Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли таҳияи як маркази интиқоли пул аст, ки минбаъд ирсоли маблағҳо тавассути он сурат хоҳад гирифт.
Хадамоти амнияти федеролии Русия (ФСБ) 16-уми август омореро нашр кард, ки мувофиқи он дар ним соли 2019-ум 447 889 шаҳрванди Тоҷикистон вориди ин кишвар шудаанд. Аммо ба ҳисоби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ин муддат 293 248 нафар муҳоҷири кории тоҷик ба Русия рафтаанд.
Арзиши расмии рубли русӣ дар ҳафтаи дувуми август дар Тоҷикистон якбора поин омад. Рӯзи 6-уми август ҳазор рубли русӣ бар асоси қурби таъйинкардаи Бонки миллӣ 149 сомонӣ арзиш дошт, вале то 10-уми август қурбаш то 141 сомонӣ кам шуд.
Масъулони як бошгоҳи паноҳандагон дар Лаҳистон аз Мустафо Ҳаётов, ҷавони 25 солаи тоҷик, тақозо кардаанд, ки ба гуруснашинӣ хотима диҳад, вагарна маҷбуранд бо зӯр ба ӯ ғизо диҳанд, чун саломатиаш бад мешавад.
Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 14-уми август ҳукми дар боздошт мондани Самариддин Раҷабов, як зодаи Тоҷикистонро дуруст хонд ва ҳукми зинаи поёниро бетағйир гузошт. Раҷабов барои иштирок дар гирдиҳамоии бидуни иҷоза дар пойтахти Русия муттаҳам аст. Худи Раҷабов чунин иттиҳомро рад мекунад.
Тоҷикистон ҷазои шахсонеро сахттар кард, ки мубталои бемории сироятӣ, аз ҷумла сил ва вируси норасоии масунияти бадан ҳастанд, вале аз муоина ва муолиҷа сарпечӣ мекунанд. Акнун онҳо аз 1100 то 1650 сомонӣ ҷарима мешаванд.
"Роскомнадзор" – хадамоти нозири арсаи мухобирот дар Русия –дастрасӣ ба сомонаи Оҷонси иттилоотии "Азия-Плюс"-ро дар қаламрави ин кишвар масдуд кардааст.
"Тарҳи "Як камарбанд – як роҳ"-и Чин дар он сурат боис ба рушди иқтисод ва коҳиши фақр мешавад, ки дар кишварҳои шомили ин тарҳ ислоҳоти бунёдии сиёсӣ сурат гирад." Ин хулосаи Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди тарҳи пуриддаои Чин аст. Гузориш охири ҳафтаи гузашта нашр шуд.
Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, агар Тоҷикистон ба барномаи GSP+ ворид шуда шартҳои онро бипазирад, танҳо аз ҳисоби имтиёзи гумрукӣ 1,8 миллион евро фоида мебинад.
Корхонаи тавлиди алюминиюми Тоҷикистон - "Талко" - ниҳоят интизории бисёрсолаи худро бароварда сохт: бо маблағгузории як ширкати давлатии Чин дар давоми ду соли оянда ин корхона навсозӣ мешавад.
Ширкати украинии "Днепр-Спецгидроэнергомонтаж" аз васлу насб ва ба кор даромадани чархаи дувуми нерӯгоҳи барқиву обии Роғун хабар дод.
“Хариди хӯрок, либос, пардохти пули таҳсил ва бунёди хонаву ташкили ҷашни арусӣ”. Посухи онҳое, ки барои гирифтани пули ноновари хона ва ё муҳоҷир паси дари як бонк дар Душанбе омадаанд.
Давлат дар Тоҷикистон молики ширкатҳои азим боқӣ мемонад. Аммо қисме аз ин ширкатҳо ба давлат фоида намеоранд, балки қарзу сарбории онро бештар мекунанд.
Вакилони Маҷлиси Намояндагон хостаанд, Амрико таҳримҳои иқтисодии қонуни "Ҷексон ва Вэник"-ро нисбат ба Тоҷикистон бекор карда, ба вазъи озодиҳои динӣ баҳои мунсифона диҳад.
Тоҷикистон бори дигар барои ба кор андохтани корхонаи нуриҳои минералии "Азот" дар Леваканди Хатлон сармоягузор меҷӯяд, чун сармоягузори чинӣ дар мӯҳлати муайяншуда ин корхонаро фаъол накард.
“Тоҷиксодиротбонк” барои фурӯши 80 дарсади саҳмияҳояш харидор меҷӯяд. Ин миқдор саҳмияҳои бонкро 300 миллион доллар нарх гузоштаанд. Эълони фурӯши саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк”-ро идораи давлатии масъули ҷалби сармояҳо – “Тоҷинвест” – нашр кард.
"Ali Express" – фурӯшгоҳи бузурги интернетии Чин – ният дорад, ки дар Тоҷикистон дафтари худро боз карда, савдои молҳои ин кишварро густариш диҳад. Ин фурӯшгоҳ ҷузъе аз ширкати бузурги "Alibaba Group-и Чин аст.
Муҳоҷирони корӣ мегӯянд, бонкҳои Тоҷикистон рублҳои фиристодаи онҳоро бо қурби паст ба сомонӣ иваз карда, ба наздиконашон медиҳанд. Ба ҳисоби миёна як муҳоҷири корӣ аз ҳазор рубли фиристодааш 3 сомонӣ зиён мебинад.
Меҳмонхонаи панҷситорадори Hyatt Regency дар шаҳри Душанбе ба фурӯш гузошта шудааст. Дар ин бора "Тоҷинвест", идораи давлатии масъули ҷалби сармояҳо ба Тоҷикистон, хабар дод.
Табибон дар Тоҷикистон ба 96 шаҳрванди хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳои баданро анҷом додаанд.
Ёфтҳои бештар