Тоҷикистон дигар аз Чин ниқоб намеорад, дар дохил медӯзанд.ВИДЕО

Мақомот мегӯянд, ҳанӯз ҳеҷ мавриди сирояти вируси нав дар Тоҷикистон сабт нашудааст

Бо зиёд шудани талабот ба ниқобҳои тиббӣ дар Тоҷикистон бархе аз корхонаҳои нассоҷӣ шеваи корӣ худро тағйир дода, ба тавлиди ниқоб шурӯъ карданд. Ҳоло дар дорухонаҳои Душанбе, дарёфти ниқобҳои чинӣ кори осон нест ва дар ин нуқтаҳо ба харидорон ниқобҳои тиббии тавлидоти дохилӣ пешниҳод мешаванд.

Пӯшидани ниқоби тиббӣ дар Тоҷикистон мисли кишварҳои гирифтори коронавирус ҳатмӣ нест, аммо шумораи афроди ниқобпӯш дар хиёбону муассисаҳо зиёд ба мушоҳида мерасад. Онҳо маъмулан ниқобро дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва маконҳои серодам мепӯшанд.

Беш аз даҳ корхонаи дӯзандагии хурду бузург ҳоло дар Тоҷикистон ба омода кардани ниқобҳои тиббӣ машғуланд. Бино ба иттилои мақомоти тандурустӣ, ин коргоҳҳо дар як рӯз аз 5 то 30 ҳазор ниқоби тиббӣ истеҳсол мекунанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Истеҳсоли ниқоби тиббӣ дар Тоҷикистон

Корхонаи дӯзандагии "Ёқут 2000"- ум тавлиди ниқоби тиббиро дар пайи афзоиши хабарҳо аз густариши коронавирус шурӯъ кард. Ин коргоҳ, ки маъмулан либосҳои ҳарбӣ омода мекунад, нахуст барои беш аз 300 корманди худ ниқобӣ тиббӣ омода кард. Дар пай ба гуфтаи масъулинаш, аз корхонаҳои дигар ҳам фармоиш гирифтанд.

Муҳтарама Қаюмова, корманди корхонаи дузандагии "Ёқут" дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло аз артиши миллӣ барои таҳияи 40 ҳазор ниқоб, фармоиш гирифтаанд: "То имрӯз мо 10 ҳазор ниқоб дӯхта ба корхонаҳои дигар пешниҳод кардем. Матое, ки мо барои духтани ниқоб аз он истифода мебарем, маҳсулоти пахтагини истеҳсоли Покистон аст ва то ба имрӯз оид ба сифати ниқобҳо ягон эроде нагирифтаем".

Ниқобҳои "ноошно"- и дохилӣ

Корхонаҳое, ки ҳоло дар Тоҷикистон ба тавлиди ниқобҳои тиббӣ машғуланд мегӯянд, ин корро дар машварат бо ниҳодҳои тандурустӣ омода мекунанд. Арзиши ниқобҳои тавлиди корхонаҳои дохилӣ аз ду сомонӣ шурӯъ мешавад. Аммо кормандони дорухонаҳои шаҳр мегӯянд, ин ниқобҳо ҳанӯз барои сокинон чандон ошно нестанд ва бештари харидорон ниқобҳои якдафъаинаи чинӣ ва хориҷиро суроғ менамоянд..

Рӯзимурод Бердиев, дорусоз дар дорухонаи “Гарант”, яке аз дорухонаҳои умда ва чаканафурушии доруворӣ дар Душанбе мегӯяд, дар як рӯз то беш аз 200 ниқоб ба фурӯш меравад. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Дар маҷмӯъ 2 навъи ниқоби тиббӣ дорем. Яке истеҳсоли ноҳияи Данғара ва инаш чинӣ, мо ҳоло ба муштариён бештар аввалиро тавсия медиҳем. Ин ниқобҳо як дафъаина нестанд ва аз 3 қабат ва пахта иборат асту ҳифзаш дар муқобили вирус хубтар аст. Аммо ҳоло муштариён ниқоби якдафъаина мепурсанд”.

Афзоиши тавлиди ниқобҳои тиббӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ба гуфтаи доруфурӯшиҳо, ниқобҳои тавлиди Чинро ҳанӯз аз ду моҳи пеш ва қабл аз сартосари шудани гирифторӣ ба коронавирус худи чиниҳои бо теъдоди бузург аз Тоҷикистон харида бурдаанд ва ҳоло ин навъи ниқобҳо дар доруфурӯшиҳо камчинанд.

Муҳаммадшариф Зокирзода, корманди дорухонаи “Муҳаммад” гуфт: "Онҳо омада аз ин ҷо бурданд, ниқобҳоро, дигар ворид нашудааст. Мардум омада мепурсанд, намеёбанд ва ниқобҳои тоҷикӣ мегиранд. Ҳоло мо ягон навъашро надорем. Ҳамаро фурӯхтем.”

Тавсия барои пӯшидани ниқоб

Бино ба тавсияи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ниқобҳои тиббӣ аз коронавирус ҳифз карда наметавонанд, вале хатари сироятро кам менамоянд. Ба таъкиди созмон, агар одам сиҳат аст ва дар атрофаш хатари таҳдиди сироят нест, пӯшидани ниқоб зарурат надорад. Ниқобро касе бояд пӯшад, ки бемор аст ва ё беморро парасторӣ мекунад. Вале дар ҳар сурат барои эҳтиёт ва пешгирӣ ҳоло дар Тоҷикистон ҳам афроде, ки бо ниқоб мегарданд кам нестанд ва талабот ба он зиёд аст.

Субҳон Карамов, сокини Душанбе мегӯяд, дар ҷойҳои серодам ҳатман ниқоб мекунад: “Ҳоло дар кишвар беморӣ ба қайд гирифта нашудааст мегӯянд, аммо мо мебинем мешунавем, ки духтурон тавсия медиҳанд, бо ниқоб бигардед. Мо ҳам барои пешгирӣ ниқоб мебандем”.

Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, то санаи 29 -уми март сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо новобаста ба ин чораҳои пешгирӣ аз беморӣ пурзӯр карда мешаванд. Дар ду моҳи ахир дар кишвар беш аз панҷ ҳазор нафаре, ки аз хориҷ омаданд, ба карантин фаро гирифта шуданд. Қисме аз онҳо рухсат шуданд, ҳоло беш аз 3 ҳазор нафар дар карантин қарор доранд.