Раҳматилло Зоиров, раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифтааст. Зоиров рӯзи 14-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳамла шаби нуҳуми ноябр, ҳангоме ӯ сагашро ба берун бароварда буд, дар болои пул ё купрӯки маҳаллаи 103-юми пойтахт, дар наздикии манзили зисташ иттифоқ афтодааст.