Доналд Трамп аз Чин хост, дар бораи вирус "ҳақиқат"-ро бигӯяд

Доналд Трамп зимни як нишасти хабарӣ дар бораи КОВИД-19.

Раисиҷумҳур Доналд Трамп ва Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико дигарбора амалкардҳои Чин барои пешгирӣ аз хуруҷи бемории навро зери суол бурда ва аз ин кишвар хостанд, доир ба хуруҷи КОВИД-19 иттилои бештар бидиҳад. Доналд Трамп рӯзи 18-уми апрел зимни нишасти хабарӣ дар Кохи Сафед гуфт, суол ин аст, ки сирояти вирус “хатое буд, ки аз контрол хориҷ шуд” ва ё қасдан сурат гирифт. Ба гуфтаи Доналд Трамп, агар Чин инро медонист, пас бояд подоши корашро бубинад.

Майк Помпео рӯзи 18-уми апрел дар Твиттер навишт “ҳукумати Чин бояд посухгӯ бошад.” Баъди пайдо шудани вируси нав дар вилояти Вуҳон Доналд Трамп ва Майк Помпео ҳукумати Чинро барои адами шаффофият дар амалкардҳояш сахт танқид кардаанд. Трамп гуфт, ҳукумати Амрико саъй дорад, маълум кунад, ки оё дар воқеъ вирус аз озмоишгоҳи вирусшиносӣ аз Чин берун омадааст, ё не. Айни замон худи мақомоти расмии Амрико гуфтаанд, ончӣ ки дар бораи коронавируси нав маълум аст, нишон медиҳад, ки вирус аз роҳи табиӣ пайдо шудааст.

Энтонӣ Фаучи, мудири Пажуҳишгоҳи бемориҳои сироятӣ дар Амрико ва яке аз аъзои ситоди муқобила бо коронавирус дар ҳукумат рӯзи 17-уми апрел дар посух ба суоле дар бораи сунъӣ будани вируси нав гуфт, ки таҳқиқи таркиби он нишон медиҳад, ки вирус дар озмоишгоҳ офарида нашудааст ва аз ҳайвон ба инсон сироят кардааст.