Аммо соли савум аст, ки дар маҳалли Рини ноҳияи Ишкошим оҳубаррае зист дорад, ки ҳеҷ кас вайро аз боғу заминаш намеронад ва баръакс, бо фарорасии сармо сокинон коҳи сабзро барои ин «меҳмонашон» дар назди ҳавлиҳояшон мегузоранд, то гурусна намонад.
Ба гуфтаи сокини деҳаи Рин ва устоди Донишгоҳи Хоруғ, Ширинбек Некқадамов, оҳубарра худро бехавфу хатар ҳис мекунад ва гоҳ –гоҳе ба кӯҳ баромада, бештари вақт озодона дар ҳудуди деҳа сайругашт дорад. Вай гуфт, се сол қабл ин оҳубарра, ки шояд бо сабабе аз модараш маҳрум монда буд, дар назди деҳа пайдо шуд. Мӯйсафедони деҳа ба сокинон таъкид карданд, ки касе ба оҳубарра нарасад ва ин ҷонвар оҳиста-оҳиста ба одамон унс гирифт. Вақте хурдтар буд, ба моли хурд ҳамроҳ мешуд, алҳол бо галаи говон чариданро дӯст медорад.
Сардори идораи ҷангали вилоят, доктори улуми биологӣ, Абдулназар Абдулназаров, нигарон аз он аст, ки ин оҳубарраи наринаи беҷуфт охирин намояндаи гӯспанди кӯҳии бухороии навъи ореал будааст, ки дар минтақаи Вахони Ишкошим боқӣ мондааст. Ба гуфтаи мутахассис, ҳануз чанд сол қабл дар ҷараёни пажӯҳиши илмӣ онҳо саршумори бештари ин навъи гӯспанди бухороиро дар Ишкошим мушоҳида карданд, аммо гумон меравад, ки одати ихтиёр кардани макони зист дар наздикии маҳаллоти аҳолинишин ва ҳароси камтар доштан аз инсон боиси қир шудани саршумори ин навъи ҳайвони нодир ва зудбовар шудааст.
Ба гуфтаи мутахассис, алҳол шуморе аз ин навъи оҳубарраро дар Помир, фақат дар минтақаи Вахони Афғонистон дучор омадан мумкин аст. Абдулназар Абдулназаров гуфт, ба мақсади ҳифзи ин навъи оҳубарраи охирини нодир дар манотиқи Бадахшони Тоҷикистон ва афзоиши насли он дар ҳамкорӣ бо як созмони муҳитзистии олмонӣ онҳо роҳҳои қонунии пайдо намудан ва овардани «арӯс»-ро аз байни ин навъи ҳайвоноти нодири боқимонда дар ҳамсоякишвар ҷустуҷӯ доранд.
Сокинони Рин умед доранд, ки ниҳодҳои муҳитзистии минтақа барои ҳифозати ин навъи ҳайвони нодир иқдом мекунанд ва онҳо дар оянда шоҳиди оҳубаррачаҳои бештаре хоҳанд гашт, ки дар гирду атрофи маҳаллашон гаштугузор хоҳанд кард.
Ба гуфтаи мутахассисон, дар Помир ҳамчунин наздик ба сад сар гӯспанди нодири пармашох ва 10- 12 ҳазор сар гӯсфанди нодири Марко Поло мавҷуд аст.