Дар Тоҷикистон аксарияти онҳое, ки аз 30-сола боло ҳастанд, мегӯянд, омӯхтани забони хориҷӣ барояшон дер шудааст ва мумкин аст, ба осонӣ ёд нагиранд. Вале Марзиямо Шарифова, сокини 72-солаи ноҳияи Восеъ мегӯяд, ин фақат як баҳона аст ва агар инсон кӯшиш кунад, дар ҳар синну сол чизи наве ёд мегирад.