Накӯкорӣ дар Хуҷанд. Ифтор барои духтурону беморону парасторон

Акси як табиб ҳангоми истироҳат, бастаҳои ғизо ва тақдими онҳо. Хуҷанд 27 апрели соли 2020

Гуруҳе аз сокинони шаҳри Хуҷанд бо назардошти он ки табибону парасторон шабонарӯзӣ дар бемористонҳо ба муолиҷаи дардмандон машғуланд, дар хонаҳои худ ғизо омода карданд ва барои онҳо бурданд.

Ин ташаббус нахуст дар сафҳаҳои фейсбукии хуҷандиён баён шуд ва бо он ки пуштибонии зиёд пайдо кард, амалӣ гардид. Шоми 27 апрел ташаббускорон нахустин бастаҳои хӯроки шом ва қуттиҳои шашлитрии пластикии обро барои кормандони Беморхонаи марказии вилояти Суғд бурданд ва аз тирезаҳои табақаи аввал ба онҳо расонданд.

“Мо кори бузурге накардаем. Хостем, каме ҳам бошад, мушкили табибонро осон кунем,” гуфт ба Радиои Озодӣ яке аз ташаббускорони ин ҳаракат Назира Тоҳирова ва афзуд: “Ман худам он ҷо кор мекунам ва шароитро медонам. Падарам ҳам духтуранд ва он ҷо кор мекунанд. Аслан, ин андеша вақте пайдо шуд, ки ҳамроҳи модарам хӯрок пухтем ва барои падарам бурдем. Баъд фикр кардем, ҳамкорони он кас чӣ мехӯрда бошанд. Бемороне, ки аз роҳи дур оварда шудаанд ва баъзе аз онҳо бо ҳамаи аҳли оила дар ин ҷо хобанд, чӣ мехӯранд? Кӣ барои онҳо хӯрок меорад? Албатта, ғизои беморхона ҳаст, вале чӣ қадар болаззат ва боқувват аст? Барои ҳамаи онҳо хӯроки серкалорӣ даркор аст, ки бо беморӣ муқобала карда тавонанд," мегӯяд Назира, ки дертар ҳамроҳ бо дӯстонаш ин ташаббусро эълон кард ва шоми 27 апрел бори асосии иҷрои он бар души худаш ва як нафари дигари ношинос афтод, ки занг заду гуфт, хӯрок меорад ва овард.

Вале акнун бисёриҳо ин ваъдаро карданд, ки бо хӯрок ва маҳсулоти ғизоӣ кумак хоҳанд кард. Вале онҳое низ буданд, ки шубҳа мекарданд, маҳсулот ва ғизо ба кормандони шифохонаҳо ва беморон фурӯхта хоҳад шуд. "Бовар надорем. Ин як бизнеси нав," гуфтанд онҳо. Вале гузориши тасвирие, ки аз иҷрои тарҳ ба нашр расид, нишон дод, ки нияти ин амал хайру саховат ва ҳамдардист.

Баъзе корбарони дигар суол гузоштанд, ки “агар ҳамаи корро мардум кунад, давлат чӣ кор мекунад?” Шахси дигар пурсидааст, “ёриҳои башардӯстонаи аз хориҷа омада ба куҷо мераванд, ки шумо ин заҳматро мекашед?” Аммо корбарони дигари Фейсбук ба ин суолҳо посух додаанд ва беҳтаринаш он буд, ки ин кор аз сидқи дил ва ихтиёрист.

Хайру саховат яке фазилатҳои моҳи барои мусалмонон муқаддаси Рамазон ба шумор меравад ва гуфта мешавад, чунин корҳо дар ин моҳ ба омилонашон савобу оромиш меорад. Ҳамзамон бисёре аз корбарон гуфтаанд, ки дар фазои имрӯзаи Тоҷикистон чунин кори нек ҷанбаи азим ва мусбати равонӣ дорад. Бино бар охирин хабарҳо танҳо дар ҳамин бемористон наздик ба 200 нафар бо ташхиси илтиҳоби шуш бистариянд ва рӯзҳои охир 4 нафари онҳо фавтида, зиёда аз 10 кас дар шуъбаҳои эҳёгариянд ва пизишкон барои наҷоташон талоши зиёд доранд.

Ҳамчунин баҳсҳо дар бобати будан ё набудани коронавирус, ки “вабои аср” ном гирифтааст, ваҳму таҳлука ба миён меорад.

Ба даъвати нави Назира ва дӯстонаш дар сафҳаи “Хуҷандро дӯст медорам” то ин дам зиёда аз 430 нафар нишонаи “писанд” гузошта, одамони бештаре ваъда додаанд, ки дар ин кори хайр ширкат мекунанд. Қарор шудааст, онҳо дар назди фурӯшгоҳи “Амирхон” ҷамъ оянд ва машварат кунанд. Даъвати дигар аз тарафи сокини Хуҷанд Лола Бобоева низ пуштибонии зиёд пайдо кардааст. Дар ин огаҳиҳо таъкид шудааст, ки ба ғайр аз ғизо ва об, ҳамчунин собун ва маводи шустушӯ зарур аст, аммо созмондиҳандагони ҳаракат гуфтаанд, ки онҳо аз аҳолӣ пул қабул намекунанд. Ва ҳам ин ки кумаки онҳо ба дигар бемористону шифохонаҳои шаҳр низ густариш хоҳад ёфт.

“Духтурону ҳамшираҳои шафқат имрӯз қаҳрамонони моянд ва бояд ба қадрашон расем. Ва на танҳо дар Хуҷанд, балки дар саросари кишвар,” навиштааст яке дигар аз корбарон, ки мехоҳад ба ин ташаббус шарик шавад.