Аз ин ба баъд дар номгузории миллии Тоҷикистон гузоштани пасвандҳои "ов"-у "вич" ва "ова"-ю "овна" дар насаби сокинон манъ карда мешавад. Намояндагони ақаллиятҳои миллӣ аз ин муқаррароти нав истисно мебошанд.
Дар ҷаласаи рӯзи 28-уми апрели Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" тайғирот ворид карда шуд. Ҳадаф аз тағйирот ба қавли муаллифони қонун, боло бурдани эҳсоси худшиносӣ ва ҳифзи асолати миллии мардуми Тоҷикистон аст.
Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон, ки ин тарҳро ба порлумон муаррифӣ мекард, гуфт, ки минбаъд дар номгузории миллӣ гузоштани пасвандҳои русӣ манъ мешавад. Ӯ афзуд, ки ба ҷойи онҳо сокинон метавонанд пасвандҳои тоҷикӣ мисли "зода", "иён" ва ғайраро истифода баранд.
Вазири адлияи Тоҷикистон афзуд, ки шаҳрвандони Русия ва низ намояндагони ақаллиятҳои миллӣ муқими Тоҷикистон истисно мебошанд ва метавонанд, пасвандҳои русиро истифода баранд. Дар Тоҷикистон намояндагони ақаллиятҳои гуногун зиндагӣ мекунанд.
Ба гуфтаи Музаффар Ашӯриён, афроде, ки то ҳанӯз бо пасвандҳои "ов" ва монанд ба он шиноснома доранд, ин муқаррароти қонун ба онҳо дахл надорад ва танҳо онҳое, ки минбаъд ному насаб мегузоранд, бояд ин банди қонунро риоя кунанд. "Минбаъд насаби кӯдак вақти бақайдгирии таваллуд ов, ова, ев, ева сабт карда намешаванд. Ҳангоми ташакул ёфтани насаби шахс дар баробари пасвандҳои "пур", "духт", пасвандҳои "ӣ", "зод", "зода", "он", "ён", "иён", "ёр", "ниёр", "фар" истифода шаванд" - афзуд вазир.
Вазири адлия таъкид намуд, ки тибқи тағийрот ҳангоми номгузорӣ, номи падар бо иловаи пасвандҳои зод, зода, ёр, ниёр, фар, пур, духт ва ё бе иловаи чунин пасвандҳо ташаккул меёбад. Ӯ илова намуд, ки истифодаи пасвандҳои “ов”, “овна”, “евна”, “ович” ҳангоми номгузорӣ дар номи падар манъ аст.
Ашӯриён афзуд, дар сурати гуногун будани миллияти падару модар, насаби кӯдак бо мувофиқаи падару модар бо насаби падар ё модар тибқи талаботи қонун сабт мешавад. Вазири адлия қабули ин сандаро муҳим хонда, таъкид кард, ки "асолати миллӣ доштани номи инсон омили нерӯмандии ташаккули шахсият ва эҳсоси худогоҳиву хештаншиносии ӯ ба шумор меравад".
Дар Тоҷикистон баъди он аз пасвандҳои русии "ов", "ев", "ова", "ович" ва "овна" даст кашиданд, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон соли 2007 ба номгузории миллӣ таъкид кард ва исми худро аз Раҳмонов Эмомалӣ Шарипович ба Эмомалӣ Раҳмон табдил дод. Дар пайи ин тасмими раиси ҷумҳур бархе аз мансабдорони тоҷик низ ному насаби худро тоҷикӣ карданд.
Дар Қонуни сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Тоҷикистон омадааст, "насаби шахс тибқи анъанаҳои миллии тоҷикӣ метавонад аз номи падар ё решаи насаби ӯ бо иловаи пасвандҳои насабсози -ӣ, -зод, -зода, -он, -ён, -иён, -ёр, -ниё, -фар ташаккул ёбад". Аммо дар пайи шикоятҳо, ки чунин номгузорӣ барои муҳоҷирон дар Русия мушкилот пеш меорад, дар ҷомеа бозгашт ба пасвандҳои русӣ дар ному насаб авҷ гирифт.
Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ низ борҳо таъкид намудаанд, ки чунин тамоюл мушоҳида мешавад. Дар гузашта мақомоти Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ҳам гуфта буданд, ки мушкили ба шеваи миллӣ иншо шудани исмҳо барои бисёр муҳоҷирон дар Русия "дардисарсоз" шудааст.
Бархе аз огоҳон мегӯянд, бозгашт ба пасвандҳои русӣ асосан дар байни онҳое зиёд аст, ки дар Русия кор мекунанд. Теъдоде ҳам ҳастанд, ки насаби фарзандонашонро бо пасванди русӣ дуруст мекунанд, то дар Русия ба "дарди сар" гирифтор нашаванд.
Баҳодур Шарипов, як муҳоҷири тоҷик дар Русия мегӯяд, борҳо шоҳиди он шудааст, ки муҳоҷирони корӣ дар ин кишвар бо далели он, ки дар шиносномаашон ба ҷои "ов"-у "вич" пасвандҳои “зода” ва монанди инро доранд, ба мушкил гирифтор шудаанд.
"Соли гузашта ҳангоми аз Тоҷикистон тариқи автобус ба Русия омадан, дар сарҳади Русияву Қазоқистон як муҳоҷирро, ки исмаш тоҷикӣ буд, хеле пурсупос карданд, ки номат хато аст, ҳатто қариб ӯро баргардониданӣ шуданд. Баъдан роҳбалад фаҳмонд, ки дар мо чунин қонун аст, иҷоза аст ва ҳар кас хоҳад ин гуна ном мегузорад. Мақомоти рус ҳоло ба номгузории тоҷикӣ зиёд одат накардаанд ва ҳангоми хондани ном гоҳе ҳайрон мешаванд".
Қонун "Дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ" соли 2006 қабул ва бори ахир соли 2016 тағйир дода шуда буд.