Тирамоҳи сарду бе берқи имсола сад хонаводаи деҳаи Оқмазорро дар водии Вахши вилояти Хатлон нигарон кардааст. Инҷо дар муқоиса ба минтақаҳои дигари кишвар иқлими гарм дошт, вале имсол якбора сард шуд.
Мақомоти Тоҷикистон қасд доранд, ки барои ҷалби кӯмак ва сармояи тоҷикони бурунмарзӣ, бахусус муҳоҷирон дар Русия, сандуқ ё фонди махсус ташкил кунанд. Ин хабар дар нишасти рӯзи 16-уми октябр дар Душанбе бо ҳузури мақомот ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ эълон шуд.
Мақомоти Тоҷикистон қасд доранд, ки барои ҷалби кӯмак ва сармояи тоҷикони бурунмарзӣ, бахусус муҳоҷирон дар Русия, сандуқ ё фонди махсус ташкил кунанд.
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд муҳлати пардохти маблағи ҷаримаи Хайрулло Мирсаидов, журналист ва раҳбари КВН-и Тоҷикистонро танҳо то 2 моҳ - то 15 декабри соли ҷорӣ тамдид кард.
Искандари Хатлонӣ, шоир ва хабарнигори шинохтаи тоҷик, агар зинда мебуд, рӯзи 12-уми октябр 64-сола мешуд. Ӯ ҳаждаҳ сол қабл, дар ҳоле ки барои Радиои Озодӣ кор мекард, дар манзили иҷорааш дар Маскав ба қатл расид.
Искандари Хатлонӣ, шоир ва хабарнигори шинохтаи тоҷик, агар зинда мебуд, рӯзи 12-уми октябр 64-сола мешуд.
Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ – раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон, дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон ба суоли хабарнигорони тоҷик, аз ҷумла чанд суоли Радиои Озодӣ посух дод.
Як ҳафта баъди он, ки Таманно Каримова барои ҳамзистӣ бо як ҷангии узви гурӯҳии "Давлати исломӣ" аз ҷониби додгоҳи Бағдод ба 20 соли зиндон маҳкум шуд, духтари наврасаш дар шаҳри Кӯлоб ҳам аз ин хабар огоҳ шуд.
Масъулони Ҳизби демократи Тоҷикистон иддао доранд, ки аз як "табаддулот"-и дохилиҳизбӣ ҷилавгирӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, ин "табаддулот" нақшаи камранг кардани эътибори раиси он Саидҷаъфар Усмонзодаро дар назар доштааст.
Cайиднодир Ҳайдаров, 30-cол дорад. Дувоздаҳ сол пеш ба сохтани созҳои мусиқӣ шавқ пайдо кард ва ба дар ин син ба устоди кораш табдил шуд.
лабчанг фармоиш медиҳанд. Сайиднодир Ҳайдаров бо як доирааш бисёриҳоро ба ҳайрат гузошт ва бо доираи якуним метрӣ, ки онро дар 28 рӯз сохта ба итмом расонидааст. Меҳмонони хориҷӣ хостаанд, онро 16 ҳазор сомонӣ харида аз Тоҷикистон берун баранд, вале мақомот гуфтаанд, беҳтар аст дар кишвар бошад.
Ҳукумати ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон ба сабаби норозигии сокинони як маҳалла "Муҷассамаи буз" - рамзи табиати зебои ноҳияро барканд. Муҷассамаи бузи кӯҳиро, ки тақрибан як километр дуртар аз қароргоҳи ҳукумати Мӯъминобод ҷойгир буд, чаҳор сол пеш дар маҳаллаи ба номи Абдулло Давлатов гузоштанд
Як оила дар вилояти Хатлон аз мақомоти Тоҷикистон барои баргардондани набераи ҳаштмоҳаашон Абдулло аз Ироқ кумак мехоҳанд.
Бархе аз сокинони ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯянд, ки аз тамошои телевизионҳои кишвар маҳруманд.
Сокинони ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистону Узбекистон, ки ба қавли худашон ҳадди ақал ҳафтае як бор барои харид ваё хабаргирии дӯстону пайвандон аз сарҳад мегузаранд, хоҳиш доранд ба онҳо бо шиносномаи дохилӣ иҷозаи сафар дода шавад.
Дилрабо Самадова, раиси созмони «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» дар нишасти ҳуқуқи башари Варшава дар бораи нақши вакилони мудофеъ (адвокат) дар Тоҷикистон суҳбат кард.
Пас аз ду сол ҳайати Тоҷикистон зери раҳбарии Низомиддин Зоҳидӣ, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава иштирок кард. Соли 2016 иштироки мухолифин ва эътирози густардаи онҳо ҳайати ҳукуматро маҷбур намуда буд, ки ҷаласаро аз нимаш тарк намоянд.
Стив Свердлов – пажуҳишгари созмони Ҳюман Райтс Вотч дар умури Осиёи Марказӣ – гуфт, ки Тоҷикистонро зарур аст дар баробари ҳифзи субот ҳуқуқи башарро низ ҷиддӣ риоя кунад.
Ёфтҳои бештар