Аз соли 2017 корманди Радиои Озодӣ дар Душанбе аст.
Бархе аз сокинони Душанбе мегӯянд, аз аввали имсол нархи нерӯи барқ ва об афзуда, ба будҷаи бе ин ҳам холии хонаводаҳо даст дароз кардааст. Ҳоло як киловат соат нархи нерӯи барқ тақрибан бист дирам аст.
Бархе аз сокинони Душанбе мегӯянд, аз аввали имсол нархи нерӯи барқ ва об афзуда, ба будҷаи бе ин ҳам холии хонаводаҳо даст дароз кардааст. Ҳоло як киловат соат нархи нерӯи барқ тақрибан бист дирам ва як метри мукааб об беш аз як сомонист.
Талошҳои ҳукумат барои баргардонидани мухолифони сиёсиро бархе тарси ҳукумат, талош барои заъиф сохтани мухолифин ва баъзеи дигар “ғамхорӣ ба раҳгумзадагон” унвон мекунанд.
Ҳавошиносон мегӯянд, захираҳои барф дар кӯҳҳои Тоҷикистон имсол ба ҳадде зиёд шуд, ки дар 14 соли ахир дида нашудааст.
Ду овозхони попи тоҷик бо таронаи нави худ сокинони Тоҷикистонро бо рӯзи ошиқон ё Валентин табрик карданд.
Рӯзи 14 феврал бисёр ҷонибдорони таҷлили Иди ошиқон ё Валентин барои азизони худ гулу тӯҳфа тақдим карданд. Бозори тоҷирони тоҷик дар ин рӯз гарм буд
Мақомоти Оҷонсии хидмати давлатии Тоҷикистон аз шеваи пешвозгирӣ аз мансабдорон дар маҳалҳо интиқод карда ва гуфтанд, ки "дигар чунин кор такрор нахоҳад шуд".
Изҳороти раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд дар мавриди онки “ҳар касе ба масҷид рафт, солим берун намеояд”, тайи як ҳафтаи охир бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ шудааст.
Дар Тоҷикистон тарҳи қароре таҳия шудааст, ки ба ҷустуҷӯгарони сангҳои гаронбаҳо ва заршӯён имкон медиҳад, қонунӣ ба ин кор машғул шаванд. То ба ҳол сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон умдатан қочоқ мешаванд.
Мақомоти Тоҷикистон ният доранд, ки ҷустуҷӯ ва фурӯши сангҳои қиматбаҳоро осон кунанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз роҳгузарон дар Душанбе пурсид, ки агар санги қиматбаҳо ваё хазинаи гаронбаҳо ёфтанд, чӣ кор хоҳанд кард? Посухҳоро дар навори видео бубинед
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз роҳгузарон дар Душанбе пурсид, ки оромии онҳоро бештар чӣ халалдор меекунад? Бархе аз садои баланди мошинҳо шикоят карданд, баъзеи дигар аз кампулӣ ва бештар шудани афроди масту авбош. Назари дигаронро дар навор бубинед ва фикру назари худро нависед.
Дар ҳоле ки мақомот аз азми қави дар мубориза бо коррупсия ҳарф мезананд, сокинон мегӯянд, ришвахориву тамаъҷӯии мансабдорон рӯзгори онҳоро табоҳ кардааст.
Муаллим, устоди донишгоҳ, духтур, заминсоз, раиси ҷамоат ва ё корманди комиссарияти ҳарбӣ -- дар тури кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бештар кормандони ҳамин касбу корҳо меафтанд.
Як масъули Маркази исломшиносии Тоҷикистон аз сайидзодаҳо даъват кардааст, ки шаҷаранома ё санади тасдиқкунандаи пайванди онҳо ба хонадони паёмбари исломро барои таҳқиқ ва нашр пешниҳод кунанд.
Замоне пайкара ё тасвирҳои Владимир Ленин барои аксар сокинони Тоҷикистон ошно ва маҳбуб буд ва тақрибан дар ҳама гӯшаҳои кишвар мактабу хиёбонҳои бузург номи ӯро доштанд.
Ҳамагуна лаҳзаи бӯсу канор ва ҳамхобагӣ дар филмҳо аз ин ба баъд ба телевизионҳои давлатии Тоҷикистон роҳ нахоҳанд ёфт. Як гуруҳи махсус муваззаф шудаанд, ки филмҳоро қабл аз пахш мӯшикофона тамошо карда ва чунин саҳнаҳоро қайчӣ зананд. Сокинон дар ин бора чӣ назар доранд? Дар ин навор бинед.
Ҳамагуна лаҳзаҳои бӯсу канор ва ҳамхобагии қаҳрамонони филмҳои хориҷӣ аз ин ба баъд ба телевизионҳои давлатии Тоҷикистон роҳ нахоҳанд ёфт. Як гуруҳи махсус муваззаф шудаанд, ки филмҳоро қабл аз пахш мӯшикофона тамошо карда ва чунин саҳнаҳоро қайчӣ зананд.
Бархе аз сокинони Тоҷикистон мехоҳанд, ки қонунгузорӣ муносибати диндорон бо даҳриҳо ё афроди бединро мушаххас кунад. Онҳо гуфтанд, дар гузашта бархе ба Худо инкор варзида ва дучори муносибати дурушт шудаанд.
Ёфтҳои бештар