Раҳбари Кореяи Шимолӣ пас аз 20 рӯз худро ба мардум нишон дод

Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун ҳамнгои боз кардан корхонаи нурҳи маъданӣ

Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун пас аз 20 рӯзи нопайдоӣ ва дар авҷи овозаҳои вазъи бади саломатияш рӯзи 2 май дар мазҳари ом намудор шуд.

Хабаргузории давлатии ин кишвар (ТСТАК) гуфт, Ким лентаи оғози кори як корхонаи нуриҳои маъданиро ар шимоли Пхенян бурид. Буридани наворҳои алвон дар расми кушода шудани корхонаҳои хурду бузург аз шуғлҳои дӯстдоштаи президенти Кореяи Шимолӣ ба шумор меравад.

Дар аксҳое, ки хабаргузорӣ паҳн кардааст, Ким бо лабханд ҳамроҳи ёваронаш суҳбат ва аз корхона дидан мекунад. Аксҳоро сомонаи рӯзномаи расмии "Нодон Синмун" нашр кард, хабар медиҳад Reuters ва қайд мекунад, ки санҷиши ҳақиқати онҳо имконпазир нест.

Ба навиштаи ТСТАК, Кимро дар ин маросим мансабдорони дигари баландпоя, аз ҷумла хоҳари ӯ Ён Ҷон ҳамроҳӣ карданд. Бархе аз коршиносон бар инанд, ки Ён метавонад бародарашро дар ҳолати коршоям набуданаш дар мақоми раҳбари кишвар иваз кунад.

Хабаргузорӣ шарҳ надодааст, ки чаро 20 рӯз Ким Чен Ун аз назарҳо пинҳон буд.