Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се иттиҳом алайҳи Зубайдуллоҳи Розиқ


Ба Зубайдуллоҳи Розиқ, бузургсолтарин узви боздоштшудаи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ айб эълон шудааст.

Тавре пайвандони Зубайдуллоҳи Розиқ рӯзи 12 январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин узви 72-солаи Шӯрои сиёсии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва раҳбари бахши илм ва кор бо уламои ин ҳизб дар ширкат дар иттиҳоди ҷиноятӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ва ба таври ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, нигоҳ доштан ва гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва моддаҳои тарканда аз ҷониби гурӯҳи муташаккил муттаҳам мешавад.

Ба гуфтаи манобеи огоҳ аз ҷараёни таҳқиқи парвандаи аъзои боздоштшудаи ҳизби наҳзат, парвандаи Зубайдуллоҳи Розиқ шояд то поёни моҳ ба додгоҳ супурда шавад.

Зубайдуллоҳи Розиқ рӯзи 16 сентябри соли 2015 ҳамроҳ бо 12 тани дигар аз фаъолони баландпояи ҳизби наҳзати исломӣ боздошт шуда ва ҳудуди 4 моҳ дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад. Зубайдуллоҳи Розиқ аз ҷумлаи аъзои собиқадори ҳизби наҳзат аст, ки ҳанӯз дар поёни солҳои 70, вақте Шӯравӣ ҳанӯз побарҷо буд, ба ин ҳизби он замон пинҳонкор пайвастааст. Ӯ то замони аз сӯи мақомот барҳам додани Академияи исломии ҳизб раҳбарии ин бунгоҳи фиқҳиро бар дӯш дошт.

То ҳол мақомоти Тоҷикистон дар бораи ҷузъиёти айбномаҳои аъзои боздоштии ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ сӯҳбат накардаанд.Вале дар авохири моҳи гузашта як манбаъ ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки алайҳи Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ намояндаи пешини парлумони Тоҷикистон бар асоси 15 моддаи Кодекси ҷиноӣ айб эълон шудааст.

Ҳамин тавр, рӯзи 4 январи соли ҷорӣ Ҷамшед Ёров, вакили дифоъи Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки алайҳи зерҳимояаш бар асоси 13 модда, аз ҷумла, “даст доштан дар исёни мусаллаҳона” айб эълон гардидааст.

Зарафо Раҳмонӣ
Зарафо Раҳмонӣ

Ба гуфтаи наздикони Зарафо Раҳмонӣ, узви Шӯрои сиёсии Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ, хонум Раҳмонӣ бо ду модда - ширкат дар иттиҳоди ҷиноятӣ ва барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалагроӣ ва ё динӣ - муттаҳам шудааст. Зарафо Раҳмонии 44-сола модари 5 фарзанд буда, аз бемории қалб ва гурда ранҷ мебарад ва пайвандонаш хостори интиқоли фаврии ӯ аз боздоштгоҳ ба бемористон шудаанд.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ низ, ки аз аволии моҳи марти соли гузашта дар хориҷ аз кишвар ба сар мебарад, аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар даст доштан дар ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъи Тоҷикистон муттаҳам шудааст.

Рӯзи 29 сентябри соли гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломиро ба феҳристи созмонҳои террористӣ шомил карда ва фаъолияташро дар қаламрави кишвар расман манъ кард.

Аммо масъулони ҲНИТ бо шумули Муҳиддин Кабирӣ ин иттиҳомро рад карда ва мегӯянд, ки ин исён танҳо баҳонае барои бастани ҳизби умдат мухолифи давлат шудааст.

То кунун дар бораи муҳокима ва маҳкум шудани дастикам як тан аз аъзои боздоштшудаи ҲНИТ гузориш шудааст. Додгоҳи олӣ рӯзи 27 ноябри соли гузашта Ҳасан Раҳимов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Фархорро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ - 307 -- "даъвати оммавӣ барои фаъолияти террористӣ ва ташкили иттиҳоди экстремистӣ", 195 -- "ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ" ва 189 -- "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ" ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Ҳасан Раҳимов 23 сентябри соли гузашта боздошт шуд ва гуфта мешавад, мақомот аз манзили ӯ туфангча ва норинҷак пайдо кардаанд.

XS
SM
MD
LG