ИМА хостори интихоботи озоду одилона дар Беларус шуд

Ҳар қадар ки якшанбеи 9 август наздиктар мешавад, шӯру шавқи тарафдорони номзадҳои гуногуни интихоботи президентии Беларус авҷи бештар мегирад ва рақобати миёни номзадҳо низ шиддат меёбад.

Президенти феълӣ ва яке аз номзадҳо -- Александр Лукашенко бо тарафдорони худ мулоқот мекунад ва ҳамчунин даст ба амалҳое мезанад, ки ӯро дар сархатти хабарҳо мегузоранд, вале рақибони ӯ мехоҳанд, неруи худро бо ҷамъ овардани тарафдоронашон дар майдонҳо нишон диҳанд. Дар ин байн шумораи ҷамъомадагон ба баҳси ҳукумат ва номзадҳо табдил меёбад. Тарафдорони рақиби асосии Лукашенко -- Светлана Тихановская гуфтанд, рӯзи панҷшанбе бо даъвати ӯ ба камияш 63 000 нафар дар боғи Дӯстии халқҳо дар Минск гирдиҳам омаданд. Аммо мақомоти умури дохилии Беларус шумораи ҷамъомадагонро ҳамагӣ 18 000 нафар номиданд.

Александр Лукашенко, ки аз соли 1994 дар сари қудрат аст, мехоҳад, якдавраи дигар раҳбари Беларус бошад. Дар ҳоле ки мухолифонаш мегӯянд, тазоҳуроти онҳо ба хотири як интихоботи озоду одилона аст, Лукашенко онҳоро айбдор мекунад, ки хостори ноором кардани вазъи кишвар ва роҳандозии инқилобанд.

Мухолифон мегӯянд, ки Лукашенко дар 26 соли ҳокимияташ дар Беларус тавону неруи худро ба поён расонд ва ҳоло фурсате барои омадани як каси нав аст, ки бо ислоҳоти қавие кишварро бе пеш барад. Онҳо Тихановскаяро як чунин президенти оянда мешуморанд. Вай дар ин гирдиҳамоӣ гуфт:

“Вақте ман президенти Ҷумҳурии Беларус шудам, се корро анҷом медиҳам. Аввал зиндониҳои сиёсиву иқтисодиро озод мекунам. Дуюм, ман реферундуми бозгардони конститутсияи соли 1994-ро барпо мекунам. Дар ин санад дар заминаи муҳлат ва салоҳиятҳои президент маҳдудият вуҷуд дорад. Сеюм. Дар давоми ним сол шароите фароҳам меорам ва интихоботи одилона, мустақил ва нави президентӣ барпо мекунам. Ин президентро шумо интихоб хоҳед кард”

Чунин хитобаҳо дар ҷомеаи Беларус ҳамовозии васеъ пайдо мекунанд.

Интихоботи президентӣ дар Беларус аз замони истиқлолият ёфтани он ҳеч гоҳ одилонаву озод ва мутобиқ бо меъёрҳои САҲА арзёбӣ нашудааст. Ҷорҷ Кент, муовини котиби давлатии ИМА дар умури Аврупо рӯзи 30 июл дар як мусоҳибаи ихтисосиаш бо Бахши беларусии Радиои Озодӣ гуфт:

“Мо бисёр дареғ мехӯрем, ки САҲА имконияти фиристодани нозиронашро барои дидани интихобот надорад. Дар ҷаласаи ҳафтагии САҲА, ки имрӯз ҷараён гирифт, вазъ дар Беларус баррасӣ шуд. Мо ширкат накардани нозиронро танқид ва ҳам орзуи инро баён кардем, ки ин интихобот бар асоси принсипҳои САҲА, ки ба Беларус ва ҳам ИМА марбут аст, озоду одилона барпо шавад. Ба назари ман, дӯстони Беларус, ки хостори дидани комёбиҳои ин кишваранд, инчунин мехоҳанд бинанд, ки шаҳрвандони Беларус метавонанд дар баёни садои худ дар интихоботи наздик озод бошанд”.

Дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ Лукашенко мухолифонро саркӯб карда, садҳо нафар, аз ҷумла фаъолону блоггерҳо ва ҳам бархе аз номзадҳоро боздошт кард. Бо ин вуҷуд номзади мухолифон Светлана Тихановская ҳамоно рӯзи 30 июл тавонист даҳҳо ҳазор тарафдорашро ба кӯчаҳои Минск барорад. Тихановская баъди он ба мубориза пайваст, ки мақомот ҳамсари ӯро, ки низ мехост, номзади интихобот бошад, боздошт карданд.

Ҷорҷ Кент гуфт, ки ИМА аз боздошту озори журналистон нигарон аст ва ин масъаларо бо мақомоти Беларус дар миён гузошт.

“Мо ин мавзӯъро ба он хотир матраҳ кардем, ки ин асоси пешрафти ҷомеа мебошад. Озодии матбуот, озодии нашрияҳо, озодии баён ва озодиҳои бахусус барои журналистони ҷудогона ва ҳам барои шаҳрвандон муҳим аст, ки барои қарор қабул кардан дар робита бо ҷомеаи худ ба иттилоот дастрасӣ дошта бошанд”.

Пайомадҳои интихобот дар Беларус метавонад ба равобити Минск бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла ИМА таъсиргузор шавад. Вашингтон дар солҳои 2000-ум Беларусро дар заминаи нақзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла саркӯби рақибони сиёсии ҳукумат таҳрим карда буд.

Бархе таҳримҳо баъди аз зиндон озод шудани зиндониҳои сиёсӣ бекор ва ё пурра бардошта шуданд. Кент гуфт, барои дастоварди бештар дар амри озодии ҷомеа ва додани имконият ба шаҳрвандон корҳои бештаре зарур аст.

Бо сабуктар шудани таҳримҳо ИМА дар оғози соли ҷорӣ нахустин бор ба Беларус нафт фиристод ва ба зудӣ қарор аст нафткаши дуюм ҳам бори худро то Минск бирасонад. Дигар иқдом дар амри гармтар шудани равобити ду кишвар ҳам ба зудӣ мушоҳида мешавад: дар 12 сол аввалин бор ду кишвар бояд ба давлатҳои ҳамдигар сафир фиристанд.

Сафири нави Беларус дар ИМА дар миёнаҳои август вориди Вашингтон мешавад ва Сенати Амрико ҳам омодагӣ дорад, ки дипломати департаменти давлатӣ Ҷулие Фишерро ба унвони номзад ба сафирӣ барои суолу ҷавоб даъват кунад.

Беларус бештар дар миёни кишварҳои НАТО ва Русия дар ҳоли мувозинат аст. Бо ин ки бо Маскав равобити наздики дерина дорад ва ин кишвар дар таъмини нафту газ кӯмакаш мекунад, баъди ишғоли нимҷазираи Қрими Украинаи ҳамсоя аз ҷониби Русия, Минск дар заминаи таҳдид ба тамомияти арзиаш эҳсоси нигаронӣ дорад. Кент гуфт, ки ИМА мехоҳад Беларусро як кишвари мустақил бинад ва Минск бояд самти ҳаракати геополитикиашро худ интихоб кунад.