Ёдгор Файзов дар бемористон бистарӣ шудааст

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар аксе аз моҳи ноябри соли 2019.

Ёдгор Файзов, раиси 59-солаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Хоруғ бистарӣ шудааст. Дар ҳоле, ки бархе манобеъ аз гирифтории ӯ ба коронавирус ҳадс мезананд, худи ӯ дар як тамоси мухтасари катбӣ рӯзи 26 май ба Радиои Озодӣ гуфт, "як табобати зиддивирусӣ мегирад" ва "анализ ба Душанбе фиристода шуд ва ҳанӯз ҷавобаш нест".

Ӯ гуфт, ки дар Хоруғ аст, "2-3 табобат гирифтам ва иншоаллоҳ, баъди 1-2 рӯз пурра ба кор мебароям. Ҳоло бо телефон бо кормандон ва баъзе маризон дар тамос ҳастам".

Ӯ нагуфт, ки то куҷо нишонаҳои илтиҳоби шуш дорад, вале гуфт, ки "чун дигарон табобати зиддивирусӣ" мегирад. Ба суол дар бораи он, ки бархе гуфтанд, гӯё ӯро барои муолиҷа бо чархболи Бунёди Оқохон ба беморхонае дар Душанбе интиқол доданд, гуфт, на, "вертолети фонд намепарад. Вале чархболи ҳукумат профессор Раҳмонро овард ва ҳамаи касалҳоро аз назар гузарониду ба духтурон тавсияҳо дод".

Ёдгор Файзов инчунин тасдиқ кард, ки дар беморхона ҳамроҳ бо ҳамсараш бистарӣ аст, вале, ба навиштааш, ҳамсараш фардо аз беморхона рухсат мешавад.

Ин хабар дар ҳолест, ки аз оғози пандемия дар ВМБК 970 нафар бистарӣ шуданд ва гирифтори COVID-19 гаштани 6 сокини вилоят тасдиқ шуд. Ёдгор Файзов гуфт, "11 шахси дучори бемориҳои дигар ва асосан аз 70-сола боло фавтиданд. 398 нафар ҳанӯз дар табобатанд ва дигарҳо аз беморхона озод шуданд".

"Касалӣ дар ин ҷо нисбатан сабук мегузарад, вале ҳар рӯз 40-50 кас мариз мешавад. Одамон зиёд рафтуомад доранд ва маҷбур шудем, низоми ҳаракатро маҳдуд кунем", - навишт ба Радиои Озодӣ раиси ВМКБ.

Ёдгор Файзов баъди солҳои тӯлонии кор дар сохторҳои Бунёди Оғохон соли 2018 раиси вилоят таъин шуд ва ба қавли нозирон, то ҳол худро як намунаи раҳбари замонавӣ ва фаъол дар ҷомеа нишон додааст.