Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба зарурати таъсиси гурӯҳҳои волонтёрҳо барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, таъкид кардааст. Ин мавзӯъ дар ҷаласаи Ситоди ин вазорат оид ба пешгирии сирояти коронавирус, ки 26-уми март баргузор шуд, матраҳ шудааст.
Тайи ҳафтаҳои ахир мухолифон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳодҳое ироа карданд, ки аз эълони таътил дар мактабҳо то сабукии андоз ва пардохтҳоро дар бар мегирифт. Аммо мақомот гуфтанд, то ҳол дар кишвар ҳолатҳои сироят ёфтани одамон ба вируси нав сабт нашудааст ва вазъ зери назорат мебошад. Мақомот ҳамчунин таъкид доранд, ки барои пешгирӣ аз ин беморӣ, ба пули зиёд эҳтиёҷ доранд.
Дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ҷузъиёти нишасти рӯзи 26-уми мартро шарҳ дод ва гуфт, ки дар ин ҷаласа масъалаи омодагии муассисаҳои тиббӣ дар ҳолати хуруҷи эҳтимолии коронавирус ва дар сурати карантин эълон намудан дар саросари кишвар, баҳсу баррасӣ шуданд. Манбаъ мегӯяд, ки дар ин нишаст ҳамчунин дастур шудааст, ки дар ҳолати эълон шудани карантин дар кишвар, бояд гурӯҳҳои волонтёрон таъсис шуда, миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ бигузаронанд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки то ба ҳол дар кишвар ҳолатҳои сироят ёфтани одамон ба коронавирус сабт нашудааст. Ҷаласаи Вазорати тандурустӣ қарор кардааст, ки ҳама муассисаҳои тиббӣ барои ҳолати эҳтимолии хуруҷи ин беморӣ, омода бошанд. Ин вазорат мегӯяд, ки рӯзи 25-ум март Русия ба Тоҷикистон барои муайян намудани коронавирус 20 ҳазор тестҳои оҷилӣ ҷудо кардаааст.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 26-уми март ҳаракати ҷамъиятии "Авангард", ки бо иқдомҳои худ бар зидди мухолифони давлати Тоҷикистон шӯҳрат ёфтаанд, бо пахши навори видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз тақсими ниқобҳои тиббӣ ба сокинони шаҳри Душанбе хабар доданд.
Маъмурони пулиси шаҳри Душанбе низ тӯли чанд рӯзи ахир бо ниқобҳои тиббӣ машғули хидмат ҳастанд. Аз ин қабл, хадамоти таксии "Максим" дар шаҳри Хуҷанд низ ба муштариёни худ ҳазор дона ниқоби тиббӣ ройгон тақсим карда, мехоҳанд баъд аз анҷоми таътили наврӯзӣ дар Душанбе низ ин иқдомро рӯйи даст бигиранд.
Тибқи омори мақомоти Тоҷикистон дар кишвар то ҳол сироят ба вируси нав ба қайд гирифта нашудааст, вале гуфта мешавад, ҳамаи сохторҳо барои пешгирӣ аз ин вирус омода шудаанд. Дар назди нахуствазир ситоди доимоамалкунанда ташкил шуда, роҳбарони аввали мақомот, Додситони кул ва Дабири Шӯрои амният ҳам ба ин ситод дохиланд.
Ин ситод ба гуфтаи масъулини Вазорати тандурустӣ ҳамарӯза ду ҷаласа баргузор карда, масъалаҳои пешгирӣ аз хуруҷи вируси навро баҳс мекунад.
Мунтақидон аз баъзе амалкардҳои мақомот дар баробари вируси нав танқид мекунанд. Онҳо мегӯянд, дар шароите ки кишварҳои ҷаҳон талош мекунанд аз ҷамъшавии одамон пешгирӣ кунанд, баръакс, мақомоти Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро бо ширкати ҳазорон нафар баргузор карданд.
То ҳол дар саросари ҷаҳон коронавирус ё бемории шабеҳи илтиҳоби шуш ба беш аз 500 ҳазор нафар сироят карда, ҳудуди 23 ҳазор нафар фавтидаанд. Дар ин миён беш аз 122 ҳазор нафар шифо ёфтаанд. Дар Қазоқистону Узбекистон ва Қирғизистон, кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, даҳҳо мавриди сирояти одамон ба ин беморӣ ошкор шудааст.