Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писта, пахта ва либос: Тоҷикистон ба Иттиҳоди Аврупо чӣ содир мекунад? ВИДЕО


Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, агар Тоҷикистон ба барномаи GSP+ ворид шуда шартҳои онро бипазирад, танҳо аз ҳисоби имтиёзи гумрукӣ 1,8 миллион евро фоида мебинад.

GSP+ барномаи Иттиҳодияи Аврупо оид ба ҳавасмандгардонии махсус баҳри рушди устувор аст. Кишваре, ки шомили ин барнома мешавад, ҳақ дорад беш аз 6600 номгӯи маҳсулотро бидуни пардохти боҷ ба бозори Аврупо ворид кунад.

Юлика Песчау, масъули барномаи "GSP+"-и Иттиҳоди Аврупо дар нишаст дар шаҳри Брюссел, ки хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 20-уми июн низ ширкат дошт, гуфт, дар сурати узви ин барнома будан Тоҷикистон, аз ҳисоби пардохт накардани боҷҳои гумрукӣ 1,8 миллион евро метавонист фоида бинад.

Аммо айни замон ҳаҷми содироти мол аз Тоҷикистон ба Аврупо ночиз аст ва ин маҳсулотро мешавад бо ангушти як панҷаи даст баршумурд.

Ба гуфтаи хонум Песчау, Тоҷикистон дар соли 2018 ба бозорҳои Иттиҳоди Аврупо ба қадри каме беш аз 15 миллион евро мол ворид кардааст.

«Аз Тоҷикистон ба Аврупо дар соли 2018 ба 14 миллион евро либос, бо арзиши як миллион евро пахта ва маводи нассоҷӣ ва инчунин ба маблағи 55 ҳазор евро писта ворид шудааст», иброз дошт Песчау.

Ин дар ҳолест, ки дар матни стратегияи ИА барои ОМ гуфта шудааст, ки гардиши мол миёни Тоҷикистон ва ИА, дар қиёс бо кишварҳои дигари ОМ, маҳдуд аст. Соли 2018 ҳаҷми содироти мол аз Тоҷикистон 47 миллион евро ва аз ИА ба Тоҷикистон 174 миллион евроро ташкил додааст. Муаллифони гузориш гуфтаанд, ки маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба Аврупо – алюминий мебошад.

Ин мақоми Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, вақте кишвар аз имтиёзҳои GSP+ бархурдор нест, боҷҳои воридотӣ баланданд, харидорони аврупоӣ ҳам барои хариди моли чунин кившар ҳавасманд нестанд.

Вале вақте кишвар аз имтиёзҳои барнома бархурдор асту молҳояш аз пардохти боҷи гумрукӣ озод мешавад, ҳаҷми содироташ бештар мешаваду нархаш ҳам поин меравад, иброз дошт Песчау.

Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон имтиёз дар тиҷорат ваъда додааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:57 0:00

Ҳукумати Тоҷикистон дар оғози соли 2019 худ барои шомил шудан ба GSP+ барномаи имтиёзҳо дар воридоти мол ба Иттиҳоди Аврупо дархост дод. Дар посух Иттиҳоди Аврупо коршиносони худро ба Душанбе фиристод ва коршиносон бо масъулони идораҳои марбути Тоҷикистон шеваҳои омода кардани кишвар барои шомил шудан ба ин барномаро баррасӣ карданд.

Барои шомил шудан ба барномаи GSP+ ва бархурдор гаштан аз имтиёзҳои он Тоҷикистон бояд 27 эъломияи байналмилалиро тасвиб карда муқаррароти онро бояд риоят кунад.

Санадҳое, ки Иттиҳодияи Аврупо шарт гузоштааст кишварҳо қабл аз шомил шудан ба барномаи GSP+ тасвиб кунад, аз ҷумла конвенсияи манъи истифодаи шиканҷа ва наслкушӣ, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, ҳимояи озодии баён ва гирдиҳамоӣ, ҳуқуқ ба мурофеаҳои додгоҳии одилона, мустақилияти додгоҳӣ ва дигар бахшҳоро дар назар мегирад.

Мақомот дар Иттиҳоди Аврупо мегӯянд, талаби тасвиб ва риояи ин санадҳо, ки аксаран марбут ба ҳуқуқи инсонанд, ҳарфи хушку холӣ нест ва коршиносон доим раванди иҷрои онро дар кишварҳои дарёфткунандаи ин имтиёз назорат мекунанд.

Юлика Песчау дар ин робита гуфт:

“Назорат аз қоидаҳо хеле ҷиддӣ аст. Агар кишвар кадом яке аз қоидаҳоро риоя накунад, имтиёзҳо бекор карда мешаванд. Мо чунин таҷрибаро бо Шри-Ланка доштем. Ин кишвар ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи коргаронро нақз кард ва имтиёзҳо боздошта шуд. Вақте ин ҳолат бартараф шуд, имтиёзҳои Шри-Ланка дубора барқарор шуд”.

Масъулони Иттиҳоди Аврупо мегӯянд, Тоҷикистон ҳавасмандии худро ба ин барнома нишон дод, аммо ҳоло дар Аврупо мунтазиранд, ки ин кишвар барои иҷро кардани шартҳои он омодагӣ нишон диҳад.

Дар ҳамин ҳол, тоҷирон аз Тоҷикистон барои роҳ ёфтан ба бозорҳои Аврупо хеле ҳавасманданд. Аммо мегӯянд айни замон ворид кардани маҳсулоти худ ба бозорҳои Аврупо хеле ба сахтӣ ба онҳо даст медиҳад.

Манучеҳр Насриддинов, корманди ширкати "Оро-Исфара" аст, ки ба истеҳсоли меваҳои хушк тахассус дорад. Ӯ мегӯяд, бинобар гаронии боркашонӣ то расидан ба Аврупо арзиши маҳсулоти онҳо хеле гарон мешавад, аз ин рӯ моли онҳо бо хушкмеваҳои Туркия рақобат карда наметавонад.

“Аммо агар маҳсулоти мо аз пардохти боҷи гумуркӣ озод шавад, ин як бартарии хеле хуб мешавад ва бори мо рақобатпазир хоҳад шуд”, афзуд ӯ.

Бозоршиносон мегӯянд, шонси дар бозори Аврупо маҳбубият ёфтани меваҳои хушки аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон хеле баланд аст ва дар сурати роҳандозӣ шудани ин тиҷорат, аз он давлат ҳам фоидаи хуб мебинад.

Аммо барномаи GSP+ Душанберо дар ростои интихоби сиёсӣ қарор медиҳад: манфиатӣ иқтисодӣ бар ивази риояи ҳуқуқи инсон.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон чанд соли охир маҳз ба хотири мушкил дар бахши озодиҳои динӣ, истифодаи шиканҷа ҳангоми бозпурсии гумонбарон, адами додгоҳҳои мустақил, фишор болои озодии баён ва зиндониҳои сиёсӣ танқид мешавад. Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ин бахшҳо ҳеҷ мушкиле надоранд ва қонунҳои кишвар озодиҳоро кафолат медиҳад.

GSP + барномае дар чаҳорчӯбаи «Низоми умумишудаи имтиёзҳои тиҷоратии Иттиҳодияи Аврупо» буда, барои кишварҳои даромадашон аз сатҳи миёна камтар пешбинӣ шудааст ва Тоҷикистон ҳам кишвари сатҳи даромадаш аз миёна камтар аст. Аз миёни кишварҳои Осиёи Миёна танҳо Қирғизистон шомили ин барнома аст ва моли истеҳсолкунандагони ин кишвар аз он баҳра мебаранд.

XS
SM
MD
LG