари фаъолони ҳуқуқи занон, хеле нигаронкунанда аст.

XS
SM
MD
LG