Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чашмаҳо, қалъаҳо ва кӯҳу дарёҳо... Намоишгоҳи рассоми эронӣ дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Амир Ҳусейн Пироиш, рассоми 60-солаи эронӣ мегӯяд, аксари ҳамкоронӣ тоҷикаш дар Тоҷикистон аз табияти зебои ин кишвар бехабар буда, маконҳои нотакрор ва аз назари мардум дурмондаро наққошӣ накардаанд.

Оқои Пироиш ин нуктаро дар панҷумин намоишгоҳи осори ҳунарии худ дар шаҳри Душнбе иброз дошт. Ӯ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ягона хоҳишаш аз рассомони тоҷик ин аст, ки ба табиати зебои Тоҷикистон бештар таваҷҷӯҳ намуда, онро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунанд.

Оқои Пироиш, ки таҷрибаи 40-солаи наққошӣ дорад, мегӯяд, беш аз 2 ҳазору 600 асари наққошӣ дорад, ки 600-тои он ба табиати Тоҷикистон рост меояд.

"Масалан, табиати зебои Тоҷикистон фақат Сарихосор ё Норак нест, ин маконҳоеянд, ки мардум дар қади роҳ мебинанд. Ман вақте дар бораи як манзараи Тоҷикистон ҳарф мезанам, аз ман мепурсанд, ки он дар куҷо аст, мепурсанд ту кай Мурғоб рафтаӣ, ҳунармандони хубанд, вале ба табиати зебои Тоҷикистон, нарафтаанд",-афзуд вай.

Ҳамсӯҳбатамон афзуд, қалъаи Қаҳқаҳа ва як манзарае дар наздикиҳои ноҳияи Мурғоби Бадахшони Тоҷикистон аз маконҳое ҳастанд, ки ҳолати наққошии тарҳи нахусти ин маконҳо ва расидан ба он ҷойҳо барояш бисёр ҷолибу хотирмонанд.

Намоишгоҳи рассоми эронӣ дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

Ӯ мегӯяд, ки сафар кардану ба тасвир кашидани чунин маконҳо бе ранҷ намешавад. Ин рассоми эронӣ аз сафараш ба Ишкошим ва таърихи яке аз наққошиҳояшро қисса кард. Мегӯяд, ба зиёрати Гармчашмаи Биби Фотимаи Зуҳро рафтанд ва вақте аз роҳ мегузаштанд, қалъае таваҷҷуҳашро ҷалб кард ва он дар назар қариб менамуд.

"То чанде, ки нигоҳ мекардам диққатамро бештар ҷалб мекард. Тасмим гирифтам то он ҷо равам ва онро ба тасвир кашам, мошинамон вайрон шуд ва то онҷо имкони бо мошин рафтан ҳам набуд. Беш аз 7 километрро пиёда роҳ гаштам, хеле хаста шудам, кафшҳоям дарид. Аз сокинони маҳаллӣ пурсидам, гуфтанд он қалъаи Қаҳқаҳа аст ва баъзе аз онҳо гуфтанд, ин қалъа се ҳазор сол пеш сохта шудааст. Ман то он ҷо расидам, ин қалъа танҳо як гузаргоҳ дорад ва аз руи маълумотҳое, ки аз афроди гуногун шунидам, дар гузашта як макони стратегӣ ва ғайриқобили тасарруф будааст. Барои ба тасвир кашидан атрофи қалъа гаштугузор кардан осон набуд. Тарҳи нахустини онро кашидам ва баъдан давоми 20 рӯз он тарҳро комил кардам, яъне тайи ин муддат саргарми нақошии ин қалъа шудам".

Ба қавли Амир Ҳусейн Пироиш, дар Тоҷикистон ӯ ба маконҳое рафта, манзараҳоеро ба қалам кашидааст, ки қабл аз вай касе ба ҳудуди чунин маконҳо қадам нагузоштааст. Ӯ мисол овард, ки ба як манзарае дар баландкӯҳҳои наздик ба ноҳияи Мурғоб нахустин шуда, по гузошт ва зебоиҳои он ҷойро тасвир намуд.

"Ман мутмаинам, ки то ҳол касе ба он ҷо нарафтааст. Табиати он ҷо худ аз он гувоҳӣ медод, ки касе ба он ҷо қадам нагузоштааст. Дар баҳор рафта будем, вале нишонаҳои дигар фаслҳои сол низ дида мешуд. Бубинед, дар ин тоблу чаҳор фасл тасвир шудааст, ки аз воқеияти он макон ҳикоят мекунад. Дар кӯҳҳо барф, поёнтар гул, ба атроф менигаред барги дарахтон. Қариб давоми 25 рӯз ба тасвири ҳамин макон банд будам”.

Ин рассоми эронӣ таъкид намуд, ки ба тамоми манотиқи Тоҷикистон сафар кардааст ва бардошту хотираҳое дорад, ки ҳаргиз фаромуш нахоҳад кард.

Дар намоишгоҳи Амир Ҳусейн Пироиш 60 осораш, ки манзараҳои зебоеро аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон ба тасвир кашидааст, пешкаши мардум гардидааст. Дар аксари наққошиҳое, ки ба маъраз гузоштааст, чашмаҳо, қалъаву талу теппаҳо, дарахтон, кӯҳову дарёҳои зебое инъикос шудааст. Ин рассом иброз дошт, ки дар Эрон ҳанӯз дар сини 6 солагияш аз тариқи Радиои тоҷик бо исми Тоҷикистон ошноӣ пайдо карда буд.

"Муҳаббатам нисбати Тоҷикистон аз ҳамин ҷо пайдо шуд ва аслан ман ошиқи Тоҷикистонам. Орзу мекардам, ки Тоҷикистонро бубинам ва ин руёи ман ба воқеият табдил шуд. 22 сол боз ба Тоҷикистон равуо дорам. Тоҷикистон барои ман ҳамон қадар азиз аст, ки Эрон азиз аст, ман эҳсос мекунам, ки Ватани худамро наққошӣ мекунам, ҳамин дӯстдориву муҳаббатам аст, ки рӯ ба наққошии табиати ин кишвар овардам".

Оқои Пироиш, ки таҷрибаи 40-солаи наққошӣ дорад, мегӯяд, беш аз 2 ҳазору 600 асари наққошӣ дорад, ки 600-тои он ба табиати Тоҷикистон рост меояд.

Ин панҷумин намоишгоҳи наққошиҳои Амир Ҳусейн Пироиш дар Тоҷикистон аст, ки рӯзи 6-уми апрел оғоз шуда, дар назар аст то 3-юми май идома ёбад. Нахустин намоишгоҳи ӯ дар кишвар ҳанӯз соли 2009 баргузор шуда буд. Худи ӯ мегӯяд, бо баргузории чунин намоишгоҳҳо мехоҳад табияти зебои Тоҷикистонро муаррифӣ созад. Ширкати дӯстдорони наққошиҳои вай дар ин намоишгоҳ кам набуд.

Амир Ҳусейн Пироиш зодаи шаҳри Бирҷанди Ҷумҳурии исломии Эрон буда, Маркази ҳунарҳои зебои таҷассумии Вазорати фарҳанги ин кишварро дар риштаҳои рангу равған, обранг, гуаш, сиёҳқалам ва хушнависӣ хатм кардааст.

XS
SM
MD
LG