Пулиси шаҳри Қурғонтеппа Мӯъмин Норматови 40-сола, мураббии варзиши боксро дар сирқати 48 ҳазор доллар аз манзили як корманди гумруки вилояти Хатлон гумонбар донист.
Як манбаъ аз пулиси шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи ҷумъаи 30 сентябр баъди тасдиқи ин хабар дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “Гумонбари асосӣ Мӯъмин Норматов аст, ки дар дуздии хонаи Қурбон Зуҳуров, сардори Шӯъбаи аудити идораи Гумруки вилояти Хатлон муттаҳам дониста мешавад ва ин фард дар сӯҳбат бо мақомот гуноҳашро иқрор кардааст”.
Ба гуфтаи ин манбаъ, Мӯъмин Норматов шаби 7 ба 8 сентябр дар амали дуздии 48 ҳазор доллар аз говсандуқе дар хонаи Қурбон Зуҳуров, сардори Шӯъбаи аудити идораи Гумруки вилояти Хатлон ширкат карда ва субҳи 8 сентябр дар роҳпаймоии умумӣ бахшида ба 25-солагии истиқлол дар маркази вилояти Хатлон бо иштироки беш аз 5 ҳазор нафар ширкат кардааст.
Мӯъмин Норматов толори варзишӣ дорад, шогирдонаш зиёданд. Ман бовар намекунам, ки вай худаш ба ин кор даст зада бошад. Ӯро аз роҳ задаанд.
Пулис низ ин фардро пас аз чорабинии идона боздошт карда ва ҳоло вай дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Қурғонтеппа қарор дорад.
Тибқи иттилои расмӣ, дар дуздии хонаи корманди гумрук, ҳамроҳи Мӯъмин Норматов, сокинони дигари маҳаллӣ - Рӯзибой Норматов, Фарҳод Норматов, Раҷабалӣ Одинаев ва Кароматулло Қурбонов низ даст доштаанд, ки ҳоло боздоштгоҳ будаанд.
Нуралӣ Раҷабзода, сардори Шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳри Қурғонтеппа гуфт, ки алайҳи азои ин гурӯҳи боздоштшуда бар асоси моддаи 249-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне роҳзанӣ, ҳуҷум бо мақсади тасаруфи амволи ғайр бо истифодаи зуроварӣ барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Вай гуфт, то ҳол на ҳама азои гурӯҳи роҳзанҳо пайдо шудаанд. Ба иттилои ӯ, ҳамаи боздоштшудаҳо бо номи Норматовҳо хешу табори наздик мебошанд.
Як мақоми пулиси шаҳри Қӯрғонтеппа гуфт, то ҳол аз ҳаҷми умумии 48 ҳазор доллари рабудашуда полис беш аз 11 ҳазор долларро пайдо кардааст, пулҳои боқимонда ҳанӯз ошкор нашудааст. Эҳтимол меравад, ки пулҳои боқимонда дар дасти ду узви дигари гурӯҳи роҳзанҳо аст, ки дар фирор мебошанд.
Бар асоси таҳқиқи пулис, ин гурӯҳ шаби 7 ба 8 сентябр ба хонаи Қурбон Зуҳуров, корманди идораи гумрук даромада, талош кардаанд, ки дари сейфашро кушояд. Дар ин ҳолат соҳиби хона пайдо шуд ва ба ӯ ҳамла карда бо зарби корд захмӣ кардаанд ва ҳамроҳ бо говсандуқи оҳанин аз ҷои ҳодиса фирор карданд. Ҳамчунин дар ин ҳодиса писари ноболиғи корманди Идораи гумруки вилояти Хатлон низ ҷароҳат бардоштааст.
Мақомот мегӯяд, ки ин гурӯҳи роҳзанҳо дасту пои ҳамсар ва як духтари Қурбон Зуҳуровро барои дахолат накардан баста, сипас сандуқи пулро аз хона баровардаанд. Дар ҳамин ҳол Юсуф Норматов, бародари Мӯъмин Норматов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бародари ӯ гуноҳе надоштааст, вале дӯстонаш ӯро аз роҳ задаанд.
Юсуф Норматов гуфт, ки бародараш варзишкори муваффақ аст, ки шогирдонаш борҳо дар мусобиқоти ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ пирӯз шудаанд. Вай гуфт: "Толори варзишӣ дорад, шогирдонаш зиёданд. Ман бовар намекунам, ки вай худаш ба ин кор даст зада бошад. Ӯро аз роҳ задаанд. Ҳоло ӯ дар боздошт аст".
Зимнан, Муъмин Норматови 40-сола дар баробари варзишгари муваффақи бокс ё муштзан будан, мактаби варзишие низ дар шаҳри Қурғонтеппа дорад, ки шогирдони зиёде дар он тамрин мекунанд.
Рӯзи 13 сентябр мақомоти корҳои дохилии Хатлон гуфтанд, ки ҳамлагарон се нафари ниқобпӯш буданд ва дар ин ҳодиса Қурбон Зуҳуровро шадидан захмӣ карданд. Ёқуб Бояков, ҷарроҳи беморхонаи ба номи Бӯри Воҳидов, гуфт, ки ҳамлаварон бо корд гулӯи Қурбон Зуҳуровро буридаанд ва ӯ дар лаҳзаҳои аввали ҳодиса хуни зиёдро аз даст дод.
Қурбон Зуҳуров бештар аз як сол боз дар вазифаи сардори шӯъбаи аудити идораи гумруки вилояти Хатлон кор мекунад. Аммо то ҳол расман гуфта нашудааст, ки 48 ҳазор доллари рабудашуда пули шахсии Қурбон Зуҳуров аст, ё аз раёсати таҳти тобеаш, ки дар хонаи худ нигоҳ медошт? Як корманди гумруки вилояти Хатлон бидуни бурдани номаш гуфт, онҳо ҳаққи дар хонаи худ нигоҳ доштани пули корхонаро надоранд ва "тахмин меравад, ки ин миқдор пул аз худи Қурбон Зуҳуров аст".
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, нисбат ба боздоштшудаҳо тибқи моддаи 249, қисми 4-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шуда ва тафтишот идома дорад. Ба гуфтаи бархе аз сокинон, тайи ду соли охир бо таваҷҷуҳ ба буҳрони иқтисодӣ мавридҳои вуруди дуздон ба манзилҳо афзоиш ёфтааст.
Як пажӯҳиш ҳам муайян кардааст, ки 78 дарсади афроде, ки дар Тоҷикистон даст ба ҷиноят заданд, бекор буда ва шуғли муайяне надоранд. Маркази миллии қонунгузорӣ, ки натиҷаи татбиқи се қонуни афви ахирро таҳлил кардааст, моҳи июн гуфт, дар аксари маворид бекорӣ одамонро ба ҷинояткорӣ таҳрик додааст.