Ба аёдати як момодояи собиқ, ки замоне дигарон дастнигараш буданд, аксаран қавми лӯлиҳо меоянд. Ҳанифа Сабзаева мегӯяд, бо вуҷуди хидматҳои зиёдаш ба мардуми ноҳияи Восеъ аз соли 2012 то имрӯз аз мақомот ва ҳамкорон касе дари ӯро накуфтанд.
Урунбой Тӯрдиев, як сокини Кӯлоб, мегӯяд, шоҳиди чӣ гуна ба истиқлол расидани Тоҷикистон буд ва он рӯзҳоро наметавонад ба осонӣ фаромӯш кунад. Ӯ гуфт, ҳарчанд рӯзҳои аввали ба истиқлол расидани Тоҷикистон вазнин буд, "ҳоло сокинон роҳи зиндагии худро ёфтаанд". Тӯрдиев ба ошпазӣ машғул аст.
Сумаяи Фирдавс, духтари ҳафтсолаи як муҳоҷири тоҷик, имсол дар баробари 200 ҳазор нафар ба синфи 1-ум ба яке аз мактабҳои Душанбе рафт. Падараш Фирдавс як сол боз дар Русия аст ва ҳоло аз фосилаи 4 ҳазор километр дур ҳар шаб бо духтараш дарс омода мекунад.
Сарнавишти ду хоҳар, ки овони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз ҳам ҷудо шуданд ва як порча шеър дубора онҳоро ба ҳам расонд.
Масайн Масайнов аз устоҳои шинохтаи созҳои мусиқӣ дар Тоҷикистон аст ва ҳамроҳи хонаводааш дар ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон зиндагӣ мекунад.
Нигор Ашӯрова, сокини 66-солаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ), мегӯяд, ки баъди ҷазо гирифтани чаҳор фарзандаш барои қочоқи маводи мухаддир аз деҳаи Қавоқ ронда шудааст. Сокинон иддао кардаанд, ки фарзандонаш деҳаро бадном карданд ва ӯ бояд аз ин деҳа биравад.
Нигор Ашӯрова, сокини 66-солаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ), мегӯяд, ки баъди ҷазо гирифтани чаҳор фарзандаш барои қочоқи маводи мухаддир аз деҳаи Қавоқ ронда шудааст. Сокинон иддао кардаанд, ки фарзандонаш бо аъмоли худ деҳаро бадном карданд ва ӯ бояд аз ин деҳа биравад.
Бурихол Зуҳурова 33 сол дорад.Ба қавли падару модараш дар яксолагӣ гирифтори бемории фалаҷ шудааст. Ӯ ҷойи дастҳо бо пойҳояш ҳама корҳоро анҷом медиҳад: ҷома мешӯяд, хурок мепазад ва либос медӯзад.
Хонаи помирӣ аз панҷ сутуни асосӣ, чӯбҳои пайвасткунанда ва равзана иборат аст, ки ҳар яке рамз ва маънии худро доранд. Дар гузашта, ин панҷ сутун бо номҳои марбут ба фарҳанги маздоӣ – Аноҳита, Суруш, Озар, Замйод ва Меҳр – ёд мешуд.
Хонаи помирӣ дар заминаи афкори динии мардум бунёд шудааст. Тули таърих ин ақоид аз қолаби зардуштӣ ба исломӣ табдил ёфтаанд. Ончӣ дар як давраи таърихи бо номҳои марбут ба фарҳанги маздоӣ ёд мешуд, бо омадани мазҳаби исмоилия ба Бадахшон номҳои исломӣ гирифтанд.
Франсуа Молан додситони шаҳри Порис гуфт, ҷавоне, ки дар рӯзи таҷлили "Фатҳи Бастилия" дар шаҳри Ниси Фаронса 84 нафарро кушт, моҳҳо барои ин ҳамла омодагӣ гирифтааст ва дасти кам 5 нафар ба ӯ кӯмак кардаанд.
Истиқбол аз ноком шудани кудато, Нигаронӣ аз бархӯрди дурушти мақомоту таҳдиди аз байн рафтани арзишҳои демокративу озодиҳои шаҳрвандӣ ва эҳёи ҳукми эъдом ва Умед ба он ки Анқара ба гирдоби нооромиҳо кашида нахоҳад шуд.
Павел Шеремет, журналисти маъруфи беларус, ки 5 соли охир дар Украина кору зиндагӣ мекард, бар асари таркиш дар шаҳри Киев кушта шуд. Ӯ аз мунтақидони сарсахти сиёсатҳои кунунии Русияву Беларус ба шумор мерафт.
Додгоҳи низомии Душанбе як сарбоз ва ду афсари қисми низомии 02011-и Қушӯнҳои зудамали Вазорати дифоъ дар ноҳияи Раштро дар латту кӯб ва марги ҳамхизматашон Бахтиёр Қурбонмадов гунаҳкор дониста, ба зиндон маҳкум кардааст.
Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, гуфт, ки дар пурра қатъ шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи бародараш Наҷмиддин Саидов - раҳбари намояндагии "Тоҷиксодиротбонк" дар ноҳияи Данғара заррае даст надорад.
Раиси ҷумҳури Туркия дар аввалин нишасти матбуотӣ баъд аз кӯшиши гирифтани ҳукумат аз тарафи як гурӯҳ низомиён изҳор дошт, ки ҳеҷ гоҳ кишварро ба дасти "бадхоҳон" намедиҳанд.
Рӯзи 17 июл ба исёни мардум алайҳи Русияи подшоҳӣ дар Хуҷанд 100 сол пур мешавад. Ин исён бо номи “Шӯриши Ходими Ҷамолак” ҳам маъруф аст.
Мақомоти додситонии Суғд мегӯянд, ки дар робита ба фирори се маҳбус аз зиндони рақами 3/3-и Хуҷанд ду масъули ин муассисаи ислоҳӣ боздошт шуда, алайҳи онҳо бар асоси моддаи "хунукназарӣ" парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардидааст.
Масъулони Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯянд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди кишвар 11 ҳазор заминларза ба қайд гирифта шудааст.
Азизулло Мирзозода, муовини аввали раиси Кумитаи дин дар нишасти ахири Кумита дар посух ба суоли Озодӣ гуфт: “Зарурати рафта, дар дастурхони соҳиби маърака нишастан нест.
Ёфтҳои бештар