26 сол пеш, даҳуми майи соли 1995, Тоҷикистон пули миллии худро ба муомилот баровард. Иқтисоддонҳо мегӯянд, ки ҳарчанд ин тасмим хеле дер гирифта шуд, боиси то ҳадде ба эътидол омадани иқтисоди Тоҷикистон гашт.
Вазорати саноати Тоҷикистон барои тақвияти тавонмандиҳои ҳукумати электронӣ дар заминаи фанновариҳои "блокчейн" бо Бунёди байнулмилалии технологии “Fantom” созишнома имзо кардааст.
Як сол пеш дар пайи як тағйироти кадрӣ Насим Олимзода аз мансаби вазири тандурустии Тоҷикистон барканор шуд ва ба курсии ӯ Ҷамолиддин Абдуллозода нишаст.
Пайвандони Асадулло Исмоилов, имомхатиби масҷиди кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанбе, хабар доданд, ки ӯ аз боздошт раҳо шудааст. Ӯ дар баробари чанде аз иштирокдорони маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ шаби 19-уми апрел дастгир шуда буд.
Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, Тоҷикистон барои рушди иқтисоди рақамӣ ва Интернет, бояд танзимгари соҳа (манзур "Тоҷиктелеком")-ро аз ширкатҳои мухобиротӣ ҷудо кунад.
Як пажӯҳиши Донишгоҳи Тулейн дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико исбот кардааст, ки сиёсати буҷаву андоз (молиёт) дар Тоҷикистон "боис ба афзоиши мизони фақру камбизоатӣ ва нобаробарӣ миёни қишрҳои аҳолӣ" мешавад.
Ассадулло Исмоилов, имомхатиби масҷиди маҳаллаи Яккачинори шаҳри Душанбе се рӯз пеш аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шудааст.
Аъзои як оила дар деҳаи Қӯрғончаи шаҳри Конибодом иддао доранд, ки падари хонадон Норматҷон Исоеви 51-сола пас аз он ки ба шикори ғайриқонунии моҳӣ айбдор ва 1500 сомонӣ ҷарима шуд, худро ба дор овехтааст.
Падари Солеҳ Солиев, ҷавони 31-солаи тоҷик, ки се рӯз пеш дар Туркия бо гумони ҳамкорӣ бо ДОИШ дастгир шуд, мегӯяд, дар бораи фарзандаш худи ӯ ба мақомот хабар дода буд.
Масъулони Вазорати молияи Тоҷикистон гуфтанд, лото ва бозиҳои дигари бурдноке, ки блогерони тоҷик дар YouTube ташкил кардаанд, "ғайриқонунӣ аст".
Роҳбарони 17 ширкати воридкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон аз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, ки ба онҳо низ ба монанди Оҷонси захираҳои моддии давлатӣ дар пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз имтиёз бидиҳад.
Парда Алимардонов, бародари Муродалӣ Алимардон, раиси пешини Бонки Миллӣ ва ҳоло роҳбари "Агроинвестбонк", аз боздошт раҳо шудааст.
Ҳештег ё шиори "Озодӣ ба донишҷӯёни тоҷик", ки дар мадрасаву донишгоҳҳои Эрон таҳсил кардаанд, тайи чанд рӯзи охир миёни корбарони форсизабони шабакаи Твиттер машҳур шудааст. Танҳо дар рӯзи 7-уми апрел ин навиштаро тақрибан ёздаҳ ҳазор бор паҳн карданд.
Мақомоти ҳифзи меҳнат дар Тоҷикистон ширкати истихроҷи тиллои “Покрӯд”-ро, ки ба сармоягузорони Чин тааллуқ дорад, барои поймол кардани ҳуқуқи коргарони тоҷик 1500 сомонӣ ҷарима бастанд. Барои бартараф кардани камбуд ба чиниҳо як моҳ муҳлат додаанд.
Гуруҳи коршиносон натиҷаи таҳқиқоти деринтизори худро дар мавриди сарчашмаи СOVID-19 дар Чин нашр карданд.
Тоҷикистон дар раддабандии сифати таълими математика ва илмҳои дақиқ дар миёни 137 кишвари дунё ҷойи 74-умро гирифтааст. Ҷойгоҳе дар канори Ямайка ва Мадагаскар.
Баъзе аз коргароне, ки дар сохтмони бинои нави ҳукумати Тоҷикистон дар маркази Душанбе кор мекунанд, аз суистифода ва нақзи ҳуқуқашон аз тарафи корфармои чинӣ шикоят доранд.
Ширкати азими мухобиротии Гугл (Google) худро дар Кумитаи андози Тоҷикистон сабтином кардааст ва минбаъд аз хадамоти пулие, ки ба шаҳрвандони кишвар мерасонад, молиёт (андоз) хоҳад дод.
Ёфтҳои бештар