Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падару модар масъули "манфиатҳои миллӣ” низ шуданд. ВИДЕО


Бино бар тағйири “Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, акнун волидон ва ё бибиву бобоҳо дар Тоҷикистон дар қатори дигар насиҳатҳо ба фарзандону наберагон бояд батакрор гӯянд, ки “Ҳеҷ гоҳ манфиатҳои худатро аз манфиатҳои миллӣ боло нагузор!”

Ба банди 8-уми қонун, илова шуд, ки падару модар уҳдадоранд, “фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ аз шахсӣ тарбия намоянд”.

Ин қонун, ки дар замони бори нахуст қабул шуданаш дар соли 2011 дар ҷомеаи Тоҷикистон баҳси зиёде барангехта буд, бо тағйирҳои нав ҳамакнун бори масъулияти волидонро бештар кард.

Бино бар онҳо волидон вазифадоранд, ки ба фарзанди хеш назокатҳои гигиенаи шахсӣ ва мушоират дар ҷомеаро омӯзонанд ва ҳамчунин дар интихоби касб ба ӯ мусоидат кунанд.

Манфиати шахсӣ кадом аст ва манфиати миллӣ чӣ?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:34 0:00

Тарбияи фарогир

Тағйири дигари қонун волидонро уҳдадор мекунад то сини 20 солагӣ (!) нагузоранд фарзандашон нӯшокиҳои спиртӣ аз ҷумла пиво, воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, маҳсулоти тамоку, нос, истифода кунад.

Дар сурати нақзи ин нуктаҳои қонун аз сӯи наврасон волидони онҳоро муҳокимаи додгоҳӣ ва ҷарима мунтазир аст.

Мафҳуми манфиати миллиро ҳар кас ҳар хел мефаҳмад...

Аммо ҳуқуқшинсоон мегӯянд, бар замми оне ки сол аз сол ин қонун масъулиятҳои волидонро дучанд мекунанд ва бархе уҳдадориҳои иҷтимоии давлатро бар души волидон мегузорад, инчунин мафҳумҳое ба қонун ворид шудаанд, ки дақиқу мушаххас нестанд ва ба гунаҳои гуногун мешавад онҳоро шарҳу тавзеҳ дод.

Ватан Абдураҳмонов, додраси собиқадори тоҷик, ки айни замон бознишаста аст, рӯзи 26-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қонун бояд забони сода ва рушане дошта бошад, ки ҳама онро дақиқ ва як хел фаҳмида тавонанд.

“Мафҳуми манфиати миллиро ҳар кас ҳар хел мефаҳмад. Пас мо чӣ гуна аз падару модарон талаб мекунем, ки онҳо уҳдадоранд фарзандонашон манфиатҳои шахсиро аз миллӣ боло гузоранд. Ин вазифаи мактаб, донишгоҳ ва умуман ҷомеа аст, ки ҳар аъзои худро чунин тарбия кунад”.

Абдураҳмонов афзуд, вақте дар қонун чунин мафҳумҳоии духура, ки ҳар гуна шарҳу тавзеҳ додани онҳо мумкин аст зиёд шуд, имконияти сӯистифода аз қонун ҳам ба вуҷуд меояд.

Ин додраси собиқадор гуфт, ин гуна қонунҳо ки ба оммаи васеъ дахл доранд, қабл ворид кардани тағйиру иловаҳо, бояд тарҳи он чоп шавад, то мардум ва мутахассисон назари худро баён доранд.

Аммо дар Тоҷикистон солҳои охир ин гуна тағйиру иловаҳо бидуни кадом як баҳсу баррасӣ қабал мешаванд ва матуботу ҷомеа пас аз қабул шудани қонун аз он огоҳ мегарданд гуфт, Абдураҳмонов.

Илҳом аз кодекси бинокорони коммунизм...

Бархе аз вакилони порлумон, ки ба ҷонибдорӣ аз тағйироти нав ба қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҷонибдорӣ карданд, мегӯянд чунин як гуна мафҳумҳо дар замони Шӯравии пешин низ вуҷуд дошт ва бад нест агар дар қонунҳои кунунӣ низ он бошад.

Абдуҳалим Ғаффоров вакили Маҷлиси намояндагон дар шарҳи мафҳуми “манфиатҳои миллӣ”, ки акнун ба ин қонун ворид шуд, гуфт

“Дар даврони шӯрави 10 шиори созандагони коммунизм” вуҷуд дошт, ки яке аз бандҳояш мегуф,т шаҳрванд бояд моликияти ҷамъиятиро аз моликияти хусусӣ бартар донад. Ин ҳам мисли ҳамон аст. Масалан, волидон ба фарзандон фаҳмонанд, ки мизу курсии мактабро нашикананд, чунки давлат онро барои ҳама фароҳам кардааст. Мисли ҳамин, дӯст доштани Ватан, хизмат дар артиш аз ҷумлаи манфиатҳои миллӣ аст, ки волидон онҳоро бояд ба фарзандонашон талқин кунанд”, -- гуфт ӯ.

Кодекси бинокорони коммунизм, ки солҳои 1960-уми асри гузашта қабул шуда буд, моликияти ҷамъиятиро тарғиб мекард, чун дар Шӯравӣ моликияти хусусӣ дар ашкли томаш вуҷуд надошт ва корхонаву ташкилот ва идораҳо ҳамагӣ моликияти давлатӣ ва ё коллективӣ буданд.

Аммо Тоҷикистон аз соли 1991 роҳи иқтисоди бозориро дар пеш гирифт, ки дахлнопазирии моликияти хусусиро дар назар дорад ва соҳикборӣ яке аз пояҳои ин низом шинохта мешавад ва соҳибкор ҳамеша аз пайи манфиати моли худ мегардад.

Қонуни масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд аз оғози қабул шуданаш баҳси зиёдеро дар матбуоти Тоҷикистон барангехт, чун баъзеҳо онро дахолат ба ҳуқуқи бунёдии инсон номида мегуфтанд, аз чунин роҳҳои маъмурӣ наметавон, таълиму тарбияи фарзандро беҳтар кард ва бахши бузурги масъулиятро бар души хонаводаҳо гузошт.

XS
SM
MD
LG