Соли 2018 аксар таронаҳои наву тозаи ситораҳои тоҷик на аз саҳнаҳои баланди ҳунарӣ, балки бештар тавассути шабакаҳои иҷтимоиву интернет ваё озмуну ҷашнвораҳо дар хориҷи кишвар муаррифӣ шуд.
Устоди маъруфи рақси касбии тоҷикӣ Зебо Аминзода дар бораи вазъи ҳунари рақс дар Тоҷикистон дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кард
Додгоҳи шаҳри Ҳисор ба муҳокимаи подполковники милиса Санъатулло Саъдуллоев оғоз кардааст, ки ба дузанагӣ муттаҳам мешавад. Мурофиа рӯзи 12-уми декабр сар шуд.
Ҳасан Азимов, собиқ мудири корхонаи паррандапарварии ноҳияи Рӯдакӣ, баъди чаҳор соли раҳоӣ аз зиндон, дубора дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.
Дар вилояти Хатлон ягона корхонаи трансформаторсозӣ дигарбора ба кор шуруъ карда ва дархости зиёде ҳам гирифтааст.
Баъзе аз сокинони Хатлон мегӯянд, бо вуҷуди талаби дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ барои расидагӣ ба шикоятҳояшон мақомоти ноҳияву шаҳрҳо ба мушкилоти онҳо эътибор намедиҳанд.
Шарифхон Почоев, сокини ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, ки соли гузашта аз мақоми сарчӯпони корхонаи "Тебалай" аз кор ронда шуда буд, барои барқарории адолат мубориза бурд ва ба мақсад расид. Додгоҳи ноҳияи Муъминобод моҳи ноябри имсол қарор кард, ки Почоев дар мақоми худ барқарор шавад.
Деҳаи Умари Хайём дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ва дар наздикии марзи Афғонистон бо фаро расидани шаб комилан "нопадид" мешавад.
Сироҷиддин Муҳриддин (Аслов) – вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон – дар як нишасти матбуотӣ дар Брюссел эълон кард, ки дар исёни шаби ҳафтуми ноябр дар зиндони Хуҷанд 21 ошӯбгар "безарар гардонда шуд".
Вақте дар осмон торикӣ мепечад, дар кӯчаҳои шаҳри Норак гурӯҳи мардоне бо камзул ва дастбанди сурх пайдо мешаванд. Амали шубҳаовар ва муноқишаи хурдтарин дар хиёбонҳо аз чашми онҳо пинҳон намемонад.
Як ҷавони маълул дар Кӯлоб омӯзгориро пеша карда, ба маълулони дигар информатика дарс мегӯяд.
Абдулазиз Раҷабов, сайёҳи тоҷик, ки бо номи "Ҳоҷӣ Пиёда" маъруф аст, имсол ба самти кишварҳои Аврупо сафар дорад.
Расонаҳо дар чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, мақоми рамзии ҳукумати чаҳорумро аз даст медиҳанд. Ин хулосаи як таҳқиқи Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳи Бритониёст.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки давлати Украина яке аз "хатарноктарин" тоҷики узви гурӯҳи тундрави ДИИШ-ро, ки ду соли пеш бо дархости "Интерпол" боздошт карда буд, раҳо кардааст. Пайвандон ва вакили дифояш ӯро бегуноҳ медонанд.
Мақомоти шаҳрдории Душанбе ба таҳияи феҳристи сокинони маҳаллаи мавсум ба "Варзоб ГЭС" шурӯъ карданд, ки баъди тахриби манзилҳояшон қарор аст бо ҷубронпулӣ таъмин шаванд.
Бабрҳои барфӣ - дар ҳолати шикор, дар оғӯши кӯҳҳои пурбарф ва гаштугузори онҳо дар дили шаб. Ин намунаи аксҳои ин ҷонвари нодир аст, ки дар аввалин намоишгоҳе дар Душанбе пешкаши дӯстдорони табиат шуд.
Николай ва Александра гирифтори вируси норасоии масунияти бадан ҳастанд. Чанд сол боз ҳеҷ санади расмӣ надоштанд, ҳоло гирифтанд ва мехоҳанд, кор кунанд ва ба хонае баргарданд, ки ба қавли Александра онҷо "ош" бошад.
Ёфтҳои бештар