Стив Свердлов – пажуҳишгари созмони Ҳюман Райтс Вотч дар умури Осиёи Марказӣ – дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Тоҷикистонро зарур аст дар баробари ҳифзи субот ҳуқуқи башарро низ ҷиддӣ риоя кунад. Суҳбати хабарнигорони мо бо Стив Свердлов рӯзи 13-уми сентябр дар Варшава сурат гирифт.
Раҳбари НАНСМИТ ё Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар ҷаласаи САҲА таваҷҷӯҳи ҷомеаи байналмилалиро ба зиёд шудани мизони худсензура дар расонаҳои мустақили кишвар ҷалб кард.
Дар шаҳри Варшава дар як нишасте мустақилияти додгоҳҳо дар кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкориҳои Аврупо баррасӣ шуд. Мӯъмин Аҳмадӣ, хабарнигори Радиои Озодӣ бо Ҷамшед Ёров, вакили дифои муқими Аврупо дар бораи мустақилияти додгоҳҳо дар Тоҷикистон суҳбат кард.
Ду намояндаи матбуоти Тоҷикистон, ки дар баррасии масоили ҳуқуқи башар дар Варшава ширкат мекунанд, аз минбари САҲА аз мушкилоти матбуот ва озодии баён сӯҳбат карданд.
Дар поёни рӯзи дуюми ҷаласаи ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава миёни баъзе аъзои ҳайати ҳукуматӣ ва мухолифони тоҷик муноқиша рух дод. Мақомот ҳодисаро "тавтеа" номиданд.
“Дар назди мактаби рақами 16 филми “Дувоздаҳ соли интизорӣ” намоиш дода мешавад. Биёед, бепул.” Бо чунин нидо кормандони “Суғдсинамо” филми худро барои тамошо ба назди мардуми деҳаҳои вилоят бурдаанд. Даъват тавассути баландгӯяк сурат мегирад ва ин кор барои сокинони баъзе деҳаҳо ҳодисаи нав аст.
Як зани нобино дар шаҳри Кӯлоб ба фарқ аз ҳамтоёни дигари худ тақдирашро ба дасти хонавода ваё маркази маъюбон насупорид, балки ба ташкили оила ва анҷоми корҳои ҳаррӯза пардохт. Сарварбӣ Ҳалимоваи 36-сола бе ёрии касе хӯрок мепазад, хона мерӯбад ва дар вақти холиаш бофандагӣ мекунад.
Тифли ҳашткилоӣ, ки ду моҳ қабл дар яке аз таваллудхонаҳои шаҳри Кӯлоб ба дунё омад, бо шири ду модар бузург мешавад. Ин тифлро Рустам ном гузоштаанд, чун, ба қавли хонаводааш моҷарои таваллуди ӯ ба достони "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ бисёр монанд аст.
Ба хирсаки наре, ки 1-уми январи имсол аз модари тоҷикаш Гул ва падари чехаш Алтай таваллуд шуд, дар маросими вижае тоҷикӣ номгузорӣ шуд. Исми хирсакро Нохунсафед гузоштанд. Ба ин муносибат ба модару кӯдак як кӯлчақанди махсус ҳам тақдим шуд, ки аз меваву шириниҳои табиӣ ва яхзада таҳия шудааст
Хайрулло Мирсаидов, хабарнигори шинохта ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон дар суҳбати ихтисосии видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ба зудӣ ба журналистика бармегардад ва ба мушкилу ҳаводиси кишвар бетараф нахоҳад буд.
Мақомоти ҷангали минтақаи Кӯлоб дар мавсими имсолаи пистачинӣ 7 тонна пистаи хоми ҷамъоваришударо аз сокинони маҳаллӣ мусодира карданд. Дар баробари мусодираи ҳосили писта, масъулони ҷангал нисбати сокинон бинобар ҷамъоварии ғайриқонунии писта, 67 санад тартиб додаанд.
Баҳси рафтану омадани бозигарони машҳур баъд аз Ҷоми ҷаҳон.
Фақат ин бор Симурғи муъҷизакор табибони таваллудхона буданд.
Волидайн ва пайвандони Хайрулло Мирсаидов рӯзе баъд аз содир шудани ҳукми додгоҳи Хуҷанд, ки писари онҳоро ба 12 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард, ҳанӯз ҳам ба худ наомадаанд ва мегӯянд, ки умеди худро ба адолати судӣ тақрибан аз даст додаанд.
Волидайни бозигарони дастаи Белгия ба Русия, барои дастгирии фарзандонашон, омаданд.
Златко Далич баъд аз мағлуб сохтани дастаи Русия дар бораи омодагии мунтахаби Хорватия ба сабқатҳои баъдӣ гуфт.
"Гирифтани ҷоми ҷаҳон ба вазифаи муҳими давлатӣ табдил меёбад"-мегӯяд Дарио Родригес
Чашми пурашки мухлис аз чӣ гувоҳӣ медиҳад?
Мухлисон ва бозигарон гуфтанд,ки натиҷаҳои Ҷоми ҷаҳон аз кӣ вобаста аст.
Онҳо 30 дақиқа барои дастагуле дар шакли Ҷоми ҷаҳон сабқат карданд,
Ёфтҳои бештар