Ҳукуматҳои кишварҳои Аврупо бо бастани роҳҳо, ҷарима ва дигар шеваҳо монеи равуои мардум дар рӯзҳои таҷлили Иди Фусҳо мешаванд. Рӯзи 12-уми апрел масеҳиёни ҷаҳон ин идро таҷлил карданд ва чун имрӯз ҳам истироҳат аст, ба сафар ва берун мебароянд. Бисёре аз 1 миллиарду 300 миллион католикҳои ҷаҳон дар кишварҳое зиндагӣ мекунанд, ки ҳоло ба сабаби сирояти коронавирус дар онҳо равуову гаштугузор маҳдуд шудааст.
Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Амрико, ки омори сироят ва маргумир аз бемории КОВИД-19-ро ҷамъ меорад, эълон кард, ки коронавируси нав то субҳи 13-уми апрел дар ҷаҳон ба 1 миллиону 850 ҳазор нафар сироят карда ва 114 ҳазор нафарро куштааст. Аммо бовар меравад, ки воқеият дигар аст ва теъдоди гирифторону қурбониён бештар аз оморест, ки эълон мекунанд. Шеваҳои гуногуни ба ҳисоб гирифтан, озмоишҳои маҳдуд ва ҳатто пинҳон доштани хабар дар баъзе аз кишварҳо сабаби шубҳа дар оморҳои эълоншуда аст.
Дар Амрико, ки вирус назар ба ҳар кишвари дигар бештар сироят кардааст, то кунун ба гуфтаи Донишгоҷи Ҷон Ҳопкинс то рӯзи 13-уми апрел 556 ҳазор нафар бемор шудаанд ва бештар аз 22 ҳазор тан ҷон додаанд. Дар кишварҳои аврупоӣ ҳам ҳар рӯз садҳо нафар аз КОВИД-19 мефавтанд, аммо суръати густариш ба сабаби маҳдудиятҳои гаштугузор кунд шудааст.