Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои Қадамҷон Сафизода, корманди пешини дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва шаш тан аз ҳамроҳонаш, мутаносибан аз 13 то 17 соли зиндонро талаб кард.
Дар шаҳри Хуҷанд нахустин маркази гуфтордармонӣ ё логопедӣ боз гардид, ки дар он ба кӯдакони нуқси забондор талаффузи дурусти ҳарфҳо ва гап заданро то замони мактабравӣ ёд медиҳанд.
Ҳунарпешаи маъруфи театру синамои тоҷик 80-сола шуд. Яке аз пештозтарин ҳунарпешаҳои зани синамои тоҷик дар кору зиндагии хусусӣ шебу фарозҳои зиёдеро пушти сар кардааст.
Чоҳҳои махсус дар 10-километрии шаҳри Душанбе пур аз ҷасади саг аст. Сагҳои, ба гуфтаи масъулин, бесоҳибу беморе, ки аз хиёбонҳои шаҳр пайдо мешаванд ва ба ҳамин чоҳҳо интиқол меёбанд.
Фаридун Усмонов мегӯяд, ки таъсиси маҷаллаи “Иқтисодчӣ”-ро ду сол қабл тарҳрезӣ карда буд. Ӯ бо пасандози худ авохири соли 2016 ба чопи маҷаллаи “Иқтисодчӣ” шурӯъ кард. Фаридун Усмонов бо итминон мегӯяд, ки аллакай нашри 5 шумораи маҷалла баёнгари он аст, ки ин самт барои тиҷорат судовар аст.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон имсол дар шаҳри Душанбе нисбат ба солҳои гузашта бошукуҳтар таҷлил шуд. Дар ин чорабинӣ, ки 1-уми июн дар маҷмааи фарҳангии Аҳорун ё Амфитеатри собиқ баргузор шуд, беш аз дувуним ҳазор кӯдаку наврас иштирок карданд.
Мақомоти қудратии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бинои Телевизиони Тоҷикистонро аз дасти террористи рамзӣ, ки гӯё онро “ғасб” карда ва кормандонро гаравгон гирифта буд, озод намуданд.
Бо вуҷуди эълони тадобири сахтгиронаи шаҳрдорӣ дар мавриди танзими нархҳои маводи мавриди ниёз дар моҳи Рамазон баҳои маводи ғизоию маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе ҳамчунон баланд боқӣ мондааст.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар даъват кардааст, ба хотири депорт ё ихроҷ нашудан, аз сафар ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Қазон ва Сочиии Русия то 12 июл худдорӣ кунанд.
Афзалмоҳ Хоҷаева, роҳбари хоҷагии деҳқонии “Комрон” дар ноҳияи Ёвон, гуфт, як сол боз барои барқарории ҳуқуқи худ талош дорад, аммо ба натиҷае нарасидааст. Ду қарори раиси ноҳия дар бораи як замин боис ба ин моҷаро шудааст.
Шаҳрдори Душанбе гуфтааст, барои роҳ надодан ба афзоиши нархи ғизо дар моҳи Рамазон, назорати ҷамъиятиро ба роҳ мемонад.
Шаҳрдори Душанбе гуфтааст, барои роҳ надодан ба афзоиши нархи ғизо дар моҳи Рамазон назорати ҷамъиятиро ба роҳ мемонад.
Реҷаи Ҳуснорои 16-сола, аз дигар дугонаву ҳамсабақонаш фарқ мекунад. Ӯ барои бозиву сӯҳбат бо ҳамсолон вақти зиёд надорад, чунки баъд аз дарси мактаб шогирдони хурдсолаш ӯро интизоранд.
Бо роҳандозии як тарҳ, Оҷонсии ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе, мехоҳад дар низоми нафақаи кишвар ислоҳот ворид кунад.
Бо роҳандозии як лоиҳа Иттиҳоди Аврупо бо ҳамкории Агентии ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон мехоҳад дар низоми нафақаи Тоҷикистон ислоҳот ворид кунанд.
Таҳмина Раҷабова, ҳунарпешаи ҷавони тоҷик дар бораи саргузашташ дар Афғонистон нақл кард, ки чӣ гуна зери тирборон монд.
Таъини ҷазои интизомӣ барои вазирону раҳбарони кумитаҳои давлатии Тоҷикистон ҳангоми шикастани савганд ба раиси ҷумҳур бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ шудааст.
Исфандиёр Ғуломов, ҳунарманди шинохтаи тоҷик, ки солҳои охир дар театри ба номи Абулқосим Лоҳутии пойтахт фаъолият дорад, ба синни 70 расид.
Исфандиёр Ғуломов, ҳунарманди шинохтаи тоҷик, ки солҳои охир дар театри ба номи Абулқосим Лоҳутии пойтахт фаъолият дорад, ба синни ҳафтод расид.
Ёфтҳои бештар