Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаи помирӣ - намое аз фарҳанги зардуштӣ ва исломӣ. ВИДЕО


Хонаҳои помирӣ аз чӯбу лой ва санг бунёд шуда, на танҳо беҳтарин шароитро барои зиндагӣ дар сахтиҳои кӯҳистонро фароҳам мекунанд, балки чун хазинаи ғании фарҳанги қадим дониста мешаванд. Мардуми виляоти Бадахшон хонаи худро дар заминаи афкори динӣ бунёд карда ва тӯли таърих ин ақидаҳо аз қолаби зардуштӣ ба исломӣ табдил ёфтааст.

Хонаҳои помирӣ аз панҷ сутуни асосӣ, чӯбҳои пайвасткунанда ва равзана иборат аст, ки ҳар яке рамзу маънии худро доранд. Дар гузашта, панҷ сутуни хонаи помирӣ бо номҳои марбут ба фарҳанги маздоӣ – Аноҳита, Суруш, Озар, Замйод ва Меҳр – ёд мешуд. Бо омадани мазҳаби исмоилия ба Бадахшон ин сутунҳо номҳои исломӣ гирифтанд.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАРРО ДАР ИН ВИДЕО БИНЕД:

Хонаи помирӣ намое аз фарҳанги зардуштӣ ва исломӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:15 0:00

XS
SM
MD
LG