Дар Тоҷикистон аз ин баъд нигоҳубини маъюб ҳамчун собиқаи корӣ ба ҳисоб меравад ва барои ин кор ба парастори ӯ ҳаққи бознишастагӣ ва ё нафақа медиҳанд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон рӯзи 8-уми апрел тарҳи ислоҳшудаи “Қонуни нафақа” -ро қабул карданд, ки чунин имтиёзро пешбинӣ кардааст. Дилмурод Давлатзода, директори Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон ҳангоми муаррифии тарҳ гуфт, дар баробари нигоҳубини маъюбон, хусусан маъюбони гурӯҳи якум, парастории пиронсолон низ ҳамчун собиқаи корӣ ба инобат гирифта хоҳад шуд: “Яъне шахсоне, ки ба нигоҳубини маъюбону пиронсолони барҷомонда машғуланд, гарчанде собиқаи корӣ надошта бошанд ҳам ҳамчун собиқаи корӣ ба назар гирифта мешаванд”.
Хабари пардохти нафақа ба парасторони маълулону маъюбон бархе аз хонаводаҳоеро, ки даҳсолаҳо боз дар кунҷи хона ба нигоҳубини фарзанд, ё хеши маъюбашон машғуланд, хушҳол кард. Бархе аз онҳо маблағи пешбинишудро, ки бештар аз 200 сомониро дарбар мегирад, барои таъмини рӯзгорашон ночиз медонанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Уғулой Умароваи 61-сола, сокини деҳаи Мавҷи ноҳияи Рӯдакӣ ҷое кор намекунад ва 18 сол боз ба нигоҳубини наберааш Аъзамҷон машғул аст. Ӯ рӯзи 9-уми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, наберааш роҳ рафта наметавонад: “Ман 108 сомонӣ нафақаи камбизоатӣ мегирам, набераам зиёдтар аз 200 сомонӣ нафақаи маъюбӣ, аммо ин маблағ ҳеҷ чиз намешавад. Нигоҳубини маъюб дар хона осон нест, хароҷоти зиёд дорад ва дигар ин, ки ягон ҷо кор карда наметавонам, зеро бояд ҳамеша назди ӯ бошам. Парастории Аъзамҷон бароям хеле муҳим аст, агар барои ин кор нафақа диҳанд, хурсанд мешавам”.
Шавҳари Уғулой Умарова деҳқонӣ мекунад. Ду писар доранд. Якеаш деҳқон ва дигарӣ бекору мунтазир аст, ки кай роҳҳо боз мешаванду ба Русия барои кор равад. Бародари хурдии Аъзамҷон низ роҳ гашта наметавонад. Ӯро дар ҳуҷраи дигари ҳавлӣ модараш парасторӣ мекунад.
Тағйирот ба қонун дар баробари аъзои хонаводаҳо, ба афроди дигар низ, ки бар ивази маблағ, маъюберо нигоҳубин мекунанд, дахл дорад. Фотима Шамсуддинова, раҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Ноил”, ки бо маъюбон кор мекунад, мегӯяд, таъмини нафақаи аъзои хонаводаҳое, ки ба парастории наздикони маъюбашон машғуланд, иқдоми нек аст.
Хонум Шамсуддинова ба Радиои Озодӣ гуфт, танҳо дар се моҳи имсол беш аз 20 падару модари маъюбон ба ташкилоти онҳо муроҷиат карда, дар бораи нафақа маслиҳат пурсидаанд: “Чунин хонаводаҳо шароити пасти зиндагӣ доранд ва ҳаёти худро ба кӯдаки маъюбашон бахшидаанд, вале дар пиронсоли ягон дастгирӣ аз ҷониби давлат надоранд. Тасаввур кунед, ки агар волидон кӯдаки маъюб дошта бошанд, албатта бартариро ба нигоҳубини кӯдак дода, аз кор даст мекашанд”.
Тибқи иттилои Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, шумораи нафақагирон беш аз 700 ҳазор нафар мебошад. Пардохти нафақа ба парасторони маъюбон дар ҳолест, ки ҳаҷми миёнаи нафақапулӣ дар Тоҷикистон 303 сомониро ташкил медиҳад, ки пули ночизе ба ҳисоб меравад.
Дар Тоҷикистон беш аз 150 ҳазор нафар ҳамчун маъюб ва ё афроди дорои имкониятҳои маҳдуд ба қайд гирифта шудааст. Имтиёзҳои пешбинишуда барои онҳоро огоҳони умур ночиз меҳисобанд. Ба гуфтаи худи маъюбон, онҳо аз имтиёзҳои дигаре чун ҳаракати ройгон дар нақлиёти ҷамъиятӣ, раҳоӣ аз пардохти андози замин ва пардохти нисфи пули телефони хонагӣ бархурдоранд.