Элис Уэллс дар бораи Тоҷикистон, буҳрони COVID-19 ва пуштибонӣ аз озодии матбуот

Элис Уэллс, муовини аввали ёвари Котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, ҳангоми сафар ба Тоҷикстон, январи 2019

Элис Уэллс, муовини аввали ёвари Котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ мегӯяд, дар давраи бӯҳрони беҳдоштӣ мардуми Тоҷикистон бояд ба иттилои воқеиву шаффоф дастрасӣ дошта бошанд ва матбуот битавонад вазифаи худро иҷро кунад.

Дипломати баландпояи амрикоӣ, ки баъди се соли кор дар ин мақом охири моҳи май аз вазифааш канор меравад, рӯзи 20 май аз дафтари кориаш дар Брюссел тариқи онлайн ба саволҳои хабарнигорон посух дод.

Тоҷикистон ва COVID-19

Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи он ки оё вокуниши Тоҷикистон ба сирояти COVID-19 то куҷо саривақтӣ буд ва ИМА дар ин робита чӣ кор кард, хонуми Элис Уэллс гуфт:

“Бешубҳа мо, сафорати мо дар Душанбе бо ҳукумат дар тамоми масъалаҳо, аз ҷумла сироят ва вокуниш ба COVID муколамаи фаъолона дорад. Мо ба ҳукумати Тоҷикистон як миқдор кӯмак кардем. Мо ӯҳдадор ҳастем, ки дар ҷараёни пуштисар шудани ин бӯҳрон кӯмаки бештар фароҳам кунем”.

Тоҷикистон ба фарқ аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо 30 апрел сирояти коронавирусро эътироф кард. Ин дар ҳолест, ки ИМА ҳанӯз 11 апрел ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 171 ҳазор доллар хӯрокворӣ расонд ва пас эълон шудани сироят ба Тоҷикистон аввал 866 ҳазор доллар ёрӣ дод. Рӯзи 6 май ҳукумати Амрико эълон кард, ки ба Тоҷикистон барои муқобила бо коронавируси нав 1 миллиону 690 ҳазор доллари дигар кумак мекунад.

Бо ишора ба ин хонуми Уэллс зикр намуд, ки кишвараш яке аз мададрасонҳои асосии Тоҷикистон аст.

"Озодии матбуот муҳим аст"

Дипломати амрикоӣ, ки бори охир моҳи январи имсол аз Тоҷикистон дидан ва бо вазири умури хориҷии ин кишвар Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот кардааст, ҳамеша ба таъмини озодии баён ва, аз ҷумла, барқарор шудани парвонаи кори журналистони Радиои Озодӣ таъкид доштааст. Ин навбат рӯзи 20 май низ ӯ гуфт, дар пасманзари пандемияи коронавирус фаъолияти матбуоти мустақил фавқулода муҳим аст:

“Дар заминаи фишорҳо ва ҳам бархе иқдомҳое, ки фазои бозу шаффофи кори матбуот дар Тоҷикистонро мушкилтар кардааст, дар гузашта ва ҳоло ҳам изҳори нигаронӣ мекунем. Тавре шумо медонед, ҳукумати ИМА дар масъалаи парвонаи кори (хабарнигорони) Радиои Озодӣ бо қотеъият сӯҳбат кардааст, ҳамонгуна, ки дар бораи бархе аз иқдомҳои бениҳоят ташвишовари хушунатомез алайҳи матбуот, алайҳи кормандони матбуот, журналистон ва барои таъмини фазои бози кори онҳо дар Тоҷикистон изҳор нигаронӣ кардааст. Бахусус дар ин давраи бӯҳронӣ дастрасӣ ба иттилои шаффоф фавқулода муҳим аст. Барои гузаштан ва раҳоӣ аз буҳрон мардум бояд бидонанд, ки чӣ бояд кард, ки ба фактҳо ва гузоришҳои бодалел дастрасӣ дошта бошанд. Мо ин пуштибониро ба гунаи бисёр неруманд идома хоҳем дод”.

Вазорат аз моҳи майи соли гузашта аз додани парвонаҳои кории яксола ба кормандони Радиои Озодӣ худдорӣ кардааст ва феълан 8 корманди Радиои Озодӣ мунтазири гирифтани ин санад мебошанд. Мақомоти Тоҷикистон ҳарчанд ҳамеша гуфтаанд, хостори ҳузури Радиои Озодӣ дар Тоҷикистонанд, аммо таъкид кардаанд, ки бо намояндагони гуруҳ ва созмонҳои мухолифи давлат мусоҳиба анҷом дода нашавад.

Ҳамкориҳои сиёсӣ ва башарӣ

Элис Уэллс дар идома ба ҳамкориҳои сиёсиву башарии ду кишвар, нақши муҳими Тоҷикистон дар амри ҷилавгирӣ аз тавсеаи низои Афғонистон ба минтақа таъкид кард. Ӯ гуфт:

“Таъминкунандаи азими захираҳо ба Тоҷикистон ҳастем. Ман ба Тоҷикистон сафарҳо кардаам, аз марз дидан кардаам ва дидам, ки ахиран ба марзбонҳо дар ҳаҷми 30 миллион доллар – сахтафзор, мошинҳои махсус… нармафзорҳо, дастгоҳҳои назорати марзӣ тақдим шуд. Мо барномаи фаъоли табодулро ба роҳ мондаем. Ахиран 47 ширкатдори ин барномаи табодул баргаштанд. Онҳо дар натиҷаи пандемия дар ИМА дармонда буданд.

Мо ин барномаҳоро бисёр қадр мекунем, чун онҳо аз инсон ба инсон мегузаранд. Ҷавонҳо ширкат мекунанд. Яъне мо сафирони худро омода мекунем. Фикр накунам, ки дар ӯҳдадории мо барои ҳамкорӣкоҳише ба амал омада бошад. Тоҷикистон кишварест, ки дар саргаҳи марз боАфғонистон қарор дорад. Муҳим аст, ки Тоҷикистон битавонад дар суботи минтақа саҳмгузор шавад”.

Мақомоти амрикоӣ ҳамеша таъкид мекунанд,ки ИМА шарики боэътимоди Тоҷикистон мебошад ва дар давоми 27 соли ахир ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1,8 миллиард доллар кӯмак кардааст, ки соҳаҳои амният, сарҳад, кишоварзӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандиро дар бар мегирад.

Вале дар ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон солҳои охир бархе фаъолон аз он гила мекунанд, ки нақши ин кишвари пешбари ормонҳои демократӣ дар ҷаҳон дар дифоъ аз ҳуқуқи матбуот ва ҳомиёни ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дигар барҷаста дида намешавад ва ба маҳдудшавии бештари ҳуқуқи сиёсии шаҳрвандон таъкид мекунанд. Бархе дигар мегӯянд, ки чунин тағйирот ба авлавият доштани ҳамкориҳои амниятӣ дар равобити ду кишвар рабт дорад. Фаъолони маданӣ борҳо таъкид кардаанд, ки дар амри таъмини суботу амният ҳукуматҳо набояд ҳуқуқи башарро фаромӯш кунанд.