Коммунистҳои Душанбе 100-солагии Инқилоби Октябрро бо маросими гулгузорӣ дар пояи пайкараи пешвои болшевикҳо дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ -- танҳо макони ҷамъиятие, ки пайкараи Владимир Ленинро ҳифз кардааст - ва ҳам дар назди нимпайкараи доҳии пролетариат дар долонҳои дафтари ҳизби коммунист дар шаҳри Душанбе, ҷашн гирифтанд.
Коммунистҳо яке аз ҳафт ҳизби расмии Тоҷикистонанд ва мегӯянд, 35 ҳазор узв доранд ва имсол ба ҳайати худ боз 1000 узви ҷавонро пазируфтаанд. Раҳбарияти ҳизб иддао мекунад, ки ормони пойдории адолати иҷтимоӣ ва баробарии ҳуқуқи мардум дар ҷомеа, таваҷҷӯҳи ҷавонҳоро ба ин ҳизб ҷалб мекунад.
Зарагул Мирасанова, як масъули Ҳизби коммунисти Тоҷикистон рӯзи 7-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Дар ин рӯз бахшида ба садсолагии Инқилоби Октябр ҳамчунин дар идораҳои ҳизб дар минтақаҳо, ноҳияҳо конфронсҳои илмӣ амалӣ баргузор шуда истодааст."
Ҳизби коммунист дар Тоҷикистон соли 1924 таъсис шуда, дар тамоми 70 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ ҳизби марказӣ ва яккаҳукмрон буд. Баъди пошхӯрии низоми собиқ, намояндагии ҳизб дар Тоҷикистон аз нав сабтином шуд ва то соли 2015 ду узви доимии он дар парлумон намояндагӣ мекард. Вале баъдан он даргири баҳсҳои дохилиҳизбӣ ва зоҳиран фаъолияташ камранг шуд.