Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ҳоло дар кишвар беш аз 148 ҳазор маъюб ва ё афроди дорои имкониятҳои маҳдуд зиндагӣ мекунанд. Аз ин шумора тақрибан 30 ҳазори онҳо кӯдакон будаанд. Ин рақам 3-юми декабр, дар рӯзи ҷаҳонии маъюбон, дар як нишасте дар Душанбе садо дод.
Маъюбон дар Тоҷикистон мегӯянд, онҳо нафақаи кам мегиранд, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаҳо ва истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ мушкил доранд ва ҳанӯз дар ҷомеа ҳамчун дастнигару нотавон муаррифӣ мешаванд.
Баҳриннисо Асламова, сокини 63-солаи Душанбе, дар як хонаи сеҳуҷраӣ якҷо бо 27 узви дигари хонаводааш зиндагӣ мекунад. Вай гуфт, "мушкил дар он аст, ки ман ва як келину духтарам маъюби гурӯҳи 1 ва 2 ҳастем ва дар маҷмуъ ҳудуди 650 сомонӣ нафақа мегирем. Ин миқдор пул барои зиндагии хонаводаи калони мо кофӣ нест."
Ба гуфтаи мақомот, ҳарчанд дар Тоҷикистон ҳамаи заминаҳои ҳуқуқӣ барои зиндагии шоистаи маъюбон фароҳам шудааст, мушкилоти фаровоне дар ин замина ҳамчунон вуҷуд дорад.
Солима Муҳаббатова, сардори шӯъбаи ҳифзи иҷтимоӣ ва кафолатҳои иҷтимоии Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, феълан имкониятҳои буҷа ҳақ намедиҳад, ки ба маъюбон ёриҳои бештар пешниҳод шавад. Муҳаббатова афзуд, барои ҷуброни хадамоти тандурустӣ ба маъюбон ҳар сол аз буҷаи кишвар то 45 миллион сомонӣ ҷудо мешавад.
Ба гуфтаи масъулон, бо афзоиши аҳолӣ шумори маъюбон низ дар ҳоли афзоиш аст. Гузашта аз ин, дар пайи садамаҳои нақлиётӣ ва бемориҳо, назири бемориҳои қалбу қанд низ теъдоди маъюбони кишвар дар ҳоли афзоиш будааст.