Ҷавонони лӯлӣ ё ҷӯгӣ дар деҳаи Заркорони ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ҳашт сол қабл дастаи футбол ташкил карда буданд ва ҳоло барои тақвияташ талош доранд. Онҳо аз мақомот мехоҳанд, ки барои сохтмони майдони варзишӣ барояшон замин бидиҳанд.
Лӯлиҳои деҳаи Заркорон аз аввалинҳо шуда, дастаи футбол ташкил кардаанд.
Талош барои шомил шудан ба Лигаи дувум
Ин дастаи футболи ҷавонони лӯлӣ ё ҷӯгӣ "Ҳоҷиён" ном дорад. Қаҳрамони Ҳамроҳ, капитани дастаи лӯлиҳо, гуфт, мехоҳанд, парчами Тоҷикистонро бардоранд ва номбардори миллати худ бошанд, аммо ҳамин шанс ба онҳо дода намешавад. Ҳоло ният доранд, дастаашонро тамрин дода, худро барои шомил шудан ба лигаи дуюм омода намоянд.
Сокинони деҳаи лӯлитаброни Заркорон аз авввалинҳо шуда, дастаи футболашонро ташкил кардаанд ва ҳоло талаб доранд, ки ба онҳо барои ташкили майдони варзишӣ замин ҷудо карда шавад. "Лӯлиҳо мусобиқа ташкил мекунанд, мо ба онҷо аз ҳисоби худамон меравем. Чанд дафъа бо лӯлиёни ноҳияи Ҳисор ва Ваҳдат бозӣ карда, бар онҳо пирӯз шудем. Мо ҳам орзу дорем, ки парчами Тоҷикистонро бардорем", - гуфт мусоҳиби мо.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Замини футбол ё ғалладона?
Замине, ки дар шафати сохтмони бузургтарин майдони футболи Восеъ ҷойгир аст, макони тамрини ин се даста аст, ки аллакай дар чанд мусобиқа дастболо шуданд. Чун майдони футболбозӣ надоранд, ин ҳамвориро аз соҳибаш барои тамринҳояшон ба иҷора мегиранд. Вақти маҳдуде, ки ба онҳо ҷудо мешавад, барои тамрини комил кофӣ нест.
Ба гуфтаи бозигарони даста, то оғози сохтмони варзишгоҳ онҳо аз ин майдон низ маҳрум буданд, зеро дар он замин мардум ғалладона мекоштанд. Ин лӯлитаборон мегӯянд, агар ба онҳо шанс диҳанд, дастае таъсис медиҳанд ва дар мусобиқоти кишвар рақобат мекунанд.
Дар орзуи бозӣ дар дастаҳои "Равшан"-у "Истиқлол"
Икром Халосов, яке аз бозигарони дастаи лӯлиҳо дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, орзуи ҳар як лӯлитабори дастаи футболи "Ҳоҷиён" он аст, ки дар тимҳои номдоре чун “Равшан”, “Истиқлол” ва “Регар" бозӣ кунад. Халосов афзуд, аммо набуди майдон ва роҳ наёфтани онҳо ба варзишгоҳҳо, мушкилии ҳалношуда боқӣ мемонад.
Ҳоло лӯлитаборони ноҳияи Восеъ умед доранд, ки рӯзе нафаре пайдо мешавад ва дастаи онҳоро сарпарастӣ мекунад ва онҳо метавонанд дар майдонҳои бузург бозӣ кунанд.
Дар деҳае, ки ҳоло ин футболбозон зиндагӣ мекунанд, ҳудуди 500 хоҷагӣ ба сар мебарад. Он аввалин деҳаи лӯлитаборони Восеъ буд, ки соҳиби мактаби замонавӣ шудааст.