Ҳабибулло Нозирӣ - муаллифи таронаҳои маҳбуби Кароматуллои Қурбон даргузашт

Ҳабибулло Нозирӣ даҳ сол ҳафтаномаи мӯътабари "Адабиёт ва Санъат"-ро раҳбарӣ кардааст.

Ҳабибулло Нозирӣ, яке аз шоирони шинохтаи тоҷик субҳи 5-уми апрел дар синни 63-солагӣ даргузашт. Раҳмат Назрӣ шоир ва яке аз дӯстони ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Ҳабибулло Нозирӣ бештар аз як моҳ буд, ки аз бемории ғадуди зери меъда ранҷ мекашид ва дар шифохона муолиҷа мегирифт. Ба қавли Раҳмат Назрӣ, ҳафтаи гузашта шоир дар сӯҳбати телефонӣ ба ӯ гуфтааст, ки дигар ҳаракат карда наметавонад. Ӯ моҳи январи соли 1957 дар ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадааст.

Исматулло Холов овозхон ва аз ҳамсоягону дӯстони наздики Ҳабибулло Нозирӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шоир зоҳиран “дарди ниҳоне” дошт, ки ба якборагӣ бемор шуд ва даргузашт. Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд, ки Ҳабибулло Нозирӣ ба ӯ гуфтааст, ки “ҷигараш” бемор аст. Исматулло Холов гуфт: “Ман фикр мекунам, касале доштанд, муҳим нест, бемориаш, аммо ғаму андӯҳи ниҳонӣ доштанд, ки худашон медонистанд. Шояду боядҳои зиёд”.

Ҳабибулло Нозирӣ, соли 2017 бо иддае аз нависандагони дигар аз сафи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хориҷ шуд ва ин қарори раёсати иттифоқро сахт танқид кард. Ӯ аз соли 1991 узви Иттифоқи нависандагон буд ва дар гузашта ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”, маҷаллаи «Помир» - ро раҳбарӣ кардааст.

Муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио ва ҳам узви Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон будааст. Таронаҳои ӯ, ки дар солҳои 80-уми асри гузашта барои Кароматулло Қурбонов, овозхони маъруф навиштааст, то кунун аз маҳбубтарин таронаҳо дар миёни мардум боқӣ мондаанд. Ин шаҳр, ки олудаи борони баҳор аст... яке аз ин таронаҳост. Маҷмӯаи «Инҷо манам онҷо туӣ»? яке аз маҷмӯаҳои шеъри Ҳабибулло Нозирӣ аст.

Мусоҳибони Радиои Озодӣ даргузашти Ҳабибулло Нозириро талафоти азиме барои фарҳанги Тоҷикистон номиданд. Ба қавли Раҳмат Назрӣ «ҷавонмарди ҳунар» рафт. Ӯро соати 4 ба вақти Душанбе дар зодгоҳаш деҳаи Чорсӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ дафн карданд. Исматулло Холов ба Радиои Озодӣ гуфт, дар маросими видоъ бо ӯ мардуми зиёде, аз ҷумла фарҳангиёну зиёиён ва аз мақомот, раиси ноҳияи Рӯдакӣ ва муовини вазири фарҳанг ҳузур доштаанд.

Адибаи ҷавони тоҷик Шоираи Раҳимҷон, зоҳиран бо ишора ба ҷанҷоли хориҷ кардани ӯ аз сафи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Фейсбук навиштааст: «Дастболоит таҳният, рӯсурхиат муборак, оромишат ҳамешагист! Бихоб, балки кунун зиндагиат шурӯъ шуд.»

Онгуна, ки аз саҳифаи Ҳабибулло Нозирӣ дар Фейсбук бармеояд, ба наққошӣ дилбастагӣ доштааст. Рубоиву шеъҳояшро аз соли 2018 инҷониб бо наққошиҳои зебои табиату инсонҳо дар ин саҳифа нашр мекард. Як мисрае дар шеъраш ҳам ин аст,

Эй одамон, эй одамон, эй одамони бехабар,
Аз ман хабар гиред агар, дар зиннаи шукронаам.

Аз Ҳабибулло Нозирӣ панҷ фарзанд боқӣ мондааст.