Аз соли 2017 корманди Радиои Озодӣ дар Душанбе аст.
Амир Ҳусейн Пироиш, рассоми 60-солаи эронӣ мегӯяд, аксари ҳамкоронӣ тоҷикаш дар Тоҷикистон аз табиати зебои ин кишвар бехабар буда, маконҳои нотакрор ва аз назари мардум дурмондаро наққошӣ накардаанд.
Баъзе аз сокинони шаҳри Душанбе гуфтанд, ки аз навиштани нуқтаи назари худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ парҳез мекунанд. Чун, ба гуфтаи онҳо, як танқиди беҷо метавонад “касро ба мушкил гирифтор кунад”. Бархеи дигар мегӯянд, мақомот бояд аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаҳманд, ки мардум чӣ дард доранд.
Маркази обу ҳавосанҷии Тоҷикистон аз эҳтимоли бориши сахти борон ва омадани сел дар минтақаҳои кишвар ҳушдор додааст. Мақомот аз сокинон хостаанд, ки дар ин рӯзҳо аз эҳтиёт кор бигиранд.
Шаби 5-уми апрели имсол дар Душанбе ва минтақаҳои дигар борони сахт борид ва, ба қавли сокинон, нишон дод, ки ҳатто пойтахт ба таври бояду шояд барои муқобила бо офатҳои табиӣ омода нест. Бо гузашти се рӯз аз борону сел, идораҳои коммуналӣ ҳанӯз паёмадҳои ин фалокатро дар Душанбе тоза мекунанд.
Тақрибан чаҳор сол пеш Бонки Миллии Тоҷикистон саррофиҳои мустақилро, ки дар ҳар кӯчаву маҳалла фаъолият доштанд, сабаби ҳарҷу марҷ дар бозори асъор донист ва онҳоро баст. Танҳо ба бонкҳо ва намояндагиҳои онҳо иҷозаи табдили асъори хориҷӣ дода шуд.
Дурбинҳои назоратии "Шаҳри бехатар" аксар гадоҳои маркази Душанберо эҳтиёткор ва аз нуқтаҳои "сердаромад" барои талбандагӣ гурезон кардааст. Дар 3 моҳи аввали соли равон тавассути ин дурбинҳо дар шаҳр беш аз 700 талбандаву оворагард сабт шудаанд.
Дурбинҳои назоратии "Шаҳри бехатар" аксар гадоҳои маркази Душанберо эҳтиёткор ва аз нуқтаҳои "сердаромад" барои талбандагӣ гурезон кардааст.
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз сокинони Душанбе пурсид, ки оё дар кӯдакӣ ҳангоми бозӣ дар мавсими баҳору Наврӯз чӣ бозиҳое мекарданд? Дар миёни посухҳои ҳамсӯҳбатон, арғунчакбозӣ, тухмҷанг, бандкашак ва дигарҳо номбар шуданд.
Дар Тоҷикистон солҳои охир мавзӯи гум шудани кӯдакон ва кӯдакрабоӣ ҳарчӣ бештар доғ мешавад. Нашри пайвастаи эълон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва хиёбонҳо, ки аз гум шудани кӯдакон дарак медиҳанд, боис ба нигаронӣ ва ҳароси бархе аз волидон шудааст.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар яке аз боғҳои Душанбе санҷиданд, ки оё кӯдакон бо шахсони барояшон бегона бовар мекунанд ва омода ҳастанд, ки бо онҳо бираванд? Вокуниши волидон дар он ҳолат чӣ гуна аст? Натиҷа чӣ шуд? Дар навори видео тамошо кунед.
Баъзе аз адибони тоҷик мегӯянд, тайи солҳои охир достону ҳикояҳои ҷолиб ва дархӯри замон барои кӯдакон офарида нашуд. Ва агар вазъ ба ҳамин минвол идома кунад, кӯдакон адабиёт ва қаҳрамонҳои худиро аз ёд мебаранд.
Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, таҷлил аз 107-солагии Иди матбуот дар ҳолест, ки мушкили молӣ, таҳдиду фишор ва таъқиби журналистон боис шуд, ки дар панҷ соли ахир даҳҳо хабарнигор тарки касб кунанд.
Дар рӯзи таҷлил аз Рӯзи Модар хабарнигорони Радиои Озодӣ аз баъзе мардон пурсиданд, ки чӣ гуна занҳо писандашон аст?
Бархе аз занони тоҷик гуфтанд, ки аксари мушкилот ба рӯи шонаҳои онҳо бор аст. Аз таҳияи ғизо ва нигоҳубину тарбияи фарзанд гирифта, то кор дар саҳрову бозор ва идораҳо. Онҳо аз муносибати атрофиён ва бахусус мардон низ шиква доранд.
Малика Соҳибназарова, духтари 23-солае, ки рӯзи 1 март аз ҷониби дӯстписараш Хуршед Азизов шадидан латукӯб шуд, се рӯз баъди ҳодиса мегӯяд, ки «худаш гунаҳгор буд» ва аслан намехоҳад, ки Азизов барои ин ҳодиса пушти панҷара равад.
Дар бораи фарҳанги меҳмондорӣ сокинони шаҳри Душанбе андешаҳояшонро гуфтанд.
Як корманди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ки моҳе пеш аз кор ронда шуд, мақомоти ин муассисаи таълимиро ба додгоҳ кашидааст.
Сокинони шаҳри Душанбе сабаби наомадани сармоягузорони хориҷиро ба Тоҷикистон тавзеҳ доданд.
Ёфтҳои бештар