Як модар дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон аз тариқи додгоҳ аз писараш алимент ё кумакпулии ҳатмӣ талаб кард. Додгоҳ талабашро иҷро кард ва ба писараш амр дод, ҳар мо 70 сомонӣ ба модараш бидиҳад.
Як модар дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон аз тариқи додгоҳ аз писараш алимент ё кӯмакпулии ҳатмӣ талаб кард. Додгоҳ низ талабашро иҷро кард ва ба писараш амр дод, то ҳар моҳ ба модараш 70 сомонӣ кӯмакпулӣ бидиҳад.
Кишоварзони бузургтарин вилояти зироатпарвари Тоҷикистон рӯзи 15-уми октябр ба ҷашни Меҳргон дастранҷи худро оварданду пешниҳоди мардум карданд. Меҳргон ҷашнест, ки деҳқонон баъди ҷамъоварии ҳосил ҷашн мегиранд ва барои соли оянда дуо мекунанд, ки ҳосилашон фаровонтар шавад.
Додгоҳи шаҳри Норак баъди 8 моҳ ҳукм кард, ки Зӯҳро Маҳмуродова ва чор фарзандаш бинобаро моҷароҳои хоҳаршӯи 17-солааш даст ба худкушӣ задааст. Додгоҳ Моҳира Холоваро, ки ноболиғ аст ба 140 соат корҳои ҳатмӣ маҳкум кард.
Меҳргон яке аз ҷашнҳои бошукӯҳи мардуми ориёӣ, бахусус тоҷикон аст, ки дар ҷануби Тоҷикистон аз нав рангу ҷилои тоза мегирад. Ин ид бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон аз панҷуми августи соли 2009 расман дар тамоми гӯшаю канори кишвар баргузор мешавад.
Як мактабхони 17-сола аз Қубодиён аз баҳри хариди телефони ҳушманду планшет гузашта, пули дар ихтиёр будаашро барои кӯмак ба оилаҳои фақиру нодор сарф кард.
Бархе аз ҷавонон шикоят доранд, ки баъди адои хидмати артиш натавонистаанд кумакпулии семоҳаро аз идораи шуғли аҳолии ҷои иқоматашон дастрас кунанд. Ин кумакпулӣ бар асоси қонун дар як моҳ 250 сомонӣ муқаррар шудааст.
Додситонии шаҳри Сарбанд паёмадҳои як фоҷеаро таҳқиқ мекунанд, ки бо ишқи гарми ду ҷавон шурӯъ шуда, бо марги писару модар анҷомид.
Даҳҳо дӯзанда ин шабурӯз ба таҳияи либоси беш аз ду ҳазор омӯзгори ноҳияи Бохтар машғуланд. Ин либосҳо, ки барои омӯзгорони мард ба қимати 300 сомонӣ ва аз матои рангаш кабуди тира омода мешавад, аз либоси намояндагони идораҳои дигар тафовут хоҳад дошт.
Дар ноҳияи Ҷайҳун, Қумсангири собиқ занони рустоҳо урфу одатҳои қадим ва иртиҷоиро канор гузошта ва бизнесу ҳунар меомӯзанд, то мустақил шаванд ва зиндагиашонро беҳтар кунанд.
Дар натиҷаи аз баландӣ сарозер шудани мошини боркаш дар ноҳияи Хуросон як нафар ҷон дода ва 14 сарбоз захмӣ шудаанд. Дар ҳукумати Хуросон гуфтанд, ҳодиса рӯзи шанбе, замоне иттифоқ афтодааст, ки сарбозон аз ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳудуди Хуросон барои ҳезумчинӣ рафтаанд.
Пулиси шаҳри Қурғонтеппа Мӯъмин Норматови 40-сола, мураббии варзиши боксро дар сирқати 48 ҳазор доллар аз манзили як корманди гумруки вилояти Хатлон гумонбар донист.
Нигаронии мақомоти тоҷик аз хатароти тундгароӣ онҳоро водор кардааст, ки барои аҳолии узбакзабони маҳаллӣ барномаҳои вижаи зиддиифротишавиро ба забони модарии онҳо ба роҳ монанд.
Ин китобхона,ки даҳ сол пеш боз шудааст, яке аз марказҳои асосӣ барои таълими забони англисӣ барои ҷавонони Қурғонтеппа аст.
Салтанат Каримова кор дар ҳукумати ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ва созмонҳои ҷамъиятиро ба хотири ангурпарварӣ тарк кардааст. Дар ҳоле ки кишоварзон аз бӯҳрони молӣ суҳбат мекунанд, вай аз даромади имсолааш розӣ буда, ба ояндаи тиҷораташ хушбин аст.
Ҷамшед, ки дар овони кӯдакӣ Қурбоналӣ ном дошт, баъди 25 сол модари аслиашро пайдо кард. Ҷамшедро даргириҳои солҳои навадум аз падару модараш ҷудо намуд ва тӯли ин муддат ӯ дар дасти як оилаи дигар ба воя расид.
Дар Тоҷикистон садҳо қарори тақсими заминро беэътибор кардаанд ва аз мардум хостаанд, хонаҳои сохтаашонро вайрон кунанд. Ин мардум мепурсанд, чаро раисон, ки бо қонуншиканӣ замин додаанд, ҷазо намегиранд?
Додгоҳи вилояти Хатлон Ориф Ҳайбуллоев, мудири шӯъбаи кадрҳои ҳукумати ноҳияи Қубодиёнро ба мӯҳлати 7,5 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Додгоҳи вилояти Хатлон як духтури собиқадори ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро баъди 18 соли содир шудани ҷиноят ба 24 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард.
Ёфтҳои бештар