Дар муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз силоҳ истифода шудааст

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон борҳо шоҳиди ҷангу хунрезӣ ҳам шудааст.

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон мегӯянд, рӯзи 8 май дар натиҷаи муноқиша дар марз бо Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Қирғизистон захмӣ шудаанд.

Ду тараф якдигарро ба барангехтани муноқиша муттаҳам кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки ҷанҷол барои порчаи замине, рух дод, ки ба Тоҷикистон тааллуқ дорад, вале нерӯҳои марзбонии Қирғизистон гуфтаанд, ки порчаи замин баҳсбарангез аст, вале дар амал сокинони вилояти Ботканд онро истифода мебурдаанд.

Дар баёнияи расмии Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон омадааст, ки “Сабаби муноқиша аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон худсарона аз худ кардани 4 гектар замини тибқи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқдошта мебошад.”

Нерӯҳои марзбонии Қирғизистон бо нашри баёнияи расмие гуфтанд, ки ҷанҷол сари 50 сотих замине будааст, ки дар маҳаллаи аломатгузориношудае ҷойгир аст, "вале дар амал онро шаҳрвандони Қирғизистон истифода мебурданд".

Дар баёнияи марзбонони Қирғизистон омадааст, ки “рӯзи 8 май дар ноҳияи Чек дар вилояти Ботканд байни тақрибан 40 сокини вилоят бо гурӯҳи аз 30 то 40 нафарии сокинони Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи вилояти Суғд барои 50 сотих замин ҷанҷол бархоста ва ба сангандозӣ кашидааст.”

Ба гуфтаи нерӯҳои марзбонӣ, баъдан садои тирандозӣ аз туфанги шикорӣ ба гӯш расидааст ва марзбонони тоҷику қирғиз барои фурӯ нишондани муноқиша ва пароканда кардани мардум ба ҳаво тир андохтаанд. Айни замон бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз қавли намояндагони Хадамоти марзбонии Қирғизистон навишт, ки дар муноқиша "нерӯҳои Тоҷикистон ногаҳон аз автомат ба самти шаҳрвандон ва марзбонони Қирғизистон тир андохтаанд". Бино ба иттилои пешакӣ, як шаҳрванди кишвари ҳамсоя аз сараш ҷароҳат бардоштааст.

Вале марзбонони тоҷик ҳамтоёни қирғизи худро ба иғвогарӣ муттаҳам карда ва гуфтаанд, ки онҳо ба ҷойи пешгирӣ аз муноқиша, “нақши иғвогарона бозида, ба сӯйи шаҳрвандони бесилоҳи Тоҷикистон аз яроқи оташфишон тир холӣ карданд." Дар натиҷа ба гуфтаи нерӯҳои марзбонӣ Фазлиддин Фозилови 37-cола ва Айёмиддини Шарипови 49-сола захм бардоштаанд.

Нерӯҳои марзбонии ҳарду кишвар гуфтаанд, ки баъди чораҷӯии ҳарду тараф аз васеътар шудани муноқиша ҷилавгирӣ ба амал омад ва гуфтугӯҳо барои ба эътидол овардани вазъ идома дорад.

Дафтари матбуоти Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон шоми 8 май хабар дод, ки муноқиша бо "иғвои марзбонони Қирғизистон ба вуқӯъ пайвастааст, вале ниҳоди ҳамсони Қирғизистон мегӯяд, тарафи Тоҷикистон аз силоҳи сабук ва миномет истифода бурдааст."

Ба гуфтаи тарафи Тоҷикистон, моҷаро дар мавзеи сарҳадии Кумазори ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ҳаммарз бо вилояти Бодканди Қирғизистон рух додааст.

Бино ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Акрам Мадумаров, муовини нахуствазир оид ба масоили сарҳадӣ гуфтааст, ки "сабабҳои муноқиша дар марз таҳқиқ мешавад."

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба мувофиқа бирасанд ва хати марзро бикашанд. Ҷанҷолу тирандозӣ маҳз дар ҳамин минтақаҳо ва барои обу замин ва чарогоҳ сурат мегирад ва гоҳо ба хунрезӣ меанҷомад.

Муноқишаи имсол дар замоне сурат мегирад, ки ду кишвар барои муқобила бо густариши бемории СОVID-19 даступо мезананд ва дар Қирғизистон ҳамсоя вазъи фавқуллода эълон шудааст. Дар Қирғизистон бештар аз 600 нафар ва дар Тоҷикистон бештар аз 520 нафар ба бемории нав гирифтор шудаанд.